Бо вуҷуди он ки ҳар идораву вазорати Тоҷикистон бахши матбуотӣ ва ҳар раҳбари сатҳи аввали онҳо аз ҷумҳурӣ то ноҳия сухангӯ доранд, рӯзноманигорон дар гирифтани иттилои дасти аввал аз онҳо бо мушкил рӯбарӯянд. Замоне ки хабар ё гузориш мунташир гашт, ин сухангӯҳо ё бахшҳои матбуотӣ ба айбдор кардани рӯзноманигорону расонаҳо мепардозанд.
Масъулони НАНСМИТ мегӯянд, ки аз соли 2015 ба ин сӯ ҳамасола дар Тоҷикистон сатҳи озодии баён коҳиш ёфта, мақомот дар роҳи фаъолияти хабарнигорон монеаҳои нав ва бештар ба вуҷуд меоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ба бозтоби фаъолияташ дар расонаҳо манфиатдор аст ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки вазорату идораҳо ба матолиби матбуот вокуниш нишон диҳанд.
Ҳамчунин бо мадади созмонҳои байнулмилалӣ дар гузашта чандин давраи омӯзишӣ барои масъулони дафтарҳои матбуотӣ ҷараён гирифтааст. Акнун ҳам коршиносон ва ҳам рӯзноманигорон мегӯянд, аз дастнорасии маълумоти воқеӣ ранҷ мекашанд.
Барои дақиқтар омӯхтани авзоъ Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар доираи як лоиҳаи Бунёди Сорос дар миёни 25 хабарнигори фаъол дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва Бохтар бобати қонеъ будани онҳо аз посухҳои мақомот пурсишеро анҷом додааст. Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, рӯзи 20-уми август дар ба Радиои Озодӣ гуфт, аз миёни пурсидашудаҳо танҳо як хабарнигор изҳор доштааст, ки аз посухҳои мақомот қаноатманд асту бас.
Вай афзуд, 76 дарсади пурсидашудагон гуфтанд, ки посухҳои мақомот онҳоро қисман қонеъ мекунад ва беш аз 20 дарсад изҳор доштанд, ки посухҳои мақомот комилан қонеъкунанда нестанд. Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, бештаре аз мақомот ба муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии хабарнигорон мегӯянд, шахси масъул дар ҷойи кораш нест ва бе ӯ онҳо наметавонанд посух диҳанд.
"Дар бештаре аз мавридҳо мақомот ба дархости хабарнигорон бо гузашти 3 рӯзи муқарраркардаи қонунгузорӣ барои посухҳо ҷавоб медиҳанд. Дар ин сурат низ посухҳои мақомот хабарнигоронро қонеъ намесозад",- афзуд Қаршибоев.
Бештаре аз хабарнигорони тоҷик мегӯянд, роҳбарони вазорату сохторҳои дигари давлатӣ дар як сол ду бор нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд ва ба ин тартиб дар бештаре аз мавридҳо расонидани иттилооти асосиро ба расонаҳо муҳим намедонанд.
Хабарнигорон асосан аз мушкили дарёфти иттилоъ аз вазорати молияву рушди иқтисод ва Кумитаи сармоягузорӣ шикоят мекунанд. Нигораи Фазлиддин дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии миллии "Ховар" ва нашрияи "Народная газета" буд. Феълан дар ҳафтаномаи русизабони "Азия-Плюс" кор мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ахиран ба далели саривақт нагирифтани иттилоъ нашри чанд матлабаш ба таъхир гузошта шудааст.
Вай афзуд, "дар замони корам дар "Ховар" мушкилиҳое дар заминаи дарёфти иттилоъ низ вуҷуд дошт, аммо баъд аз дахолати роҳбарият ин мушкил зуд ҳал мешуд. Баъд аз гузаштан ба кор ба "Азия Плюс" ин мушкил даҳшатнок шуд. Мақомот танҳо баъд аз муроҷиати хаттӣ бароямон иттилоъ медиҳанд, аммо он ҳам ё хеле дер ё маълумот қонеъкунанда нест".
Абуалӣ Некрӯзов, сардабири нашрияи "Самак" ба Радиои Озодӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мақомоти тоҷик ҳатто дар заминаи таблиғи зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба хабарнигорони тоҷик монеа эҷод мекунанд.
Вай афзуд, "хабарнигори мо барои омода кардани гузориши тасвирӣ аз нигораҳои қадимии кишвар ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафт. Аммо раиси осорхона иҷоза надод, ки хабарнигори мо аксбардорӣ кунад. Вай далел пеш овард, ки дар гузашта осорхона ба нашрияи "Самак" барои нашр матлаберо фиристода буд, аммо он нашр нашуд ва акнун мо иҷоза намедиҳем, ки шумо дар дохили осорхона аксбардорӣ кунед". Масъулони Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз шарҳи ин қазия худдорӣ намуданд.
Бархе аз соҳибназарон вуҷуди монеа дар дарёфти иттилоъ барои хабарнигоронро ба мушкили кадрӣ рабт медиҳанд. Мухтор Боқизода, роҳбари Хазинаи гиромидошт ва ҳифзи ҳуқуқи хабарнигорони тоҷик аз коҳиши сатҳи озодии баён нигаронӣ карда, гуфт, "мутаассифона, дар идораҳои давлатӣ масъулони бахши робита ба ҷомеа, аз ҷумлаи афроди камтаҷриба ва ғайриҳирфаӣ таъйин мешаванд."
Боқизода афзуд, дар чанд соли охир мақомот вазъи озодии сухан дар Тоҷикистонро ба сатҳи хеле пойин фаровардаанд. "Онҳо зарфияти додани посух ба дархостҳои хабарнигоронро надоранд ва бо ҳар баҳона аз додани иттилоъ дурӣ меҷӯянд",- мегӯяд Боқизода. Дар ҳоле ки расондани маълумоти дақиқ вазифаи бевоситаи онҳост ва чунин иттилоъ пеши роҳи овозаҳои дурӯғеро хоҳад гирифт, ки ба эътибори ин вазорату идораҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Вале корманди яке аз дафтарҳои матбуотӣ мегӯяд, на ҳамеша маълумоти дархосткардаи рӯзноманигорон дар дастрасаш аст ва аз сӯе ҳам худи суолдиҳандагон омодагии хубе барои ба таври дақиқ пурсидани маълумотро надоранд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ низ мегӯянд, тақрибан ҳамеша ҳолате мешавад, ки онҳо шарҳи шикояти шаҳрвандонро аз мақомоти марбута дархост мекунанд ва бо баҳонаҳои гуногун ин посух дода намешавад. Вале пас аз нашр шудани гузориш ҳамин афрод бонги эътиироз баланд мекунанд, ки гӯё расона шаъну эътибори онҳоро халалдор кардааст.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ки натиҷаҳои ниҳоии ин пурсишнома моҳи оянда дар маросими расмие дар робита ба 20-солагии таъсиси ин созмон муаррифӣ мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Қаршибоев, аз соли 2014 ба ин сӯ дар Тоҷикистон мақомот дар гирифтани иттилоъ аз сӯи хабарнигорон монеаҳои наве эҷод карда, талош мекунанд аҳолии кишвар ба иттилои муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ дастрасӣ надошта бошанд. Вай ҳамчунин аз истифодаи аккредитасия ё иҷозаи кори хабарнигорони хориҷӣ ба унвони фишори ғайриқонунӣ ном бурд ва гуфт, ки чунин наҳваи фишор ба хабарнигорон ғайри қобили қабул аст. Нуриддин Қаршибоев афзуд, ки мақомот пайваста аз густариши фасодкорӣ дар миёни мақомот изҳори нигаронӣ мекунад, аммо дарк намекунад, ки афзоиши як дарсадии сатҳи озодии баён боис ба коҳиши панҷ дарсадии сатҳи фасодкорӣ дар ҳар кишваре шуда метавонад.