Интиқоли пул ба Тоҷикистон бо системаи миллӣ мешавад

Акс аз бойгонист

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли таҳияи як маркази интиқоли пул аст, ки минбаъд ирсоли маблағҳо тавассути он сурат хоҳад гирифт.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақсад аз таъсиси Системаи миллии интиқоли пул фароҳам кардани "интиқоли зуд, бехатар ва собити пул дар шакли ғайринақдӣ мебошад".

Нашрияи "Коммерсант" -- чопи Маскав дар як матлабаш навишт, ки ин марказ аз аввали моҳи сентябр фаъол мешавад, аммо Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин марказ дар ҳоли таъсис ёфтан аст ва аз ҷузъёити кори он баъдан иттилоъ хоҳад дод.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки муҳоҷирони кориаш солона садҳо миллион доллар ба хонаводаҳояшон мефиристанд ва пулҳои интиқолии онҳо барои иқтисоди кишвар фавқуллода муҳим аст.

Бонки миллии Тоҷикистон ба тамоми системаҳои интиқоли пул нома фиристода, аз тасмимаш онҳоро огоҳ кардааст. Бинобар талаботи нав ширкатҳои интиқоли пул барои ҳаққи фаъолият дар Тоҷикистон бояд узви Системаи миллии интиқол пул шаванд. Баъдан дар Бонки миллӣ ҳисоб боз кунанд ва дар онҷо маблағ бигузоранд ва танҳо дар ҳамин сурат, ҳақ доранд, масалан 200 доллар ва 5000 рубли муҳоҷири тоҷикро ба наздиконашон аз Русия ба Тоҷикистон интиқол бидиҳанд. Танҳо дар сурати вуҷуд доштани маблағи ширкати пулфирист дар ҳисобаш дар Тоҷикистон, пули муштарӣ ба наздиконаш дода мешавад.

Дар дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон гуфтанд, азбаски кор сари ин тарҳ идома дорад, доир ба он ҷузъиёт дода наметавонанд. Дар посухи бонк ба Радиои Озодӣ омадааст: "Дар робита ба он ки Маркази протсесингии миллӣ дар ҳолати таҳия қарор дорад, Бонки миллии Тоҷикистон аз шарҳи ин масъала худдорӣ менамояд. Дар ҳолати иҷрои бомуваффақи лоиҳаи мазкур, Бонки миллӣ маълумоти муфассалро ба ҷомеа мерасонад."

Бонки миллӣ мегӯяд, ҳаҷми маблағеро, ки дар ҳисоб гузошта мешавад, ширкатҳо бояд бо назардошти ҳаҷми пулҳои интиқолӣ” муайян кунанд. Ширкатҳое, ки аъзои системаи миллӣ мешаванд, танҳо баробар бо маблағе, ки дар ҳисобашон доранд, доллару рублу евро ва ё дигар асъори хориҷӣ фиристода метавонанд.

Мария Михайлова мудир омили Анҷумани миллии пардохтҳо дар Русия, ки ширкатҳои интиқоли пул узви он ҳастанд, рӯзи 19-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, талаботи пешгузоштаи Тоҷикистон бо бархе аз меъёрҳои қонунҳои Русия мухолифат дорад ва ширкатҳо наметавонанд, онҳоро иҷро кунанд. Ӯ гуфт:

“Чунин шакли ташкили интиқоли пул дар ягон кишвари дунё нест. Албатта ҳар кишвар системаи интиқоли худро дорад, аммо вақте гап дар бораи интиқолҳои фаромарзӣ меравад, тасмим бояд бо ду ҷониб мувофиқа шавад. Бисёр ҳайратовар аст, ки Тоҷикистон якҷониба чунин тасмим гирифт”.

Михайлова гуфт, Бонки миллии Тоҷикистон зарурати тасмимашро дар бехатарӣ ва таҳкими амнияти бонкҳо асоснок мекунад ва ширкатҳо то кунун ҳам бо талаби ин ниҳод дар бонкҳои Тоҷикистон депозит гузоштаанд ва амнияти молиявӣ таъмин шудааст. Ӯ афзуд, бо чунин қарори нав Бонки миллӣ зарурати фармони пешини худро зери суол гузошт:

“Акнун Бонки миллӣ чунин шарти нав гузошт, ки ҳама талабҳои қаблиро зери суол мегузорад. Он ҳама сармоягузориҳое, ки ширкатҳо анҷом доданд, зери суол рафтанд ва акнун гарон шудани нархи хидматрасониро бояд интизор буд. Ширкатҳои интиқоли пул акнун ба муштариён кафолат дода наметавонанд, ки пули онҳо саривақт ва дар ҳаҷми муайяншуда пардохт мешавад. Чунки бо тағйироти нав ширкатҳо тамоми протсеси интиқолро аз оғоз то ба анҷом назорат карда наметавонанд. Дар ин сурат оё муштариён бо чунин системаҳо пул мефиристанд ва ё роҳи дигареро пеш мегиранд маълум нест”.

Моҳи апрели соли гузашта Бонки миллии Тоҷикистон аз ширкатҳои интиқоли пул талаб кард, ки дар бонкҳои Тоҷикистон ҳисоб боз кунанд ва пул гузоранд ва танҳо аз ҳамин ҳисоб пулҳои интиқолӣ ба муштариён пардохта мешаванд. Се шарти бонк ин буд, ки бояд яке аз онҳо ҳатман иҷро мешуд, дар акси ҳол ҳеҷ банке пули фиристодаи онҳоро ба муштарӣ намедод. Аввал ин ки дар ҳисоби бонкии худ дар Тоҷикистон маблағи на камтар аз гардиши якрӯзаи пулҳои интиқолиро амонат гузоранд, рейтинги устувори дараҷаи ВВВ-ро дошта бошанд, пулҳои интиқолиро дар яке аз ширкатҳои бимаи Тоҷикистон, суғурта кунанд.

Бонки миллӣ он замон гуфт, қарори мазкур барои ҳифзи манфиатҳои бонкҳои Тоҷикистон аст, чун ҳангоми муфлис шудани ду системаи интиқоли пул – “Мигом” ва “Лидер” бонкҳои Тоҷикистон зарар диданд. Яъне бонкҳо аз ҳисоби худ пули муштариро доданд, вале аз ин ду ширкат, ки бояд ин пул ва ҳаққи хидматро медоданд, чизе нагирифтанд. Бонки Миллӣ мегӯяд, варшикаста шудани ин системаҳо, метавонад, ба устувории молии бонкҳои Тоҷикистон зарба занад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки иқтисодаш пойбанди пулҳои интиқолии муҳоҷирон аст. Сатҳи некӯаҳволии ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон ҳам ба пулҳои интиқолии муҳоҷирон вобаста аст. Соли гузашта муҳоҷирон тавассути системаҳои интиқоли пул танҳо аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар ва дар се моҳи соли равон 462 миллион доллар фиристодаанд.