Пажӯҳишгоҳ бо нашри Шохиси пулшӯӣ дар 160 кишварҳои ҷаҳон аз миёни онҳо даҳгонаеро нишон додааст, ки хатари пулшӯӣ дар он зиёд аст.
Муаллифони ин шохис риски пулшӯӣ (аз роҳҳои печида ба расмият даровардани пулҳои ғайриқонунӣ ба мисли даромад аз ҳисоби қочоқи ҳероинро) дар ин кишварҳо ҳисоб карда ва ба ҳар кишвар аз сифр то 10 хол медиҳанд. Бинобар арзёбии пажӯҳишгарон, Тоҷикистон бо 8,34 хол пас аз Эрон Афғонистон ва Камбоҷа чорумин кишварест, имкон дорад, дар онҳо пулҳои ғайриқонуниро ба расмият дароваранд. Ба истиснои Тоҷикистон дигар ҳеҷ яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ё муштаракулманофеъ дар даҳгонаи кишварҳое нест, ки хатари қонунӣ кардани пулҳои "нопок" дар онҳо зиёд бошад.
Пас аз Тоҷикистон дар ин ҷадвал Гвинея Бисау, Ироқ, Мали, Швейтсария, Мозамбик ва Мянмар ворид шудаанд. Ин севвумин шохиси пулшӯии пажӯҳишгоҳи Базел аст. Пажӯҳишгарон ин шохисро дар асоси оморҳои Бонки Ҷаҳонӣ, Transparency International - Шаффофияти Байналмилал, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ва FATF- созмони мубориза бо пулшӯӣ таҳия мекунанд.
Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки солҳои ахир тадобири зиёде барои муқовимат ба пулшӯиро андешидаанд ва қарори ФАТФ-ро мисол меоранд, ки моҳи июн баъди арзёбии талошҳояш, Тоҷикистонро аз феҳрасти кишварҳое берун овард, ки таҳти “назорати қатъӣ” буданд ва ба феҳрасти кишварҳое ворид кард, ки “таҳти назорати муқаррарӣ” қарор доранд.
Як манбаъ дар Бонки миллии Тоҷикистон арзёбии мазкурро ноодилона номид ва гуфт, пажӯҳишгарони Базел ин шохисро бар асоси оморҳои соли 2011 ва 2012 таҳия кардаанд. Дар ин муддат ба гуфтаи ин манбаъ Тоҷикистон бисёре аз тавсияҳои FATF-ро ҷиҳати пешгирӣ аз пулшӯӣ иҷро кардааст ва бинобар арзёбиҳои мутахассисони ин созмон Тоҷикистон аз қатори кишварҳои риски пулшӯияшон баланд ба қатори кишварҳои муқаррарӣ ворид карда шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар гузориши департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2012 омадааст, ки кишвар дар заминаи муқовимат бо пулшӯӣ, бисёре аз дастуру муқаррароти байналмилаливу тавсияҳои ФАТФ-ро иҷро кардааст . Дар ин гузориш омадааст, ки дар соли 2012, ки 11 дархост аз мақомоти кашшофии кишварҳои хориҷӣ дар бораи муомилоти бонкӣ ба ин департамент расидааст ва онҳо низ ҷавоби худро гирифтаанд. Ҳамчунин мақомоти тафтишотии Тоҷикистон дар бораи муомилоти шубҳабарангези бонкӣ 7 дафъа ба Бонки миллӣ муроҷиат карда ва посух гирифтаанд.
Бо назардошти наздикӣ бо Афғонистон, ки бузургтарин кишвари тавлидкунандаи қочоқи маводи мухаддир аст, мутахассисон мегӯянд, мумкин аст, пули “ифлоси” бадастомада аз ҳисоби фурӯши ҳероину дигар маводи мухаддир баъди аз даст ба даст гузаштан ба муомилоти оддӣ ворид шавад. Маҷаллаи мӯътабари Экономист дар соли 2012 зери унвони “Мӯътоди ҳероин” навишт, ки мошинҳои гаронқиммату баъзе аз хонаҳои пурҳашамат дар пойтахти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир аст, ки аз Афғонистон меояд. Ба навиштаи “Экономист” ҳарчанд кишварҳои ғарбӣ инро медонанд, аммо ба хотири субот ва халал наафтодан ба ҳамкориҳо ба ингуна корҳо дар Тоҷикистон чашм мепушанд. Мақомоти Душанбе ин иддаоро рад мекунанд.
10 кишваре, ки хатари пулшӯӣ дар онҳо зиёд аст
Кишвар | хол |
Эрон | 8,56 |
Афғонистон | 8,53 |
Камбоҷа | 8,39 |
Тоҷикистон | 8,34 |
Гвинеа-Биссау | 8,25 |
Ироқ | 8,22 |
Малӣ | 8,06 |
Швейсария | 7,92 |
Мозамбик | 7,92 |
Мянмар | 7,89 |