Вазорати адлияи Тоҷикистон манзилҳои ниматамоми вобаста ба ширкати «Мовароуннаҳр»-ро ба фурӯш гузоштааст.
Тӯрабек Охунов, раиси кунунии ширкати «Мовароуннаҳр» рӯзи ҷумъа ба «Озодӣ» гуфт, ки манзилҳои нимасохти ин ширкатро, ки Додгоҳи олӣ ҳабс карда буд, вазорати адлия ба фурӯш гузоштааст.
Тӯрабек Охунов, бародари раиси пешини ширкат Ҷӯрабек Охунов меафзояд, ки пас аз гуфтушунид бо Вазорати адлия, як моҳ аз тарафи ин ниҳод муҳлат дода шуд, ки масъалаи фурӯхтан ва ё идомаи сохтмони манзилҳои истиқоматиро бо муштариёни худ ҳаллу фасл кунанд.
Вазорати адлия аз ҷумла аз ширкати "Мовароуннаҳр" тақозо кардааст, бо муштариёне, ки теъдодашон ба беш аз 500 нафар мерасад, ин масъаларо рӯшан намоянд, ки тарафдори пас гирифтани маблағи пардохтаашон мебошанд ё ҷонибдори соҳиби манзил шудан ҳастанд.
Дафтари матбуоти Вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба ин масъала гуфт, ки ин тасмим пас аз муроҷиати хатии бархе аз сокиноне, ки барои харидории манзили зист ба ширкати «Мовароуннаҳр» чанд дарсади ҳаҷми арзиши манзилро пардохтаанд ва ҳоло мехоҳанд маблағи худро пас гиранд, гирифта шудааст.
Вазорати адлия мехоҳад, ки бо фурӯхтани биноҳои нотамом ба ширкатҳои дигари сохтмонӣ, маблағи зарадидаҳоро пас гардонад. Зеро дар моҳи сентябр Додгоҳи олӣ тибқи шикояти вакилони мудофеи Ҷӯрабек Охунов, қарори ҳукми худро тағйир дод ва дар баъзе ҳолатҳо Охуновро сафед кард ва аз ҷумла ҳабси сохтмони биноҳои ниматамоми ширкатро бекор намуд.
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки феълан нархномаи биноҳои ниматамоми ширкати "Мовароуннаҳр" мушаххас карда нашудааст ва танҳо пас аз поён ёфтани мӯҳлати якмоҳа, масъалаи фурӯши ин биноҳо ба шакли ауксион-музояда ба ширкатҳои дигари сохтмонии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.
Баъд аз ин, бархе аз муштариён дар номаҳои худ зикр кардаанд, ки мехоҳанд маблағи худро пас гиранд, зеро ба маҳкама кашида шудани раиси ширкат Ҷӯрабек Охунов онҳоро аз идомаи сохтмони биноҳо аз тарафи ширкат ноумед кардааст. Аммо Тӯрабек Охунов мегӯяд, ки аксари кулли муштариён ҷонибдори пас гирифтани маблағҳояшон нестанд ва мехоҳанд, ки сохтмонҳои ниматамом пурра анҷом дода шуда, онҳо соҳиби манзили зисти худ шаванд.
Ба қавли Тӯрабек Охунов, то анҷоми муҳлати Вазорати адлия ду ҳафтаи дигар боқӣ мондааст ва аллакай ҳудуди 450 тан аз муштариёни ширкат расман мактуб пешниҳод кардаанд, ки тарафдори соҳиби манзили зист шудан ҳастанд.
Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" моҳи октябри соли 2010-ум боздошт шуда, мурофиаи додгоҳии ӯ моҳи августи соли 2011-ум дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб аз худ кардани маблағҳои мизоҷон, дастгир шуда буд.
Ҳукми номбурда аз сӯи Додгоҳи олӣ эълом шуд ва тибқи он Охунов ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум гардид. Аз се як ҳиссаи ин муҳлат мувофиқи Қонуни афв кам гардида, замони адои ҷазои айбдоршуда аз таърихи бозошти ӯ, яъне ноябри соли 2010-ум ҳисоб карда мешавад. Бар асоси ин, Охунов каме бештар аз 7 соли дигар дар ҳабс боқӣ мемонад.