Орд дар Тоҷикистон гарон шуд. Боди қиматӣ аз куҷо мевазад? ВИДЕО

Дар Тоҷикистон, ки мардуми зиёде барои зиндагӣ ва хӯрду хӯрок рӯзона камтар аз якуним доллар харҷ мекунанд, қимати орд – яке аз маҳсулоти аслии истеъмолӣ – дигарбора боло рафтааст. То ду ҳафта пеш агар 50 кило ордро дар бозорҳои Душанбе ба маблағи 170 сомонӣ мехаридед, имрӯз барои ҳамин миқдор бояд 190-195 сомонӣ бипардозед.

  • Афзоиши 14 дар садии қимати орд дар муддати камтар аз як моҳ бештар аз ҳам ба ҳамёни садҳо ҳазор мардуми камбизоат зарба мезанад, ки ба сахтӣ пул меёбанд.
Ба сабаби зиёд шудани талабот, Қазоқистон бо истифода аз фурсат нархи маҳсулоти худро боло бурд

Дар ҷустуҷӯи орди арзон, аз Варзоб то Душанбе​

Эмомалӣ Назаров, аз ноҳияи Варзоб, яке аз ҳамин табақаи ҷомеа аст ва барои харидани орди арзон ба Душанбе омадааст, ки маҳсулот дар бозорҳои калони он арзонтар аст. Қимати пешинаи орд барояш вазнинӣ мекард, чун оилаи бузурги иборат аз 15 нафар дорад ва моҳе то се халта ва ё 150 кило орд истеъмол мекунанд.

Ӯ рӯзи 31-уми январ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, “фурӯшанда гуфт, ордро қимат овардааст ва арзон фурӯхта наметавонад. Баъд ба инҷо омадам. Дар дохили бозор ҳам орд аз 180 сомонӣ зиёд аст. Барои ман, ки 600 сомонӣ маош мегирам, хариди ду халта орд бисёр гарон аст”, - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон дигарбора гарон шуд

Як нафар 120 кило нон мехӯрад

Ба дастурхони ҳар як сокини Тоҷикистон пештар аз ҳама нон меоранд. Мақомоти Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯянд, дар 9 моҳи соли 2018 истеъмоли нон ва маҳсулоти нонӣ, ба ҳисоби миёна ба як нафар узви хонавода 120 килоро ташкил додааст, ки “ин барои ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ хос аст”.

Ба ҳамин сабаб агар қимати орд як зарра боло рафт, шикояту норизоятии мардум боло меравад, чун маҷбур мешаванд, аз баҳри харидани дору барои бемор ва ё китоб барои фарзандашон бигзаранд.

Таҳмина, сокини шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ, гуфт, зӯраш ба харидани 50 кило орд намерасад, барои ҳамин имрӯз камтар харид. “Даҳ кило орд харидам. Пул, ки ёфт шуд, боз мехарем. Зиндагӣ танҳо аз хариди орд иборат нест. Агар нарх ҳамингуна рафтан гирад, зиндагӣ душвор мешавад”, - мегӯяд ӯ.

Тоҷирон: Нархро худсарона набардоштем

Фурӯшандаҳои оддии орд мегӯянд, вазъи мардуми камбизоатро мефаҳманд, вале худсарона қимати ордро боло набурдаанд. Яке аз тоҷирон гуфт, “барои мардум як сомонӣ гарон шудани нарх таъсир мекунад. Чун онҳо барои хариди хӯрок маблағи худро тақсим ва хароҷоти худро бар пояи нақша пеш мебаранд.”

Як сабаби боло рафтани қимати орд, ба гуфтаи ӯ, боло рафтани нархҳо дар Қазоқистон, як фурӯшандаи бузурги гандум дар дунё ва аз содиркунандаи аслии орд ба Тоҷикистон аст. Дар бозорҳои Душанбе 50 кило орд аз 170 то 195 сомонӣ аст, аммо дар манотиқи дуртар аз ҷумла кӯҳистон қиматҳо баландтар аст.

Ҳоҷӣ Исмоил, як корбари Радиои Озодӣ аз ноҳияи Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ навишт, қимати як халта орд аз марзи 200 сомонӣ гузаштааст. Вай аз тариқи ИМО ба Радиои Озодӣ навишт, “рӯзи мардум сиёҳ мешавад, мо ин пулро аз куҷо мегирем?”

Боди қиматӣ аз сӯи Қазоқистон мевазад?

Дар як соли ахир маротибаи чаҳорум аст, ки қимати орд боло меравад. Мақомоти расмӣ ҳам мегӯянд, омилҳои берунӣ ва дохилӣ сабаби болоравии қиматҳо шудааст.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 30-юми январ гуфт: “Соли 2018 истеҳсоли ғалла дар кишварҳои дигар паст ва талабот ба ғаллаи Қазоқистон зиёд шуд. Ба сабаби зиёд шудани талабот Қазоқистон бо истифода аз фурсат нархи маҳсулоти худро боло бурд.” Ба гуфтаи ӯ, коҳиши қурби сомонӣ ҳам ба қимати орд таъсир гузошт, чун гандумро асосан бо доллар мехаранд.

Саъдӣ Қодирзода

Аммо омилҳои дигаре ҳам ҳаст, ки ба гуфтаи тоҷирон онҳоро маҷбур мекунад, қимати ордро боло баранду харҷи худро аз ҳисоби мардум баробар кунанд.

Яке аз тоҷирони бозор гуфт: “Шумо харҷҳои ноаёни моро намебинед. Ҳангоми овардани орд нозири роҳ, дар бозор ба масъулонаш, нозирони андоз дар дӯкон пул талаб мекунанд. Ҳамаи ин харҷ аст ва ба қимати орд изофа мешавад. Мо чӣ кор кунем?”

"Ҳар сол ба 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз аст"

Худи мақомоти Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки мардум ва бахусус аҳолии фақиру муҳтоҷ бештар аз нисфи пули буҷаи хонаводаро барои харидани маводи ғизоӣ сарф мекунанд.

Тоҷикистон солона ба 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз дорад ва ҳудуди як миллиони он аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ба даст меояд. Бақияро Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мекунад ва дар 8 моҳи соли 2018 ба кишвар бо харҷи 120 миллион доллар орду гандум ворид кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон солҳо ваъда додаанд, ки саъй мекунанд, истеҳсоли гандумро дар кишвар аз 1 миллион тонна афзоиш бидиҳанд, то эҳтиёҷоти дохилиро ба ҳадде бароварда созанд. Аммо ин ваъдаҳо ҳамчунон ваъда боқӣ мондаанд.