"Баҳси марз бояд то сафари Э.Раҳмон ба Бишкек ҳал шавад"

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистон пурра дақиқ набудани баъзе аз қитъаҳои марз бо Қирғизистонро як сабаби афзоиши қочоқи маҳсулот ва воридоти ками маблағ ба буҷет номиданд.

Таъйини минтақаҳои номуайяни марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз масъалаҳои аслии ҷаласаи охири Кумисюни байниҳукуматии ду кишвар будааст. Ҳарду тараф ба тавофуқ расидаанд, ки ҳарчӣ зудтар масъалаи минтақаҳои баҳсбаранез ҳал карда шавад.

Номуайянӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гоҳе боис ба муноқиша мешавад

Ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Душанбе баргузор гардид. Ҳайатҳоро дар ин ҷаласа муовинони раисони ҳукумати ҳарду кишвар роҳбарӣ кардаанд. Як иштирокдори ҷаласа ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҷониби Тоҷикистон бештар сари он талош дошт, ки минтақаҳои номуайяни марз ҳарчӣ зудтар дақиқ ва назорат пурзӯр карда шавад.

Манбаъ афзуд, дар ҷаласаи ҳайатҳои ду кишвар тавофуқ шудааст, барои баррасии масъалаи марз иловатан ҳайатҳо вохӯрӣ гузаронанд. Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ҷонибҳо талош доранд то сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Бишкек дар масъалаи ҳалли минтақаҳои номуайян ба тавофуқ расанд. Зимнан, ба қавли манбаъ, сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон "наздик аст", аммо то ба ҳол санаи дақиқи он гуфта нашудааст.

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле масъалаи марзро ба баррасӣ гирифтаанд, ки қаблан Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ аз шаффоф ё беназорат будани бархе қитъаҳои марзии ду кишвар изҳори нигаронӣ карда буд.

Азим Турсунзода, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, қаблан зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, номуайянии марз бо Қирғизистон яке аз чаҳор омилест, ки ба иҷро нагардидани нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ таъсири манфӣ мерасонад.

“Сарҳадбонон ҳастанд ва назорат мекунанд”

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр марзи муштарак доранд ва беш аз 500 километри он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Ҳарду ҷониб дар масъалаи аломатгузориву таъйини хатти марз дар қаламравҳои баҳсӣ давоми 25 соли истиқлол ба иттифоқи назар даст наёфтанд ва ҳамин чиз боиси сари чанд вақт сар задани муноқишаҳо мешавад. Марзи Қирғизистон баробар бо инки сарҳади давлатии кишвари дигар аст, инчунин марзи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳам маҳсуб мешавад. Қочоқи мол аз ин қаламрав ба Тоҷикистон бештар бо ҳадафи фирор аз пардохтҳои гумрукӣ сурат мегирад ва моли қочоқӣ аз роҳҳои убуркунандаи посгоҳҳои марзӣ ворид мешавад.

Азим Турсунзода

Хадамоти гумрук ва амнияти ҳарду кишвар пайваста ба матбуот гузоришҳо медиҳанд, ки дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон моли қочоқӣ ошкор ва мусодира шудааст. Асосан моли қочоқӣ аз Қирғизистон вориди Тоҷикистон мешавад ва ҳар сол сохторҳои тафтишотӣ дар марз аз талоши қочоқи даҳҳо тонна молҳои гуногун, аз ҷумла, орду маводи сӯхт гузоришҳо медиҳанд.

Дар як ҷаласаи ҳукуматӣ соли 2011 раҳбари вақти ҳукумат Алмосбек Отамбоев коррупсия ва даст доштани кормандони гумрук ва амнияти кишварашро дар амалиёти қочоқ айбор карда буд.

Кӯчае, ки марбут ба ду кишвар аст

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон минтақаҳое низ дорад, ки дар як кӯча шаҳрвандони ду кишвар зиндагӣ мекунанд. Ғайратҷон Гадобоев, раиси ҷамоати “Овчӣ-Қалъача”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, танҳо дар ин ҷамоат ду кӯчае мавҷуд аст, ки дар як ҷониби он шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар ҷониби дигар шаҳрвандони Қирғизистон ҷой гирифтаанд.

Ба қавли Гадобоев, сокинони минтақаҳои Пахтаобод ва Қалъача ба ҷониби якдигар гузашта додугирифти мол мекунанд. Раиси ҷамоати “Овчӣ-Қалъача” иддао дорад, ки дар ин гуна минтақаҳо кормандони гумрук ва сарҳадбонон ҳам ҳузур доранд ва масъалаи гирифтани боҷи гумрукиро онҳо назорат мекунанд. “Дар рӯзҳои бозор аз Қирғизистон маҳсулоти кишоварзӣ меоранд. Аз Тоҷикистон ба он тарафи марз либос мебаранд. Масалан, як соҳибкор ду баста кафш ё камтар либос дорад. Мебарад, озод мефурӯшад дар онҷо. Рӯзи бозори мо шавад, онҳо молу маҳсулоташонро оварда инҷо мефурӯшанд”, - афзуд роҳбари ҷамоати Овчӣ-Қалъача.

“Коршинос: Минагузорӣ ва симхорпечӣ роҳи ҳал нест”

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоле ба минтақаҳои баҳсҳо табдил ёфтааст, ки ба қавли таҳлилгарон вақти он расидааст, ки ҳарду кишвар ба баҳси марзӣ нуқта гузоранд. Аз ҷумла, Бобоҷон Икромов, таҳлилгар аз вилояти Суғд мегӯяд, то замоне ки ду кишвар ба ҳалли масъалаи минтақаҳои доғ даст наёбанд, ин маконҳо мавриди суистифода аз сӯи қочоқбарон боқӣ хоҳанд монд.

Бобоҷон Икромов

Ба ҳисоби Бобоҷон Икромов, чунин минтақаҳо дар марз беш аз 50 нуқта аст, ки ду кишвар наметавонанд дар ҳамаи ин минтақаҳо нерӯи интизомӣ гузоранд. “Қочоқ на танҳо аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ё баръакс, балки ба воситаи Қирғизистон ба Русия ҳам сурат мегирад. Масалан баъд аз ду ҳафта аз ҷануби Тоҷикистон интиқоли сабзавоти барвақтӣ шуруъ мешавад. Ба хотири онки боҷи гумрукӣ насупоранд, бачаҳо ҳаракат мекунанд, аз ин нуқоти баҳсбарангез ройгон истифода кунанд. Яъне аз ин тариқ метавонанд бе пардохти боҷи гумрукӣ сабзавоти барвақтиро аз тариқи Қирғизистн ба Русия интиқол диҳанд», - гуфт ӯ.

Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, симхорбандӣ ё минагузорӣ роҳи ҳал нест ва таҷриба нишон додааст, ки ба таври зӯр идора кардани сарҳад ба ҷуз муноқиша ба чизи дигар оварда намерасонад. Бобоҷон Икромов мегӯяд, беҳтар аст Душанбе ва Бишкек аз таҷрибаи Тоҷикистон бо Узбекистон дар масъалаи аломатгузории марз истифода кунанд.