Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 3-юми апрел аз вуқӯи моҷарое дар марзи Исфараву Бодканд хабар доданд. Ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани ҳодиса айбдор мекунанд.
Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд.
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки занозанӣ миёни сокинони Хоҷа-Аъло ва Уч-Добо бо айби шаҳрвандони Қирғизистон сар задааст. Онҳо гуфтанд, дар натиҷаи сангпартоии шаҳрвандони Қирғизистон як сарҳадбони тоҷик низ ҷароҳат бардошт.
"Марзбонҳои мо барои ҳалли муноқиша ба ҷои ҳодиса рафта буданд. Ҳамон вақт як санг ба сарҳадбони мо расид. Феълан вазъи саломаташ хуб аст", - гуфт Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон шоми 3-юми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ.
Ин муноқиша пас аз он бархостааст, ки як шаҳрванди Қирғизистон ба сохтани деворе дар минтақаи баҳсӣ шуруъ намуд. Муҳаммад Улуғхоҷаев мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистон "бидуни дағалгуфторӣ ва суханҳои қабеҳ" аз ин шаҳрванди Қирғизистон хостаанд, ки дар ҳоли ҳозир девор насозад.
"Онҳоро гӯш накарда, шаҳрвандони Қирғизистон ба сангпартоӣ сар карданд. Пас аз омадани шахсони мутасаддӣ ва раисони минтақа ҷавонон аз ҷониби Қирғизистон пароканда шуданд. Сохтмони девори баҳсӣ айни замон қатъ карда шудааст", - афзуд Улуғхоҷаев.
Дар навбати худ ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро дар сар задани моҷаро айбдор мекунад. Мақомоти маҳаллии вилояти Ботканд ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар доданд, ки муноқиша бар сари замин сар зад. Гуфта мешавад, аз ду тараф чандин нафар ҷамъ омада буданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд пора аз навори занозании ин гуруҳи сокинон нашр шудааст. Дар видео дида мешавад, ки ду тараф ба сӯи якдигар санг меандозанд. Дар бораи осебдидаҳо гузориш нашудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.
Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо чанд нафар кушта шуданд.