Муфтӣ аҳзоби исломиро омили нооромиҳо хонд

Раиси Шӯрои уламои исломӣ ё муфтии Тоҷикистон ҳизбҳои исломиро аз омилони нооромию ҷангҳо дар кишварҳои мусалмонии ҷаҳон арзёбӣ кард.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ ё муфтии Тоҷикистон рӯзи 8 апрел, дар мавъизааш дар намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе аз фаъолияти аҳзоби исломӣ дар кишварҳои мусалмонӣ интиқод кард ва онҳоро дар "тафриқаандозӣ ва ба фирқаҳо ҷудо кардани мусалмонон" гунаҳкор кард.

Ӯ ба унвони мисол аз кишварҳои Ховари Миёна ном бурд, ки ба далели тафриқаю гурӯҳбозӣ миёни мусалмонон ин кишварҳо даргири ҷангу нооромиҳо шудаанд.

Ҷаноби Абдуқодирзода ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломиро низ аз омилони нооромиҳо ва даргириҳои моҳи сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон хонд.

Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон гуфт, ҳамакнун Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар хориҷи кишвар давлати Тоҷикистонро бадном ва мардумро ба нооромиҳои даъват мекунад: “Ӯ аз оғӯши як ҷониб ба оғӯши дигар рафта, ҳар гап мезанад. Аз ҷавонон ба ҳайси муфтии мусалмонони Тоҷикистон даъват мекунам, ки ба гуфтаи ин бадхоҳон гӯш надиҳанд ва аз пайи онҳо нараванд. Зеро онҳо танҳо барои ҷангу нооромӣ дар кишвар даъват мекунанд ва оқибати қабули ин даъват ҷангу нооромӣ аст.

Ҳамчунин, ӯ аз фаъолони ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ дар хориҷи кишвар ҳамчун “хоин, ҷосус ва ҷоҳталаб” ном бурд ва гуфт, ки онҳо дар исёни генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ алайҳи давлати Тоҷикистон даст доштанд. Ӯ афзуд, ҳар кишвари мусалмонӣ, ки дар он аҳзоби исломӣ фаъол аст, гирифтори ҷангу харобӣ ва нооромиҳо аст.

Қаблан низ Саидмукаррам Абдуқодирзода борҳо аз фаъолияти Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар ва мамолики пуштибони ӯ интиқод карда буд. Аз ҷумла, ӯ дар мавъизаи ҷумъаи 8 январ аз Эрон барои пазироияш аз Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба унвони "пуштибони террористон" ном бурда буд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки аз моҳи марти соли гузашта дар хориҷ ба сар мебарад,бо даъвати расмии Эрон дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" (27-29 декабри 2015) ширкат карда ва бо оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ дидор карда буд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи рӯзҳои 4-16 сентябри генерал Абдуҳалим Назарзода айбдор мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 сентябри соли 2015 аз ҷумла ба ҳамин далел ин ҳизбро ба рӯйхати созмонҳои террористиву ифротӣ шомил кард ва фаъолияташро дар Тоҷикистон манъ кард.

13 узви раёсати ҲНИТ, бо шумули муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2015, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Раҳбарони ҲНИТ ҳар навъ даст доштани худ дар ошӯби Назарзодаро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин ошӯб барои мақомот танҳо баҳонае барои бастани ин ҳизби умдаи мухолифин шуд.