Коршиносон: Тоҷикистон ва Эрон оштӣ мекунанд?

Сироҷиддини Муҳриддин ва Ҳасан Рӯҳонӣ зимни мулоқот дар рӯзи 1-уми июн.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷузъиёти ёддошти тафоҳум бо вазорати корҳои хориҷии Эронро нашр кард, ки дар он гуфта шудааст, ки “Эрон аз пуштибонии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ даст мекашад.”

Баъди се рӯзи сафари Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ ба Теҳрон, 4 июн вазорат иттилоияеро дар бораи “Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон омили рушди ҳамкориҳои дуҷониба” нашр кард.

Дар он гуфта мешавад, ки “дар партави ҳидояту роҳнамоии раҳбарияти олии ду кишвар мушкилоти мавҷуда ба зудӣ рафъ шуда, робитаҳои дуҷониба густариши бештар пайдо хоҳанд кард”. Ин дар ҳолест, ки солҳои охир муносибатҳои миёним ду кишвар ба сардӣ гароида буд.

Дар иттилоия омадааст, тарафҳо минбаъд вазифадор мешаванд, ки ҷиҳати таъмини амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар самтҳои пешгирӣ аз ғасби ҳокимият, таҳдидҳо ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ... маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ ҳамкорӣ карда, ба корҳои дохилии якдигар дахолат намекунанд. Дар гузашта расонаҳои давлатии Тоҷикистон Эронро ба мудохила дар умури дохилии Тоҷикистон бо роҳи ҳимоят аз тундравон айбдор карда буд.

Бар асоси ин санад ба гуфтаи вазорат, тарафҳо вазифадор шудаанд, ки аз фаъолияти ҳизбу созмонҳое, ки террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, пешгирӣ ва аз дастгирии онҳо худдорӣ мекунанд.” Дар баёния омадааст, ки Эрон таъкид кард, дар қаламрави худ аз фаъолияти аъзо ва пайравони ҳизбу гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла Ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон Эронро ба пушибонӣ аз ҳизби акнун дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломӣ айбдор мекард.

Бино бар ёддошти ахир, тарафҳо аҳд бастаанд, ки дар табодули иттилоъ ҳамкорӣ мекунанд ва дар қаламрави худ ба таҳсили ғайриқонунии шаҳрвандон роҳ намедиҳанд. Садҳо донишҷӯи тоҷик то кунун дар Эрон қонунӣ ва ғайриқонунӣ таҳсил кардаанд.

Вазорат ҳамчунин гуфтааст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасан Рӯҳониро ҳамтои эрониро ба Машварати панҷуми ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё даъват кардааст, ки 15 июн дар Душанбе бо ҳузури сарони кишварҳои минтақа баргузор мегардад ва раҳбарони ду кишвар метавонанд, ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ кунанд. Дар торнамои вазорат танҳо мазмуни ёддошти тафоҳум нашр шудааст, на матни он.

Гоме ба сӯйи мулоқот

Баъди танаффуси тӯлонӣ дар муколамаи мустақим миёни Душанбе ва Теҳрон, сафари Сироҷиддин Муҳриддин ба Эрон ҳамчун гоми сиёсӣ барои бозбинии равобит дониста шуд.

Талошҳо ба оштӣ чанд моҳ пеш оғоз шуд. Баҳори имсол Эрон Муҳаммадтақӣ Собириро сафири нав дар Тоҷикистон таъйин кард. Сафири нави Тоҷикистон ҳам дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ таъйин шуд, ки то ин вақт мақоми муовини вазири корҳои хориҷиро дошт. Ҳар ду сафир изҳор доштанд, ки ҳадафи асосии онҳо мусоидат ба беҳбуди равобит миёни Душанбе ва Теҳрон аст.

Дар ҳамин ҳол Душанбе ба пуштибонӣ аз равобиташ бо рақиби асосии Эрон Арабистони Саудӣ низ идома медиҳад. Дар замони сафари вазири Тоҷикистон ба Эрон, дар доираи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ дар Ҷидда мулоқоти Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Одил ал-Ҷубейр, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Дар он ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷорат ва мубориза бо таҳдидҳо ба суботу амният баррасӣ шудаанд.

«Душанбе мавзеъгирияшро нармтар мекунад»

“Дар ҳар сурат дар Душанбе тасмим гирифтанд, ки мавзеъгирии худро дар баробари Теҳрон нармтар кунанд, ҳарчанд ҳоло сабабҳояш маълум нест. Вале Тоҷикистон мехоҳад, муносиботи дӯстонаашро бо Арабистони Саудӣ ҳифз кунад,” – мегӯяд, коршиноси тоҷик Нуралӣ Давлат. Ӯ меафзояд, ки ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад, ки бо ҳар ду кишвар робитаҳои хуб дошта бошад.

Зимнан, як рӯз пеш аз мулоқоти дипломати тоҷик бо намояндагони Эрон, Арабистони Саудӣ нишасти сарони кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форсро дар Макка бо ҳадафи муқовимат бо нуфузи Эрон дар минтақа баргузор кард. Ҳозирони нишаст бо нашри як баёния “таҳдидҳои Эронро маҳкум карданд.”

«Талошҳо барои тавозун дар сиёсати берунӣ»

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ба ин васила мехоҳад, нобаробарӣ дар сиёсати хориҷиашро аз байн барад. “Имрӯз ҷаҳони исломи муосир бар пайи мухолифатҳои Арабистони Саудиву Эрону Қатар ба чанд бахш тақсим шудааст. Тоҷикистон дар солҳои ахир майли ҷиддие ба ҷониби Саудӣ изҳор кард, ки усули сиёсати хориҷии бисёрҷонибаеро, ки ҳанӯз аз оғози солҳои 2000-ум эълон карда буд, вайрон мекард.

Ба ҷуз ин, майл ба Арабистони Саудиву тирагии равобит бо Эрон аз сӯйи кишварҳои муштаракулманофеъ, хусусан Русия мубҳам пазирифта мешавад. Ва ниҳоят равобити тираи тӯлонии Тоҷикистону Эрон ба манфиати худи Тоҷикистон нест, зеро дар натиҷа кишвар имконоти зиёдеро дар соҳаҳои иқтисод, боз кардани шабакаҳои нави иртиботӣ ва ғайра аз даст медиҳад”,-мегӯяд коршинос. Айни замон Парвиз Муллоҷонов ба оддиву ё беҳтар шудани равобит бо шубҳа менигарад ва таъкид мекунад, ки ба сабаби мухолифатҳои афзояндаи Эрону Саудӣ барои Тоҷикистон нигоҳ доштани равобит бо ҳар ду кишвар сахт хоҳад буд.

Оғози мухолифатҳо

Сардии равобит миёни Тоҷикистону Эрон дар поёни декабри соли 2015 шуруъ шуд. Мақомоти Тоҷикистон аз он ба хашм омаданд, ки ташаббускорони конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабириро ба конфронс даъват карданд ва Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ бо ӯ суҳбат дошт. Дар посух ба ин Тоҷикистон ба Эрон ёддошти эътирозӣ фиристод ва Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва дигар чеҳраҳову сиёсатмадорон Теҳронро ба пуштибонӣ аз террористҳо ва даст доштан дар қатли шахсиятҳои шинохта замони ҷанги дохилӣ муттаҳам карданд.

Дар идома воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Эрон ба Душанбе манъ карда шуд. Баъдтар Тоҷикистон аз додани раводид ба шаҳрвандони Эрон дар фурудгоҳи Душанбе даст кашид ва намояндагии Кумитаи имдоди Имом Ҳумайнӣ – созмони маъруфи хайрияи эронӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангиву тиҷоратиро баст.

Дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта чанде аз раҳбарони мухолифони давлат аз ҷумла Сайид Абдуллои Нурӣ, раиси Ҳизби наҳзат ва баъзе аз дигар аз чеҳраҳои шинохтаи ҳизб барои муддате дар Эрон паноҳ бурдаанд. Аммо баъди хатми ҷангу ба фаъолияти расмӣ оғоз кардан дар Тоҷикистон, ҳизб иддаоҳо дар бораи ҳимоят аз тарафи Эронро рад кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳам фақат баъди эълони Ҳизби наҳзат ба ҳайси созмони террористӣ иддао карданд, ки ҳизб “хоҷагони хориҷӣ” дорад ва ангушти ишора ҳам ба сӯи Эрон буд.

«Эрон бояд мушаххас кунад»

Вазорати умури хориҷии Эрон ва Ҳизби наҳзати исломӣ ҳанӯз баёнияи вазорати умури хориҷиро шарҳ надодаанд. Сайфулло Сафаров, муовини пешини мудири Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз наздикии равобити Тоҷикистону Эрон бояд истиқбол кард: “Миёни кишварҳо ва мардуми мо ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад, танҳо як мушкил вуҷуд дорад, ки марбут ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки мо онро террористӣ эътироф кардаем. Эрон бояд мавзеъи худро дар баробари ин ҳизб равшан кунад. Ҳеҷ мушкили дигаре вуҷуд надорад.”

Коршинос дар мавриди “ёфтани тавозун дар ҳамкориҳо” байни Теҳрон ва Риёз гуфт, Тоҷикистон сиёсати “дарҳои боз”-ро пеш мебарад, ки имкон додааст, ҳамзамон бо Амрикову Русия ва Чин ҳамкории муваффақ дошта бошад. Ин таҷрибаро ба қавли ӯ, метавон дар робита ба Эрону Арабистони Саудӣ истифода кард.