Худдорӣ ва эҳтиёт. Нигоҳҳо аз Душанбе ба рӯйдодҳои Эрон

Дар баробари интиқоди афзояндаи байнулмилалӣ аз саркӯби тазоҳуроти эрониён сарони Ҷумҳурии исломии Эрон эълом доштанд, ки "тавтеаи душман"-ро шикаст доданд. Эътирозҳо дар ин кишвар пас аз эълони гарон шудани бензин сар шуда, бино ба хабарҳо даҳҳо нафар дар ҷараёни он кушта шудаанд.

"Мардуми мо пирӯзманд шуд," -- гуфт президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ дар ҷаласаи ҳукуматаш рӯзи 20-уми ноябр. Вай афзуд, эътирозҳо кори "ошӯбталабони мусаллаҳе буд", ки камшуморанд. Вай ҳамчунин ишора кард, ки ин рӯйдодҳо бахше аз "тавтеа"-и душманони берунаи Теҳрон -- Арабистони Саудӣ, Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаанд.

Саркӯби норозиёни осоиштаро то ҳоло СММ, Олмон ва Фаронса маҳкум карданд. Онҳо ҳамчунин аз тақрибан пурра дастнорас шудани интернет изҳори нигаронӣ намуданд.

Созмони Афви Байнулмилал гуфт, то ҳол ба камияш 106 тазоҳуркунанда дар 21 шаҳри Эрон кушта шудаанд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон ин воқеаҳои Эронро бодиққат дунбол мекунанд, вокуниши расмие ба онҳо садо надодааст. Ин ҳолат бо вазъе, ки дар давраи сардии равобити байни ду кишвар ҳукмфармо буд, фарқ мекунад. Он замон бисёриҳо ҳукумати Эронро маҳкум мекарданд. Ҳоло дар изҳори назар аз эҳтиёт кор гирифта мешавад. Аксарият ин воқеаҳоро "кори дохилии Эрон" меноманд ва аз изҳори назар худдорӣ мекунанд.

Хуршед Зиёӣ, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми ноябр навиштаи Дориюши Раҷабиён, хабарнигори тоҷики шабакаи BBC-ро дар саҳифаи Фейсбукиаш бознашр кард, ки эътирозҳои Эронро “мубориза бо истибдод” қаламдод мекунад. Як рӯз нагузашта ин навишторро аз саҳифааш пок кард. Зиёӣ рӯзи 20-уми ноябр нахост, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ назарашро ба воқеаҳои Эрон баён кунад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва узви Кумитаи умури байналмилалии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, як моҳ қабл дар Эрон буд ва мушоҳида кард, ки вазъи иҷтимоии мардум нисбат ба солҳои пеш бадтар шудааст.

Гаронии нархи ғизо ва дигар мушкилиҳое, ки ба гуфтаи ин вакили тоҷик, як навъ натиҷаи таҳримҳои Амрико мебошанд, назаррас будаанд.

“Таҳрим бисёр таъсири сахт расонд. Чун Эрон натавонист молашро фурӯшад ва аз кишварҳои дигар моли арзон ворид кунад. Яке аз асосҳои норозигии иҷтимоӣ дар Эрон таҳримҳо ҳастанд," -- таъкид кард Усмонзода.

Дар пайи баёнияҳои расмии мақомоти Эрон дар Тоҷикистон низ иддае бар инанд, ки эътирозҳои ахир дар Эрон кори дасти кишварҳои Ғарб аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Идомаи эътирозҳо ва ҳимояти Хоманаӣ аз қарори ҳукумати Эрон. ВИДЕО


Исфандиёр Насимов, як таҳлилгари тоҷик мегӯяд, кишварҳои Ғарб солҳост, аз мушкилоти иҷтимоии мардум суистифода мекунанд. "Ин кишварҳо тайи солҳои тӯлонӣ ба дунболи он ҳастанд, ки дар Эрон низом тағйир кунад ва Теҳрон ба манофеи Амрико ва кишварҳои шайхнишин дар минтақа мухолифат накунад."

Бо ин ҳама таҳлилгари тоҷик афзуд, насли ҷавони Эрон аз ормонҳои инқилоби исломӣ фосилаи бештар дорад "ва ин насл интизори таҳаввулоти ҷиддист".

Оғози намоишҳои эътирозии густарда дар Эрон дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ин сарусадоҳоро низ ба бор овард, ки ниҳоят режими "охундӣ" дар Эрон бояд тағйир кунад ва мардум ба ҳуқуқ ва озодиҳои бештар даст ёбанд.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси дигари тоҷик гуфт, тазоҳуроти ахир дар Эрон ҳарчанд бо талабҳои иҷтимоӣ шуруъ шуд, вале ҳоло “оҳанги сиёсӣ” гирифтааст.

Ин таҳлилгар мегӯяд, мақомоти Эрон намехоҳанд ба таҳримҳои Ғарб “таслим шаванд”, вале дар як вақт ҳамин таҳримҳо вазъи иҷтимоиро дар дохил бад кардааст. Аммо, меафзояд ин коршинос, дар гумон аст, ки рӯйдодҳои ахир дар сиёсатҳои Эрон дигаргуние ба бор орад, чун ҳукумати Эрон бо ҳар роҳе талош хоҳад кард, то ин эътирозҳоро хомӯш кунад ва ба “якравӣ”-и худ идома диҳад.

Дар бархе аз наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтанд, дида мешавад, низомиёни Эрон ба сӯи эътирозгарон оташ мекушоянд.