Тоҷикистон дар феҳристи "Кишварҳои нигарониҳои хос"-и Амрико

Вазорати умури хориҷии Амрико барои аввалин бор Тоҷикистонро бинобар он чӣ "маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ" мегӯяд, дар феҳристи "кишварҳои нигарониҳои хос", қарор додааст.

Амрико барои аввалин бор Тоҷикистонро бинобар он чӣ "маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ" мегӯяд, дар феҳристи "кишварҳои нигарониҳои хос"-ҷой додааст. Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбеи 14-уми апрел тасмимаш барои қарор додани Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар дар феҳристи "Кишварҳои нигарониҳои хос"-ро ба иттилои Конгресси он кишвар расонидааст.

Ин матлабро Ҷон Кирбӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи ҷумъа зимни нишасти хабарӣ эълон кард. Вай гуфт, ки кишварҳои шомили ин феҳрист Миянмар, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Судон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон, Узбакистон мебошанд ва барои аввалин бор Тоҷикистон дар қатори ин кишварҳо ҷой дода шудааст.

"Қонуни озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ" соли 1998 дар Конгресси Амрико тасвиб ва пас аз имзои президенти вақти он кишвар, ба ҳолати иҷро даромад. Вошингтон мегӯяд, ки ҳадаф аз иҷрои ин қонун, рушди озодиҳои мазҳабӣ мутобиқ ба сиёсати хориҷии Амрико ва ҳимоят аз афроде аст, ки бинобар эътиқодоти мазҳабиашон дар кишварҳои хориҷӣ, таҳти фишор қарор гирифтаанд. Матни ин қонун бо таъсиси "Дафтари назорат бар шиканҷаҳои мазҳабӣ", заминаҳои ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи кишварҳои мавҷуд дар феҳристи "Кишварҳои нигарониҳои хос"-ро фароҳам меоварад.

Илова бар ин, яке аз бандҳои ин қонун ба раиси ҷумҳури Амрико ихтиёр медиҳад, бархе кишварҳоро аз эҳтимоли таҳрим шудан эмин бидорад, ба шарти он, ки раиси ҷумҳур анҷоми ин корро сабаби таъмини манфиатҳои миллии Амрико бидонад. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи ҷумъа гуфт, бар пояи ҳамин бандҳои дар боло зикршуда, чанд кишвар аз татбиқ шудани ин қонун дар нисбати онҳо, муоф шудаанд. Ба гуфтаи вай, бар пояи ҳамин бандҳо ва бо дарназардошти манфиатҳои миллии Амрико, иҷрои ин қонун дар нисбати Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон мутаваққиф шудааст.

Аз ин қабл, Амрико гуфта буд, давлати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо унсурҳои бунёдгароӣ дар ин кишвар, мухолифон ва мазҳабиҳоро саркӯб мекунад. Ин нукта дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди мизони озодиҳои маҳзабӣ дар ҷаҳон, ки моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ шуд, таъкид шуда буд. Дар ин гузориш аз ҷумла гуфта мешуд, ки “Давлати Тоҷикистон аъзои созмонҳои мамнӯи мазҳабиро на ба хотири иртикоби ҷинояти мушаххас, балки танҳо барои узвият дар ингуна созмонҳо боздошт ва зиндонӣ кардааст."

Дар вокуниш ба ин гузориш, як масъули Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон аксар интиқодҳои гузориши Департаменти давлатии ИМА-ро бепояву асос хонда буд. ​Ба гуфтаи ин масъул, ҳукумати Тоҷикистон солона худаш ба Амрико ҳисобот медиҳад, ки вазъи озодиҳои динӣ дар кишвар чӣ гуна аст. Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар бештар аз 4000 иттиҳодияи динӣ амал мекунад ва бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти як қатор равияҳои динӣ, ки барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва барангехтани низоъ айбдор шудаанд, мамнӯъ эълон шуданд.

Ба қавли мақомоти тоҷик, ҳар ташаккуле, ки амнияти кишварро зери хатар мебарад, мамнӯъ эълон мешаванд, вале ин ба он маъно нест, ки озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқоди мардум дар Тоҷикистон зери фишор қарор дорад.

Дар пайи саркӯби гурӯҳи шӯришии генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъи Тоҷикистон дар моҳи сентбри соли гузашта, 23 узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба гумони ҳамдастӣ бо ин гурӯҳи шӯришӣ боздошт шуда ва рӯзи 29 сентябр Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро “созмони террористию бунёдгаро” эълом ва фаъолияти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ кард.

Аз сӯйи дигар, ахиран мавзӯъи пӯшиши исломӣ ва доштани риш дар Тоҷикистон доғ шуда, мавориди иҷозаи кор надодан ба занони ҳиҷобпӯш дар бозорҳо ва ба зӯр тарошидани мардони ришдор дар кӯчаю бозорҳои ин кишвар ба мушоҳида расидааст. Афзун бар ин, баҳсҳо дар атрофи ҳиҷобу риш аз марзҳои Тоҷикистон убур карда, ба мавзӯъи байналмилалӣ мубаддал шуд.