Дар бисёр мавридҳо рақамҳо бештар аз ҳама худ гӯяндаи ҳоланд. Дар ин матлаб дар 11 акс ва пушти ҳам чидани рақамҳои оморӣ назаре ба бурдубохтҳои Тоҷикистон меафканем:
8 500 000
Дар 142 ҳазор километри мураббаъ қаламрави Тоҷикистон беш 8,5 миллион нафар ба сар мебаранд.
74/69
Синни миёнаи умри занон дар Тоҷикистон 74 сол ва аз мардон 69 сол буда, дар ин кишвар 15 зан ва 2 марди синнашон аз 100 боло зиндагӣ мекунанд.
1 717 063
Нисфи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонону кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон беш аз 1,7 миллион толибилм таҳсил мекунанд.
120 000
Ҳар сол то 36 000 хатмкунанда ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд. Ҷамъи донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ба 120 000 нафар мерасад.
2 400 000
Шумори аҳолии машғули кор дар Тоҷикистонро 2,4 миллион ва шумори бекоронро зери 50 000 нафар ҳисоб мекунанд.
1 000 000
Беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳар сол ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд.
4 000 000 000
Солона муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 4 миллиард доллар пул мефиристанд. Ин пулҳо як манбаи асосии таъмини рӯзгори хонаводаҳо ба шумор меравад.
197 000
Алюминий як маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон аст. Имсол ширкати ТАЛКО тавлиди 197 000 тоннна алюминийро пешбинӣ кардааст.
399 000
Пахта маҳсулоти рақами яки бахши кишоварзии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Имсол 399 000 тонна дурнамои солона 85 дарсад иҷро шудааст.
17 000 000 000
Тоҷикистон солона 17 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ тавлид мекунад. Аммо аз моҳи октябр то апрел ба аксари манотиқи рустоӣ ҳамагӣ аз 5 то 8 соат барқ дода мешавад.
63
Маҷлиси намояндагон – маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон 63 намоянда дорад. Дар интихоботи моҳи март аҳзоби мухолиф ягон курсии вакилӣ ба даст наоваранд.
14 000
60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз 14 000 пиряхи кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Тағйири иқлим дар 30 соли охир аз ин шумор ҳудуди 1000 пиряхро аз байн бурдааст.
26
Бино ба омори расмӣ, 26 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. СММ шумори чунин мардумро дар Тоҷикистон 40 дарсад мегӯяд.
165
Милаи 165-метрии парчами Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо 165 метр баландтарин милаи парчам дар дунё шинохта шудааст.
93
93 фоизи қаламрави Тоҷикистонро кӯҳистон ташкил медиҳад.