Расонаҳои давлатии Тоҷикистон ахиран гузоришҳои марбут ба гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро дар сархати ахбори худ қарор додаанд, дар ҳоле, ки то моҳе пеш расонаҳои давлати аз пӯшиши хабарҳои марбут ба ДИИШ ва ҳамоиши гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистаон ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" худдорӣ мекарданд. Ҳоло матлабҳо аз асорати занону кӯдакон, қиссаи ғуломфурӯшӣ ва куштори мардуми бегуноҳ аз сӯи ин гурӯҳ, дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои давлатии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Замоне оқибати ҷангро ҷавон бо чашми худ дид...
Аз 30 хабаре, ки “Ховар” - хабаргузории давлатии Тоҷикистон нашр мекунад, 10 хабараш марбут ба амалҳои гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои ифротии дигар аст. Ин дар ҳолест, ки то як моҳи пеш “Ховар” ба мавзӯи ДИИШ, ки ҳоло ба сархати тамоми шабакаҳои телевизионии ҷаҳон табдил шудааст, таваҷҷӯҳ нишон намедод. Нашри хабарҳо дар мавриди қатлу кушторҳо ва пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳоле дар расонаҳои давлатӣ афзоиш ёфтааст, ки раҳбарияти аксари онҳо моҳе пеш иваз шуданд.
Заробиддин Қосимӣ, директори Оҷонсии “Ховар” 7-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тағйири шеваи кори онҳо тақозои ҳамқадамӣ бо ҷаҳони муосир аст. Ӯ мегӯяд, нашри чунин хабарҳо ба хотири
огоҳонидани сокинон аст, то аз кирдорҳои ғайриинсонии гурӯҳҳои ифротӣ огаҳ бошанд ва дар тасмимгириҳояшон аз эҳтиёт кор бигиранд.
Ҷаноби Қосимӣ, ки тоза раҳбари ин оҷонсӣ шудааст, мегӯяд, талош доранд, ки дар муборизаҳои иттилоотӣ дастболо шаванд: “Мо танҳо кӯшиш карда истодаем, то саҳме дошта бошем дар муборизаҳои иттилоотӣ ва таъмини амну субот дар кишвари азизамон. Фикр мекунам, нашри чунин хабарҳо ҳатман ба зеҳни хонандагон таъсир мерасонад.
Оқибатҳои ҷангро, оқибатҳои нооромиро вақте бо чашми худ мебинанд, албатта, хулоса мебароранд. Насли калонсол оқибати нооромиҳоро хуб медонад, аммо насли ҷавон бехабар аст ва дар мисоли ҳодисаҳо дар ин кишварҳо бояд оқибатҳои сангини фаъолияти чунин гурӯҳҳоро дарк кунанд”, – мегӯяд раҳбари нави хабаргузории давлатии “Ховар”.
Ин масъули оҷонсии хабарии “Ховар” мегӯяд, ҳама гуна иттило дар хабаргузории онҳо бо касбият ва мувофиқ ба манофеи миллии Тоҷикистон нашр мешавад.
Холиқназаров: Ҷанги иттилоотӣ шадидтар мешавад
Оғози ташвиқи расонаҳои давлатӣ алайҳи напайвастани ҷавонон ба сафи гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” дар ҳолест, ки ҳоло, бар асоси иттилои расмӣ, беш аз 400 ҷавон дар ин ҷангҳо ширкат мекунанд ва бештар аз 120 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Сурия ва Ироқ кушта шудаанд.
Ҷонибдорони гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъоланд ва рӯзе даҳҳо наворҳои таблиғотиро бо забони русӣ ва тоҷикӣ дар саҳифаҳои худ нашр мекунанд. Ҳамчунин, онҳо радио, телевизион ва сомонаҳои худро бо забони тоҷикӣ фаъол кардаанд, ки ҳадафшаон ҷалби бештари ҷавонон аст.
Аммо Худойбердӣ Холиқназар, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, воқеан, ДИИШ аз камтарин созмони террористист, ки хеле фаъолона аз шабакаҳои иттилоотӣ истифода мебарад ва дар муқобили он кишварҳои дигар низ дар самти муборизаи иттилоотӣ бояд фаъол бошанд.
“Нашри наворҳои ҷангу хунрезӣ сирф ба он хотир аз ҷониби ин гурӯҳи террористӣ роҳандозӣ мешавад, ки мехоҳанд, аз ин тариқ таваҷҷӯҳи ҷавонҳое, ки аз пушти тамошои филмҳои аҷибу ғарибанд ва амалиёте, ки онҳо мегузаронанду мустақиман нишон медиҳанд, албатта зеҳни ҷавонони нофаҳмро ба худ мекашад. Ҷанги иттилоотӣ рӯз то рӯз шадидтар мешавад. Хуб аст, ки бо нишон додани чеҳраи воқеии тундгароён, зидди онҳо муборизаи иттилоотӣ барем.
Дар зеҳни ҷавонон бояд ин ҳақиқатро аз ҳама тараф бирасонем, ки ин як ҷанги бемаънӣ аст ва ҳамроҳ шудан ба он як кори беҳуда аст”, - мегӯяд ҷаноби Холиқназар.
Вақте зани ҷиҳодӣ се шавҳар дорад...
Аксар ҳамсӯҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе, ки телевизионҳои давлатиро тамошо мекунанд, мегӯянд, воқеан, таҳти таъсир қарор гирифтаанд.
Азим, як ҷавони 23-солаи тоҷик зимни сӯҳбат ба мо гуфт, дар телевизиони Тоҷикистон чор рӯзи пеш тамошо кардааст, ки чӣ тавр як зан ин ҷо ду шавҳар дорад, вале ба Сурия гуё ба ҷиҳод рафта, он ҷо шавҳари сеюм кардааст. Ӯ гуфт, пас аз тамошои ин навор нафраташ нисбати онҳое, ки “ҷиҳод” мераванд, бештар шудааст:
“Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд, саводи кофӣ надоранд. Мо фаҳмидем, ки ҷиҳод дар Сурия як сафсата будааст. Ҳамаи онҳо он ҷо кушта мешаванд ва зану кӯдаконашон даст ба дасту дар ба дар мешаванд. Пас аз тамошои наворҳои телевизион ва истифода аз интернет ба ин хулоса расидам”, гуфт Азим.
Бархе аз ҷавонони дигар мегӯянд, зулм ва сарбуриҳои ин гурӯҳи бо ном “Давлати исломӣ” онҳоро нигарон кардааст. Фирӯз, ҷавони дигари ҳамсӯҳбати мо гуфт: “Вайронкориву одамкушии онҳоро мебинӣ, рости гап, дилат сиёҳ мешавад. Ин амалҳои онҳоро дида, дар дилат каме тарс пайдо мешавад, ки Худо накарда онҳо ба ватани мо набиёянд, вагарна ҳоли мо чӣ мешавад? Лекин мо бовар дорем, ки ҳамаи онҳо кушта мешаванд ва пояшон ба ин ҷо намерасад”-, гуфт Фирӯз.
Дар миёни ҳамсӯҳбатони мо ҷавононе низ буданд, ки мегуфтанд, аслан аз серкорӣ фурсати тамошои ҳеҷ гуна шабакаро надоранд. Давлаталӣ, ҷавони ҳамсӯҳбати мо гуфт, рӯз то бегоҳ дар бозор савдо мекунад ва фурсате барои тамошои телевизион надорад. Ӯ мегӯяд, ба мисли ӯ, агар ҷавонон ба шуғле банд бошанд, ҳаргиз фикре аз гурӯҳҳои тундрав нахоҳанд кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад