Тоҷикистон дар ҳафтае ки рафт (4-10 июн)

Мӯҳсин Умарзода, аз маъруфтарин журналистони тоҷики муқими Тошканд дар синни 83 даргузашт.

Ҳайъати эъзомии САҲА дар нахустин гузоришаш фазои пешазинтихоботии Тоҷикистонро моломоли бефарқии мардум, бахусус ҷавон тасвир кардааст.

Вазорати дохилаи Тоҷикистон барои бори аввал ба Академияи пулиси Туркия донишҷӯ мефиристад.

Ду намояндаи сафорати Тоҷикистон рӯзи 6 август аз 10 тоҷики боздоштшуда дар "хаймазиндон"-и Голяновои Маскав дидан карданд.

Дар ин ҳафта низ аз Русия дар бораи боздошти садҳо тоҷик гузориш расид.

Вакилони Зайд Саидов дар як изҳорот ба бегуноҳии ӯ исрор карданд. Раиси Ожонси зиддифасод Фаттоҳ Саидов аммо гуфт, парвандаи ӯ то миёнаи август ба додгоҳ меравад.

Дар ин ҳафта исми нахустин довталабоне, ки соҳиби унвони донишҷӯ шуданд, маълум шуд.

Рӯзи 7 август дар як "Сайр" мардуми маълул имкони ҳаракати ин тоифа дар кӯчаҳои Душанберо имтиҳон карданд.

Дар арафаи иди Фитр нархи наво дар бозорҳои Тоҷикистон чун ҳамеша ба осмон "парвоз" кард

Субҳи 8 август, қабл аз намози ид дар масҷиди марказии Душанбе шаҳрдори пойтахт Муҳаммадсаид Убайдуллоев суханронӣ кард.

Дар тамоми масоҷиди ҷомеъи Тоҷикистон намози ид доир шуд.

Идгардаки кӯдакон дар яке аз кӯчаҳои Душанбе

Аҳзоби мухолиф дар ҷаласаи рӯзи 10 август барномаи "номзади ягона" ба интихоботи моҳи ноябрро баҳс карданд, вале исми ин номзад ҳанӯз мушаххас нашудааст.