“Хонаи Озодӣ”: Сатҳи демократия дар Тоҷикистон 4 сол боз пойин меравад

“Freedom House” дар гузориши наваш низоми ҳоким дар Тоҷикистонро режими собити худкома номида, гуфтааст, сатҳи демократия дар Тоҷикистон 4 сол боз паиҳам пойин меравад. Тарафдорони давлат ин иддаоро рад мекунанд.

Созмони “Freedom House” (“Хонаи Озодӣ”) дар гузориши солонааш бо номи “Nations in Transit” (“Кишварҳои дар ҳоли гузариш”) мегӯяд, дар 10 соли охир душманони демократия дар паҳнои Авруосиё густохтар шудаанд.

Бино ба ин гузориш, ки рӯзи 23 июн нашр шуд ва вазъи ислоҳоти демократӣ дар 29 кишвар аз Аврупои марказӣ то Осиёи Марказиро ба таҳлил кашидааст, “нишондиҳандаҳои демократия дар Тоҷикистон аллакай чор сол боз паиҳам пойин мераванд ва ҳукумат таъқиби пайваста алайҳи таҳдидҳои эҳтимолие – сар карда аз фаъолони мухолифин ва вакилони мудофеи онҳо ва рафта то пажӯҳишгаронро идома медиҳад.”

Ба ақидаи муаллифи гузориш Силвана Ҳадбанк-Котачковская, дар Тоҷикистон “ истифодаи низоми гапдарои адлия барои анҷоми чунин таъқибот ба нуқтаи авҷаш расида” ва шароити зиндонҳо дар ин кишвар хеле бад боқӣ мемонад. Интиқоди дигари “Freedom House” дар бахши Тоҷикистони гузоришаш аз тасвиби қонуне дар поёни соли 2014 аз сӯи парлумони ин кишвар аст, ки созмонҳои ғайридавлатиро ба сабти номашон ҳамчун “агенти хориҷӣ” маҷбур мекунад. Муаллиф мегӯяд, ин қонун нусхаи айни қонуни дар соли 2012 таҳиякардаи Русия аст, ки акнун муттаҳидони Русия нусхабардорӣ мекунанд.

“Freedom House” низоми ҳоким дар Тоҷикистонро “consolidated authoritarian regime” - режими собити худкома (авторитарӣ) унвон мекунад. Ба ҳисоби ин созмон, аз соли 2005 ба ин тараф шумори режимҳои собити худкома дар паҳнои АвроОсиё аз 3 ба 7 расида, теъдоди демократияҳо дар ин паҳно баръакс аз 8 то 7 кам шудааст.

Тоҷикистон низ дар баробари Русия, Озарбойҷон ва Қазоқистон аз ҷумлаи 4 “узв”-и ҷадиди “маҳфил”и режимҳои собити худкомаи Авруосиёст. Ин “маҳфил” 10 сол пеш танҳо Узбакистону Туркманистон ва Беларусро дар бар мегирифт. Ин нукта низ қобили таваҷҷӯҳ аст, ки ҳамаи режимҳои собити худкомаи Авруосиё кишварҳои пасошӯравие мебошанд, ки дар меҳвари Маскав ҷамъ шудаанд.

Аммо Фирӯза Шарифова, муовини якуми раиси созмони “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон рӯзи 24 июн дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, арзёбиҳои “Freedom House” дар мавриди Тоҷикистонро қабул надорад: “Мо чӣ гуна режими авторитарием, вақте мухолифин ҳам дорем-ку? Агар авторитарӣ мешудему режими сахт мешуд, аз куҷо озод сухан мекарданд онҳо? Озодии сухан, озодии баён ҳаст дар Тоҷикистон. Марҳамат! Мухолифин озодона фаъолият доранд. Дар паҳлуи фаъолияти сиёсӣ фаъолиятҳои тииҷоратӣ ҳам дорад шояд. Ҳеҷ кас онҳоро таъқиб намекунад-ку. Аммо ман мухолифи онам, ки вақте як касро барои ҷинояти мушаххас дастгир мекунанд, даррав ақидаҳои сиёсиашро ба ёд оварда, бо мухолифи ҳукумат эълон кардани худ мехоҳад ба парвандааш ҷилои сиёсӣ ва ҷомаи сиёсӣ пӯшонад ва аз ин барои худ сипар бисозад.”

Фирӯза Шарифова интихоботи парлумонии рӯзи 1 март ва махсусан ширкати фаъолонаи занон дар ин маъракаро як намунаи дигари сатҳи баланди демократия дар Тоҷикистон номид.

Дар ҳамин ҳол, Амнияти Абдулназар аз ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳамин интихоботи 1 мартро як намунаи барҷастаи набуди демократия дар ин кишвар медонад: “Демократия ин пеш аз ҳама ҳокимияти халқ аст ва ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсӣ ва интихобот мебошад. Вале дар Тоҷикистон аслан интихобот нест. Агар интихобот шаффоф мегузашт, магар тамоми ҳизбҳои тамоюлашон демократӣ бе ягон натиҷа мемонанд? Ё ҳизби наҳзати ислом? Ҳамзамон байни давлат ва мардум фосилаи бузурге ба вуҷуд омадааст. Давлат мардумро ба худиву бегона тақсим кардааст ва шаҳрвандон аз имкони ширкат дар идораи давлат маҳрум карда шудаанд. Ин заррае ба демократия наздик нест.”

Дар маҷмӯъ 80 дарсади аҳолии АвроОсиё, бино ба ба бароварди “Freedom House”, таҳти султаи режимҳои худкомаву нимахудкома ба сар мебаранд. Гузоришгарон бахусус ба шиддат аз Русия интиқод мекунанд ва ин кишварро “иртиҷоӣ” ном бурда, менависанд, Маскав таҳти султаи Владимир Путин ва атрофиёнаш дар 10 соли охир тавонист тамоми дастовардҳои демократии солҳои гузаштаашро зери по карда, ба хайли режимҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон бипайвандад. Бино ба ин гузориш, Русия махсусан дар соли 2014 ва бавижа баъди дахолатҳои ошкораш дар бӯҳрони Украина аз масири демократия ақиб нишастааст.

Танҳо “+”-и Тоҷикистон ин аст, ки назар ба 6 узви дигари “маҳфил”-и кишварҳои худкомаи минтақа холи камтар дорад. “Freedom House” тибқи ҷадвали 7-балла низоми худкомаи ҳоким дар Тоҷикистонро 6,25 хол баҳо додааст. Барои муқоиса, баҳои Русия 6,5 ва аз Узбакистону Туркманистон – аз ҳама баландтарин, яъне 7 балл аст.

“Freedom House” низоми ҳоким дар Қирғизистону Арманистонро режимҳои нимахудкома, дар Молдова, Украина ва Гурҷистон режимҳои омехтаи дар ҳоли гузариш, ки метавонад дар фарҷом ё ба низоми худкома табдил шавад ваё ба низоми демократӣ, меномад. Аз байни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо се кишвари соҳили Балтик – Латвия, Литва ва Эстония – соҳиби низоми демократӣ арзёбӣ шудаанд.

Гузашта аз ин, ин се кишвар дар се зинаи аввал дар садри ҷадвали “Freedom House” қарор дошта, аз нигоҳи дастовардҳои демократӣ ҳатто аз кишварҳои пасокоммунистии Аврупои шарқиву марказӣ, ба мисли Ҷумҳурии Чех, Полша ва Словения болотар гузошта шудаанд.

Ба сурати умум, бино ба ин гузориш, рушди демократия дар Авруосиё дар як соли охир нафақат кунд шудааст, балки озодиҳои сиёсӣ дар ин паҳно ба мухолифати нирӯҳое рӯбарӯ шудаанд, ки орзуи шикасти демократия дар ин кишварҳоро дар сар доранд.