Агар дар Тоҷикистон ҳастед, моҳи октябри имсол афроде дар даст варақаҳои зиёд ба хонаҳои Шумо меоянд ва аз ҷумла мепурсанд, ки ҳаммом ё "сауна" доред ё не. Ҳадафашон истироҳат дар ҳаммоми Шумо нест, балки нуфусшуморӣ дар Тоҷикистон ва маълум кардани он аст, ки аҳолӣ чӣ қадар шудааст ва мардум чӣ дорад ва ё чӣ надорад. Ин афрод масъули ба рӯйхат гирифтани аҳолӣ ҳастанд, ки аз 1-ум то 15-уми октябр идома мекунад ва яке аз рӯйдодҳои муҳиму зарурӣ барои барномарезиҳои стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Фикр намекунам, ки ҳукумат тағйиротеро барномарезӣ карда бошад, чун ҳеч гуна аломати онро надидем.Марат Мамадшоев
Рӯйдоди муҳимтар андаке дертар ва моҳи ноябр сурат хоҳад гирифт. Меҳмонони коғазбадасти дигар меоянд, вале дар бораи ҳаммом намепурсанд, балки ба дасти Шумо даъватнома ба интихоботи раёсати ҷумҳуриро медиҳанд, то раҳбари ояндаи Тоҷикистонро интихоб кунед.
Тоҷикистонро дар соли 2020 ва дар оғози як даҳсолаи нав чанд рӯйдоди муҳим мунтазир аст. Интихоботи порлумонӣ дар моҳи март, нуфусшумории аҳолӣ дар моҳи октябр ва интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябр.
Эмомалӣ Раҳмон дар қудрат мемонад ё меравад?
Дар ин миён пешгӯиву тахминҳо дар бораи интихоботи президентӣ зиёд аст ва дар бораи эҳтимоли хотимаи ҳукуматдории раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва гузаштани қудрат ба дасти каси дигар. Як соли ахир зиёд мешунавем, ки Эмомалӣ Раҳмони 67-сола шояд бо хотимаи даври 7-солаи раёсати ҷумҳуриаш курсиро ба писараш Рустам Эмомалии 32-сола бидиҳад. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ баъд аз паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон дар рӯзи 26-уми декабри соли 2019 навишт, "паём, як навъ "васиятнома"-и раиси ҷумҳур аст. Яъне Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи ноябри соли 2020 номзадиашро пешбарӣ намекунад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо баръакс дар ин паём Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои 7 соли ояндаи ҳукуматро шарҳ медоду муаррифӣ мекард. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва таҳлилгари тоҷик, ҳеч шак надорад, ки ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон идома мекунад.
Ӯ рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мушоҳидаҳову муқоисаҳо нишон медиҳад, ки раҳбарони Русия, Қазоқистону Узбекистону Туркманистон, ба истиснои Қирғизистон, то охир истоданд. Имони комил дорам, ки чанд дафъае даркор бошад, то лаҳзаи охир аз тариқи ширкат дар интихобот ва бо истифода аз усулҳои ғайримашруъ Эмомалӣ Раҳмон мемонад ва ба ҳеч каси дигар ва аз ҷумла пайвандону фарзандонаш эътимод надорад."
Айни назарро Марат Мамадшоев, хабарнигори тоҷик дорад ва мегӯяд, "Эмомалӣ Раҳмон дигарбора дар қудрат мемонад."
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари дигар ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар мавриди мондан ё намондани номзадиаш ба мақоми президент ҳадсу тахминҳо зиёданд, вале як чиз мусаллам аст, ки Раҳмон қудратро ба касе берун аз оилааш доданӣ нест... Ба эҳтимоли бештар ин номзад Рустами Эмомалӣ аст."
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 раҳбари Тоҷикистон аст ва солҳои ахир барои маҳдуд кардани озодиҳои бунёдии инсон ва саркӯби мухолифону дигарандешон мавриди танқиди зиёд қарор гирифтааст. Сиёсатшинос Абдулғанӣ Мамадазимов ба ин назар аст, ки аз ҳоло ҳадсу тахмин задан дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барвақт аст.
Ӯ рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳоло фақат метавонем, дар бораи интихоботи порлумонӣ гап занем. Дар бораи интихоботи президентӣ фақат баъди интихоби вакилон метавонем пешбинӣ кунем."
Интихоботҳо чӣ гуна хоҳанд гузашт?
Дар воқеъ, рӯйдоди дигари муҳими сиёсии Тоҷикистон интихоботи порлумонист, ки рӯзи 1-уми март баргузор мешавад. Худи Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Маҷлиси намояндагон хост, мақомот ба ҷараёни интихобот дахолат накунанд, то он шаффофу демократӣ сурат бигирад. Ӯ таъкид кард, ки "дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд."
Таҳлилгарон мегӯянд, ба самимӣ будани чунин баёнияҳо зиёд бовар надоранд, чун дар гузашта ба ин монанд гапро шунидаанд, вале натиҷа дигар будааст. Шокирҷон Ҳакимов аз зумраи онҳоест, ки дар интихоботҳои гузашта ширкат кардааст. Ӯ мегӯяд: “Бори аввал нест, ки президенти Тоҷикистон ба ҳайси кафили иҷрои Конститутсия, интихоботи одилонаву озод ва иштироки бидуни фишору таҳдидро кафолат медиҳад. Боис ба таассуф аст, ки бо истифода аз номи президент ва Ҳизби халқии демократӣ пеш аз ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раҳбарияти сатҳҳои дигар раванди интихоботу раъйпурсиҳоро халалдор мекунанд."
Ба қавли ӯ, агар ҳукумат воқеан хоҳони интихоботи шаффофу демократӣ мебуд, то ҳол онҳоеро ҷазо медод, ки дар интихоботҳои гузашта дахолат кардаанд.
"Ба хотири плюрализми сиёсӣ"
Дар порлумони феълӣ аксарият узви Ҳизби халқии демократӣ зери раҳбарии президент ҳастанд. Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби демократ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрӣ ҳам намояндагони бисёр кам доранд, бо вуҷуди онки ҳамаи ин ҳизбҳоро офаридаи ҳукумат меноманд.
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, таркиби Маҷлиси намояндагон андаке тағйир меёбад, "вале ҳама "ҳизбҳои мухолиф", ки вориди порлумон мешаванд, бештар аз лӯхтакҳое нестанд, ки ба хотири плюрализми сиёсӣ зинда будани худро нишон медиҳанд, вале дар асл, аз хатти кашидаи ҳукумат берун қадам намегузоранд."
Марат Мамадшоев ҳам мегӯяд, агар ҳукумат мехост, барои ба миён омадани дигарандешии воқеӣ тағйире дар Маҷлиси намояндагон ворид кунад, аз ҳоло аломатҳои он ҳувайдо мешуд. Ӯ гуфт: "Фикр намекунам, ки ҳукумат тағйиротеро барномарезӣ карда бошад, чун ҳеч гуна аломати онро надидем. Дар чунин низомҳо фақат фишори сахт метавонад, сиёсати ислоҳотро ба вуҷуд биёрад. Метавонад, фишори ҷомеа бошад ё аз берун. Ман чунин талабот ба тағйиротро намебинам."
"Дар низом тағйири зиёде ба вуҷуд намеояд"
Ҳеч яке аз интихоботҳои Тоҷикистон то кунун бар тибқи арзёбиҳои нозирони байналмилалӣ шаффофу демократӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтааст.
Ба гуфтаи Абдулғанӣ Мамадазимов, ҳоло Тоҷикистон бояд сари ин масъала андеша кунад: "Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ки ба 30-солагии истиқлол омодагӣ мегирад, ба як интихоботи озоду шаффоф ниёз дорад. Дар Тоҷикистон имрӯз 7 ҳизби сиёсӣ амал мекунанд, ҳамаашон дунявӣ ҳастанд. Ба характери давлатдории миллӣ мухолифат намекунанд, агар ҳар кадоме аз онҳо ба ғайр аз Ҳизби Халқии Демократӣ ҳам пирӯз шаванд, тағйири зиёде дар низом ба вуҷуд намеоранд, вале метавонанд, ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистонро ҷоннок кунанд."
Дар Тоҷикистон то соли 2015 Ҳизби наҳзати исломӣ вуҷуд дошт, ки як ҳизби умдаи мухолифи ҳукумат ба ҳисоб мерафт ва дар порлумон намоянда дошт. Баъди ба гуфтаи мақомот ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон, дар моҳи сентябри соли 2015 ҳизбро бо иттиҳоми даст доштан дар ин ошӯб созмони террористӣ эълон карданд. Раҳбарони ҳизб, ки иддаоро бофтаву беасос ва баҳонае барои аз саҳнаи сиёсӣ рондани ҳизб номиданд, ба Аврупо паноҳ бурданд.
Бонкҳо, муҳоҷирон ва...
Ду рӯйдоди муҳими сиёсии Тоҷикистон дар соле сурат мегиранд, ки мушкилоти иқтисодии мардум камтар нашудааст, ҳукумат сармояву манобеи зиёд барои кумак надорад. Эътимод ба бонкҳо бисёр поин рафтааст, муҳоҷирон мисли солҳои пеш саховатмандона пул намефиристанд ва соҳибкорон аз молиёти зиёду тафтишҳои пайдарпай шикоят мекунанд.
Аз як тараф нооромӣ дар Афғонистони ҳамсоя ва аз дохил ифротгароии динӣ ҳукуматро нигарон кардаст. Бо вуҷуди ҳамаи ин коршиносону таҳлилгароне, ки Радиои Озодӣ суҳбат кард, тағйироти фавқулодаеро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон интизор надоранд.
Вале ҳукумат ду интизор дорад, интизороти манфӣ. Яке ин ки имсол ҳам дар Тоҷикистони камзамин 40 ҳазор гектар замин табоҳ ва ғайриқобили кишт мешаванд ва 2 миллион китоб ҳамчунон дар анборҳои нашриётҳо нохонда мемонанд. Инро на ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, балки худи раиси ҷумҳур дар паёмаш дар рӯзи 26-уми декабри соли 2019 гуфт.