Тоҷикистон дар интизори 220 миллион доллари СБП

Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул ҳангоми мулоқот бо мақомҳои тоҷик

Як ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул (International Monetary Fund) ба раҳбарии Падамҷа Ханделвал барои гуфтугӯ бо мақомот вориди Тоҷикистон шудааст. Душанбе умед дорад, ки бо анҷоми гуфтугӯҳо, аз Сандуқи Байналмилалии Пул 220 миллион доллар қарз дарёфт мекунад.

Рӯзи 5-уми март мулоқоти ҳайати СБП бо масъулони Бонкми миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва Ҷамолиддин Нуралиев муовини раиси бонк сурат гирифт.

СБП nанҳо соли 2017 барои дубора оғоз кардани барномаҳояш ибрози омодагӣ карда, дар иваз дар назди Тоҷикистон 15 шарт гузошт. Шартҳои созмон марбут ба ислоҳот дар иқтисодиёту сохтори бонкӣ ва қонунгузорӣ буд

Бинобар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, хонум Падамҷа Ханделвал дар ин дидор аз якчанд пешрафт, аз ҷумла коҳиши қарзҳои ғайрифаъол дар соҳаи бонкӣ ёдовар шуда, боз ҳам бар сари то ба охир расонидани ислоҳот дар бахши бонкӣ таъкид кард.

Дар робита ба бӯҳрони бонкҳо, аз ҷумла ҳалли бӯҳрони "Агроинвестбонк" СБП чанд роҳҳалеро ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки зоҳиран ҳеҷ яке аз онҳо то ба ҳол амалӣ нашуданд ва гиреҳи мушкили ин бонк ҳанӯз бозношуда боқӣ монад.

Тавсияи СБП аз ҷумла муфлис эълон кардани ин бонк ва аз роҳи фурӯши амволаш додани қарзи мардум ва роҳи дигар, ба ду бонки алоҳида тақсим кардани "Агроинвестбонк", ки ба ихтиёри яке кредитҳои солим ва ба дигарӣ қарзҳои мушкилдору ба таъхирафтода во гузошта мешавад.

Дар ин дидор Ханделвал дар робита ба "коҳиш додани қарзҳои беруна", "ҷалби бештари сармояи хориҷӣ", ва "рушди бозори коғазҳои қиматнок", ибрози назар кард.

Оё Тоҷикистон тавсияҳои СБП-ро иҷро кардааст?

​Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Бинобар иттилои охирини Вазорати молия, қарзи берунаи Тоҷикистон ба 2 миллиарду 924 миллион долар расидааст, ки ба 38,9 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти кишвар баробар аст. Аммо ба арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, қарзи хориҷии Тоҷикистон аз марзи 50 фисад бештар шудааст.

Соли гузашта Тоҷикистон ба 500 миллон доллар авроқи гаронбаҳо ва ё ба истилоҳ "евробондҳо"-ро бо баҳраи беш аз 7 дарсади солона ба фурӯш баровард. Ин маблағ низ ба қарзи берунаи Тоҷикистон зам шуд ва сарбории будҷаи кишвар барои пардохти қарзу фоизҳои хорҷиӣ бештар шуд. Ин аст, ки созмонҳои байнамилалӣ, аз ҷумла СБП бар сари коҳиши додани мизони қарзи хориҷӣ таъкид мекунанд.

Як ҳамсӯҳбати огоҳи Радиои Озодӣ аз раванди музокироти Тоҷикистон ва СБП бар сари барномаи қарзии имтиёздор гуфт, кишвар аксар шарту тавсияҳои пешгузоштаи ин созмонро иҷро кардааст. "Ба ҷуз аз тақсимоти ширкати "Барқи тоҷик" ва ҳалли мушкили қарзҳои он, ки хеле ба мушкилӣ пеш меравад"-, афзуд ҳамсӯҳбати мо.

"Ҳоло намешавад чизе гуфт"

​Юрий Соболев, роҳбари Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон, рӯзи 5-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сафари ҳайат аз рӯзи гузашта оғоз шуда, ду ҳафтаи дигар идома мекунад.

Падамҷа Ханделвал, намояндаи СБП.

"Ҳоло ҳайат бо роҳбарони идораҳои блоки иқтисодӣ музокиротро оғоз кард. Қарор аст, бо роҳбарони Вазорати рушди иқтисоду савдо, Вазорати молия ва Бонки миллӣ суҳбат шавад. Аммо то анҷоми музокирот дар бораи натиҷаи он чизе гуфта наметавонам", -иброз дошт Соболев.

Тоҷикистон аз соли 2014 ба ин тараф ба таври фаъол талош дорад, ки дубора аз ин созмон қарзҳои боимтиёз ба даст орад. Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон нахуст гуфта буданд, ки ният доранд аз ин созмон 500 миллион доллар қарз гиранд. Аммо коршиносони СБП пас аз арзёбии вазъи молӣ ва тавони пардохтпазирии Тоҷикистон хулоса карданд, ки кишвар наметавонад аз 220 миллион доллар бештар вом бигирад.

​Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ, дар нишасти хабарии моҳи феврал гуфт, "мо дар арафаи музокироти ниҳоӣ қарор дорем. Ҳамоҳангсозии баъзе аз масъалаҳо ҳанӯз идома дорад ва гуфта наметавонам, ки созишномаи қарзӣ имзо мешавад ва ё не. Ҳама чиз аз раванди музокирот ва шартҳои кредит вобаста аст". Нурмуҳаммадзода гуфт, дар сурате, ки аз Сандуқи Байналмилалии Пул қарз дарёфт кунанд, он барои ҳимояи молии будҷаи кишвар равона мешавад.

Тоҷикистон 10 сол боз аз қарҳои СБП бенасиб аст

Пас аз моҷарои "пешниҳоди иттилои бардурӯғ" ва "истифодаи ғайримақсадноки" қарзҳои Сандуқи Байналмилалии Пул аз соли 2009 ин созмон барои Тоҷикистон барномаи наверо тасдиқ накардааст. Тақрибан даҳ сол боз кишвар аз қарзу грантҳои ин созмон бенасиб аст.

Сандуқи Байналмилалии Пул танҳо дар соли 2017 барои дубора оғоз кардани барномаҳояш ибрози омодагӣ карда, дар иваз дар назди Тоҷикистон 15 шарт гузошт. Шартҳои созмон марбут ба ислоҳот дар иқтисоду сохтори бонкӣ ва қонунгузорӣ буд.

Аз ҷумла, коршиносони созмон аз Тоҷикистон хостанд, ки "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро муфлис эълон кунад ва ба ширкатҳои алоҳида имтиёз надиҳад. Инчунин, мутахассисони Сандуқи Байналмилалии Пул бо ин ки аз бунёди нерӯгоҳи Роғун пуштибонӣ мекунанд, маблағгузорӣ шудани ин тарҳ аз ҳисоби буҷетро машварат намедиҳанд.