Иқтисод дар Тоҷикистонро "ноозод" хонданд. Далели Бунёди Мерос ва посухи мақомот чист?

Бозори "Меҳргон"-и Душанбе

Тоҷикистон имсол дар Шохис ё индекси озодии иқтисодии Бунёди Мерос (Heritage Foundation) боз ҳам ба рӯйхати кишварҳое бо иқтисоди "умтадан ғайриозод" шомил карда шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ба ин гузориш ҳанӯз вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта ҳамвора гуфтаанд, ки арзёбиҳои пажӯҳишгарони хориҷӣ на ҳамеша бо воқеиятҳои кишвар созгор аст.

Таҳқиқоти ахири муҳаққиқони Бунёди Heritage рӯзи 17-уми март нашр шуд ва дар он дар миёни 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар мақоми 155-ум қарор гирифтааст.

Дар феҳрасти кишварҳое бо бештарин сатҳи озодии иқтисодӣ дар ҷаҳон номи Сингапур, Ҳонгконг ва Зеландияи Нав зикр шуда, дар радифи кишварҳое бо иқтисоди саркӯбшуда Куба, Венесуэла ва Кореяи шимолӣ ҷой гирифтаанд.

Муаллифони гузориш мегӯянд: "Иқтисоди Тоҷикистон тайи 16 соли ахир дар раддабандии созмон ғолибан ғайриозод ташхис дода шудааст. Агарчи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) боло рафтааст, ин ба харҷи пулҳои фиристодаи муҳоҷирон аз Русия аз сӯи хонаводаҳо, сармоягузорӣ ва содироти маъданҳо, монанди тилову сурбу рӯҳ рабт дорад."

Дар гузориш омадааст, "режими худкомаи пасошӯравӣ озодиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистонро бозмедорад". Натиҷаи ин сиёсат, ба гуфтаи муҳаққиқон, "фақру бекорӣ, қаноат, камбуди нирӯи барқ ва саркӯби сиёсӣ аст".

"Барои дар роҳи озодиҳои бештар қадам бардоштани Тоҷикистон ба як ҳукумати озодтару демократӣ ниёз ҳаст, то ба ислоҳоти густарда ва қотеъ барои тақвияти қонун, ислоҳи бозори кор ва эҷоди фазои гармтари сармоягузорӣ икдом кунад", - омадааст дар гузориш.

Муҳаққиқон мегӯянд, талошҳои мақомот барои ислоҳот дар бахши тиҷорату соҳибкорӣ ва хусусигардонӣ фазои сармоягузориро беҳтар накардааст. Ҳамоно пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз хориҷ ба ватан бахши аъзаме аз харҷҳои асосии дохилиро ташкил медиҳад.

Муҳаққиқон навиштаанд, дар Тоҷикистон арзиши умумии содироту воридоти маҳсулот ва хадамот ба 56.6 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст. Бахши молия рушднакарда боқӣ монда ва шадидан таҳти назорати давлат аст ва ба пешрафти бахши хусусӣ ҷиддан монеъ мешавад.

Коршиносони байналмилалӣ аз Тоҷикистон тайи солҳои охир барои боло будани мизони андоз, мушкилот дар тиҷорати хурду бузург, соҳаи бонкдорӣ, вобаста будан аз даромади муҳоҷирони тоҷик дар Русия дилсардии сармоягузорони хориҷӣ ва боло будани мизони фасоду ришвахорӣ пайваста интиқод мекунанд.

Мақомоти тоҷик, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳои худ вуҷуди мушкилот дар ин арсаҳоро эътироф мекунад ва аз зердастонаш ҳамеша тақозо кардааст, ки ба фикри ислоҳи вазъият бошанд.

Вале мунтақидон раиси ҷумҳур ва наздикони ӯро ба тамаркузи қудрат ва инҳисори бахшҳои пурдаромади иқтисоду тиҷорат муттаҳам карда ва мегӯянд, ки ин сиёсат дар ниҳоят монеи рушди иқтисоди Тоҷикистон шудааст.

Аз ҷумла, дар гузориши Бунёди Heritage омада, ки "низоми мустақили додгоҳӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва додгоҳҳо агарчи ба ном мустақиланд, вале вобаста ба шохаи иҷроияи давлатанд, судяву прокурорҳо омӯзиш надидаанд ва ришвахорӣ ба таври густарда ривоҷ дорад. Непотизм ё интисоби хешу табори раҳбарон ба мансабҳои давлатӣ, низоми табъизомези истихдом ва шабакаҳои пуштибонии мансабдорон аз якдигар аз вижагиҳои асосии ҳаёти сиёсӣ дар Тоҷикистон аст".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!