Тоҷикистон қарзҳояш аз Узбакистон ва Эронро бармегардонад

Вазорати молияи Тоҷикистон эълон кард, ки бо вуҷуди буҳрони молӣ имкони бозпас додани қарзҳояш аз Узбакистону Эронро дорад. Душанбе танҳо аз Тошканд 200 миллион доллар қарздор аст.

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ки қарзи кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Узбакистон, Қазоқистон ва Эронро пурра пардохт хоҳад кард.

Аҳлиддин Нуриддинзода, сардори Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармояи идораи давлатии вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 3 август бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “воқеан Тоҷикистон ният дорад, то қарзҳои давлатии худро, ки дар назди бархе аз кишварҳои хориҷӣ, ба хусус кишварҳои минтақа дорад, ба тадриҷ ва пурра пардохт кунад.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Нуриддинзода, дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи давлатӣ дар назди Узбакистон беш аз 2 миллион доллар, Қазоқистон 0,61 миллион доллар, Эрон 4,50 миллион доллар ва Сандуқи қувайтии рушд 3,75 миллион долларро ташкил додааст. Аммо ҳаҷми пурраи қарзи давлатӣ дар назди Узбакистон 200 миллион доллар мебошад.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати молия, Тоҷикистон бо вуҷуди таҳаввулоти иқтисоди ҷаҳон ва Русия тавоноии баргардондани қарзи кишварҳои минтақа ва ҳамин тавр созмонҳои байналмилалии молиро дорад.

Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ ҳаҷми қарзи берунии Тоҷикистонро ба давраи 1 июли соли ҷорӣ 2,1 миллиард доллар арзёбӣ карда буд.

Ба гуфтаи Каримзода, ин нишондод 19,5 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки ба стратегияи мудирияти қарзи берунӣ мутобиқат мекунад. Ба гуфтаи Ҷамшед Каримзода, дар ин давра “идоракунии қарзи берунӣ дар сатҳи мӯътадил нигоҳ дошта шуда, хизматрасонии он ба пуррагӣ таъмин карда шудааст. Ин аст, ки дар ин муддат маблағи 70,7 миллион доллар, аз ҷумла 55,09 миллион доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва 15, 6 миллион доллар барои фоиз ё суди қарз ҷудо шуда ва таъмин гардидааст.

Ба иттилои масъулони вазорати молияи Тоҷикистон дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ қарзи берунии кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблғи 34, 6 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Қарздиҳандагони аслии Тоҷикистон Чин – 942 миллион доллар, Бонки Ҷаҳонӣ – 312 миллион доллар ва Бонки осиёии рушд 262 миллион доллар мебошанд.