ВКХ: Бо Маскав барои расидагӣ ба қазияи марги Умари 5-моҳа ҳамкории ҷиддӣ дорем

Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, бо вазорати корҳои хориҷии Русия дар масъалаи расидагӣ ба қазияи марги Умари 5-моҳа дар Санкт-Петербург ҳамкории ҷиддӣ дорад.

Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 23 октябр зимни брифинги матбуотӣ дар бораи ҳодисаи марги Умари 5-моҳа дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Атоӣ, раҳбарияти Тоҷикистон, ба хусус вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нисбат ба марги Умари 5-моҳа андӯҳгин аст ва аз нахустин рӯзҳои рух додани он тамоми чораҳоро ба таври ҷиддӣ ва қотеона рӯ даст гирфтааст.

Ҷаноби Атоӣ афзуд, дар канори он, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия барои расидагӣ ба ин ҳодиса муваззаф шудааст, ҳамчунин ҷониби Русия дар сатҳи олӣ, аз ҷумла вазорати корҳои хориҷии он ҳамарӯза бо вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита аст ва барои ҳалли он кӯмаку мусоидати худро мерасонад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазорати умури хориҷӣ дар бораи қазияи марги Умари 5-моҳа

Ҳатто ба гуфтаи Абдулфайз Атоӣ, вазорати корҳои хориҷи Русия дар рӯзи авали ҳодиса бо ирсоли ёддоште нисбати марги Умаралии 5 – моҳаро иҳзори тасаллияту ҳамдардӣ баён кардаст, ки дар тӯли беш аз ду даҳсола ин амр бесобиқа аст.

Ҳарчанд ҷаноби Атоӣ ибрози умедворӣ кард, ки мақомоти Русия ҳар чӣ зудтар ба ин қазия расидагӣ кунанд, аммо ҳамзамон гуфт, ки барои расидагӣ ва ҳалли он ба вақт ниёз дорем.

Ҳамзамон сардори Департаменти иттилоот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз журналистон хост, то аз рӯи эҳсосот ба ин ҳодиса баҳо надиҳанд ва дар инъикосу пайгирии он таҳаммулпазир бошанд.

Рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар Рустам Назаров ва Зарина Юнусова, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо писари панҷмоҳаашон Умари Назаров боздошт карданд.

Сипас, пулис Умари 5-моҳаро аз волидайнаш ҷудо карда ва падару модари ӯро дар утоқи бозпурсӣ муддати 5 соат нигаҳ доштааст. Баъдан ин тифлро ба бемористон интиқол доданд. Волидони Умар рӯзи дигар хабари марги ӯро дарёфт карданд.