Таъсиси Кумитаи нав. Роҳи воридоти маҳсулоти пастсифат баста мешавад?

Дар охирин маҷлиси ҳукумат дар соли 2017, ки рӯзи 29-уми декабр баргузор шуд, мақомот аз таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд. Ин ниҳод дар заминаи сохторҳои як моҳ пеш барҳамхӯрдаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ амал хоҳад кард.

Бинобар иттилои нави Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли равон ба кишвар ба андозаи беш аз 38 миллион доллар гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ворид шудааст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар як интиқодаш рӯзи 28-уми ноябр аз вуруди гӯшти пастсифати мурғ ба Тоҷикистон шадидан нигаронӣ ва раҳбарони панҷ ниҳоди масъули ин ҷараёнро муҷозот кард. Ҳоло мақомот мегӯянд, ки кумитаи нави масъул бояд назорати маҳсулоти ғизоии воридшаванда ба Тоҷикистонро назорат кунад ва нагузорад, ки маводи хилоф бо меъёрҳои бехатариву тандурустӣ дар фурӯш гузошта шавад. Дар як мавриди ахир мақомоти додситонӣ ба таҳқиқи ҳодисаи бар асари заҳролудшавӣ аз истеъмоли ҳасиб даргузаштани тифли сесоларо дар ноҳияи Восеъ шурӯъ карданд, ки аз бозори маҳаллӣ харида шуда буд.

Баъди интиқоди шадиди президент аз сифати ғизо, телевизионҳои давлатӣ ҳамарӯза аз ошкорсозии маҳсулоти воридотии пастсифат гузоришҳо пахш мекунанд. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти воридшаванда ба Тоҷикистон, ба иттилои вазорати иқтисоди кишвар, тахминан 20 дарсадашро маҳсулоти ғизоӣ (соли 2015) ташкил медиҳад ва дар миёни кишварҳои асосии воридкунанди ғизо Русия, Қазоқистон ва Чин номбар мешаванд.

Маҳсулоти аз берун воридшаванда аз орду гӯшти мурғ сар карда то маҳсулоти ширӣ ва оби меваро ташкил медиҳад. Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳанӯз имкони пурра аз ҳисоби бозору истеҳсоли ватанӣ таъмин кардани бозори ғизоро надорад ва барои солҳои наздик вобастаи бозори беруна боқӣ мемонад. Танҳо ниёз ба гӯшти парранда соле 64 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ин маҳсулот аз кишварҳои мухталифи хориҷаи дур ворид карда мешавад.

Дар ҳоле, ки мақомот нигаронӣ аз сифати ғизои истеъмолшаванда дар Тоҷикистонро хеле ҷиддӣ мегӯянд, бархе коршиносон ба ин назаранд, ки бояд методи ворид шудани ин маҳсулот ва фурӯши он дар Тоҷикистон бозбинӣ шавад. Иқтисодшинос Нур Сафаров мегӯяд, шояд таъсиси сохторҳои нави назоратӣ мушкили ғизои бадсифатрор пурра ҳал накунад, балки бояд тамаркузро болои мубориза бо фасод дар ин соҳа равона кард, то ки шонси ба дасти истеъмолкунанда афтодани моли бад ва заҳролудшуда аз байн равад:

Нур Сафаров гуфт: "Ба ҷойи як сохтор ҳукумат агар сад ниҳоди дигар таъсис диҳад ҳам, ин мушкил бартараф нахоҳад шуд. Зеро, масъули иҷозати воридоти маҳсулот боз ҳам ҳамон шаҳрванди Тоҷикистон хоҳад буд. Боварӣ надорам, ки пешниҳоди ман дар солҳои наздик шунида мешавад, вале танҳо роҳи ҳалли ҷилавгирӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат дарёфти ҳуҷҷатҳои мутобиқати ин маҳсулот аз тарафи марказҳои санҷишии байналмиллалӣ мебошад. Дар ин сурат шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни ҳарос аз бозору мағозаҳо маҳсулотеро харидорӣ кунанд, ки ба саломатиашон осеб намерасонад”.

Абдулмалик Қодиров.

Аз назари коршиносони дигар, барои баҳогузории дуруст ба сифати маҳсулоти ғизоии воридшаванда ба кишвар, сатҳи касбии мутахассисони масъул ҳам бояд мувофиқ ба ин талабот бошад. Абдумалик Қодиров, як таҳлилгари дигари тоҷик мегӯяд, сатҳи ҳирфаии кормандони ниҳодҳои назоратӣ ва маоши шоистаи онҳо метавонад барои анҷоми касбии кори онҳо мусоидат кунад:

“Масъулони сохторҳои назоратӣ ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ва дар хонаводаашон фарзандон аз онҳо нон мепурсанд. Маоши кормандони сохторҳои давлатӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Ба ин далел, онҳо водор мешаванд бо гирифтани пора, мушкили худро ҳалл кунанд. Тоҷирон бошанд як шиор доранд -- арзонтар бихару гаронтар бифурӯш. Ба ин хотир онҳо омода ҳастанд ҳар порае, ки талаб бишавад, бипардозанд. Бе ҳалли ин мушкил ҳатто бо таъсиси сохтори нав ҳалли ин мушкил ғайриимкон аст”.

Бинобар иттилои навини Хадамоти гумрук, дар 11 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ба андозаи беш аз 38 миллион доллар гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ворид шудааст. Дар ҳамин муддат кишвар аз хориҷа бо харҷи беш аз 2 миллион доллар моҳӣ ва харчанг ва дигар маҳсулоти баҳриро харидорӣ кардааст. Воридоти шир, тухм, асал дар 11 моҳ ба аз 17 миллион доллар бештар аст. Ҳамзамон кишвар дар ин муддат ба 87 миллион доллар равғанӣ ҷонвар ва растанӣ аз хориҷа ворид кардааст.

Макони аслии фурӯши ин мавод бозору мағозаҳо буда, то ба дасти харидори охираш расидани маҳсулоти воридшаванда ё импортӣ, гоҳо моҳҳои тӯлонӣ сипарӣ мешавад. Ҳар маҳсулот мутобиқ ба шароити истеҳсоли аввалия ва талаботи нигаҳдошташ меъёрҳои ҳифзу нигаҳории худро дорад ва бисёр вақт шароит ва ҳарорати номуносиби нигаҳдошти маҳсулоти ғизоӣ сабаби хароб шудани сифати маҳсулот ва заҳролуд шудани инсон мешавад.