Дар ноҳияи Файзобод номзадии рӯзноманигори 35-солаи тоҷик Завқибек Саидаминиро барои иштирок дар интихоботи порлумонии моҳи март рад кардаанд. Зиёратшо Акрамзода, раиси ҳавзаи интихоботии рақами 11 дар Файзобод, гуфт, ин тасмим баъди ошкор шудани чанд имзои, ба қавли ӯ, қалбакӣ гирифта шуд. Вай мегӯяд, дар маҷмуъ ҳабдаҳ имзои ҷамъовардаи рӯзноманигорро бекор карданд. Иддаое, ки Саидаминӣ рад мекунад ва мегӯяд, ёваронаш ба ҳар нафар ҳадафро ошкор фаҳмонида ва бо ризояти худи онҳо имзо гирифтаанд.
Афроде, ки ба таври худпешбарӣ дар интихоботи порлумонӣ номзад мешаванд, ба ҷонибдориашон бояд 500 имзо ҷамъ оранд. Завқибек Саидаминӣ рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ба тарафдорӣ аз худ дар деҳаву ҷамоатҳои шаҳри Роғун ва Файзобод 504 имзо ҷамъ карда, ба мақомот супурда буд.
"Аммо дар ҳавзаи интихоботӣ ба ман гуфтанд, ки бинобар сабаби бо роҳҳои тақаллубӣ ба даст овардани имзоҳо, номзадии ман рад карда шуд. Ба ман гуфтанд, гӯё имзои 17 нафарро бо роҳи фиреб гирифтаем. Ба ман баёноти як-ду нафарро нишон доданд" -афзуд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Саидаминӣ мегӯяд, бархе аз сокинони шаҳраки Файзобод ба масъулони ҳавзаи интихоботии рақами 11 баёнот додаанд, ки гӯё дастёронаш "бо истифода аз номи кормандони ҷамоат" ба тарафдории ӯ имзо ҷамъ кардаанд. Иддаое, ки рӯзноманигор намепазирад.
Мувофиқи қонунгузории интихоботи Тоҷикистон, дар сурати қалбакӣ эътироф шудани 3 дарсади овозҳо (яъне аз 15 овоз) номзадии шахс дар интихобот пазируфта намешавад.
Аммо Завқибек Саидаминӣ мегӯяд, дар оғоз масъулони ҳавзаи интихоботӣ ба ӯ тақозои қонунро ба гунаи дигар шарҳ дода ва гуфта буданд, ки дар сурати рад шудани ҳамагӣ 3 имзо, ҳамаи имзоҳои ҷамъовардааш бекор карда мешавад.
Зиёратшо Акрамзода, раиси ҳавзаи интихоботии рақами 11 дар ноҳияи Файзобод, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳангоми санҷиши интихобии овозҳо 12 нафар гуфтанд, бо роҳи фиреб имзояшонро гирифтанд. Дар коғазҳои имзоҷамъкунӣ номи Ҳабибулло Идибеков навишта шудааст, аммо дар асл як зан имзо гирифтааст. Худашро корманди ҷамоат муаррифӣ карда ва гуфтааст, барои интихобот имзо ҷамъ мекунем. Ба мардум нагуфтааст, ки барои номзадии Завқибек Солеҳов (Саидаминӣ) имзо ҷамъ мекунад. Панҷ нафари дигар мегӯянд, ин имзои мо нест, балки ба ҷои мо духтар ё келинҳоямон имзо гузоштаанд."
Акрамзода афзуд, баёноти ин сокинон гирифта шудааст аст ва ӯ ба Саидаминӣ пешниҳод кардааст, бо он ошно шуда, дар сурати ризо набудан ва Комиссияи марказии интихобот ва ё додгоҳ арз кунад. "Агар бовар надорад, ҳозирем шахсони баёнотдодаро даъват кунем ва номзадро бо онҳо рӯ ба рӯ намоем. Магар аз ин дида интихобот демократӣ мешавад?",-суол гузошт ӯ.
Ба гуфтаи масъулон, дар ин ҳавзаи интихоботӣ се номзад сабти ном шудаанд, ки аз намояндагони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон иборатанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳафиз Бобоёров: Ҳамбастагӣ барои интихоби ояндае шоистаМаъракаи ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдорӣ аз номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон рӯзи 15-уми январ ба анҷом расидааст ва аз ин рӯ Саидаминӣ дигар имкон надорад имзои кофӣ ҷамъ биоварад. Ҳарчанд сабти номи номзадҳо ҳанӯз то 9-уми феврал идома мекунад.
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи қонунгузорӣ номзад ба вакил ҳақ дорад дар ҷамъоварии имзо аз ёрии дӯстон ва шахсони боварбахш истифода кунад. "Шарт нест, ки ҳамаи имзоҳоро ӯ шахсан ҷамъ биорад",- гуфт ӯ.
Зоиров илова кард: "Онҳо аз аввал нияти сабтиноми ӯро надоштаанд. Системаи интихоботӣ дар мо ҳамин хел аст. Комиссияҳои интихоботӣ дар ин корҳо хеле усто ҳастанд."
Гузориш аз бойгонии Радиои Озодӣ дар бораи довталабии Завқибек Саидаминӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зимнан, рӯзи 5-уми феврал, Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон номзадҳоеро, ки аз рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод шуда буданд, сабти ном кард.
Наврӯз Самадзода, котиби Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод "аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 нафар, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5 нафар, ҲҲДТ 26 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 7 нафар, Ҳизби демократи Тоҷикистон 4 нафар, Ҳизби сотсиал-демкорат ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 5-нафариро ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон сабти ном кард."
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми март доир мешавад. Намояндагони ҳафт ҳизби сиёсӣ ва афроди беҳизб барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, мубориза мебаранд. Мақомот мегӯянд, барои шаффоф гузаштани интихобот омода ҳастанд. Дар гузашта нозирони кишварҳои ғарбӣ ба интихоботҳои Тоҷикистон баҳои бад дода, онҳоро ғайридемократӣ хондаанд.