"Дар Тоҷикистон ҳоло сустхону хубхон як аст". ВИДЕО

Садҳо хатмкунандаи мактабҳои миёна дар Тоҷикистон, бо умеди ба даст овардани унвони донишҷӯӣ, рӯзи 1-eми июл вориди марказҳои имтиҳонсупорӣ шуда, ба бастаи суолҳо посух гуфтанд. Суолҳое, ки сарнавишти баъдии онҳоро маълум мекунад.

Барои посух додан ба 90 суол ба довталабон 3 соат вақт доданд. Ба иттилои Маркази миллии тестӣ, дар маҷмӯъ дар рӯзи нахустин 15 ҳазор довталаби гурӯҳи ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ барои шомил шудан ба донишгоҳ дар 47 марказ имтиҳон супурданд.

Як довталаб бо номи Басир, ки мактаби русиро хатм кардааст, мехоҳад меъмор шавад. Пас аз берун шудан аз утоқи имтиҳонсупорӣ дар мактаби рақами 24, дар сӯҳбат бо мо гуфт, дар ҷавоби баъзе суолҳо мушкил кашид, вале ноумед нест. Басир Аҳмедов, ки барои шомил шудан ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон талош дорад, гуфт, "суолҳои таърих ва ҳуқуқ барои ман мушкилтар буд. Ба баъзеаш нафаҳмида, посух гузоштам. Вале қисме посухҳоям дуруст буд. Умед дорам, мегузарам".

Аксари онҳое, ки аз имтиҳон берун мешуданд, гуфтанд, барои ин рӯз чандин моҳ омодагӣ дидаанд. Аммо дар ҳаяҷонанд ва то як моҳи дигар, то замони муайян шудани натиҷаҳои инмтиҳоҳо, ором нахоҳанд буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Имсол довталабони таҳсил дар донишгоҳҳо иншо ҳам месупоранд

Агар хонда бошӣ, мушкил нест

Туйчибек Давлатов, ки аз ноҳияи Ёвон барои супурдани имтиҳон ба шаҳр омада буд, мегӯяд, ба аксар суолҳо посух гуфт. Ӯ умед дорад бо дониши худ метавонад, ба донишгоҳ шомил шавад: "Агар одам хонда бошад, чандон мушкил нест. Дониш бошад, одам дохил мешавад. Ман ба якум кластер, ихтисоси лоиҳакашӣ ҳуҷҷат супурдам. Барои одаме, ки дарс мехонад, тариқи тестӣ осон аст. Шаш моҳ шуд омодагӣ дида истодаем".

Имсол бештар аз 100 ҳазор довталаб барои шомил шудан ба мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳо ҳуҷҷат супордаанд. Тибқи нақша каме бештар аз 70 ҳазор нафар имкон доранд, донишҷӯ шаванд. Як навгонӣ дар кори Маркази миллии тестӣ ин будааст, ки имсол дар баробари хатмкунандаҳои синфи 11, хатмкардаҳои синфи 9 тавассути низоми тестӣ ба омӯзишгоҳҳо дохил мешаванд.

Масъулини Маркази миллии тестӣ мегӯянд, имсол ҳам чун солҳои пеш талабот ба ихтисосҳои гурӯҳ ё кластери панҷ, чаҳор ва се, аз ҷумла ихтисоси ҳуқуқшиносиву тиб бештар аст. Дар бархе аз ин ихтисосҳо барои як ҷой то 500 нафар рақобат мекунанд.

Ҷамшед Азимов, як масъули Маркази миллии тестӣ.

Ҷамшед Азимов, як масъули Маркази миллии тестӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "чизе ки моро ҳамеша нигарон мекунад, ин аст, ки шумораи бештари довталабон, ҳамасола ихтисосҳои ҷомеашиносӣ, ҳуқуқ ва тиббиро интихоб мекунанд. Ҳарчанд мо таъкид мекунем, ки ин ҷо ҷой камтар аст. Ва қисми бештари онҳо комёб намешаванд. Мо ҳамеша таъкид мекунем, ки сол ба сол ниёзи ҷумҳурӣ ба мутахассисони техникӣ зиёд аст. Аммо мутаассифона довталабон ин гурӯҳи ихтисосҳоро кам интихоб мекунанд".

Бино ба иттилои масъулини Маркази миллии тестӣ, барои пешгирӣ аз тақаллубу фасод, имсол пахши раванди имтиҳонсупорӣ тариқи онлайн ба роҳ монда шудааст. Раҳбарияти марказ ҳам имкон доштааст тавассути телефонаш нуқтаҳои имтиҳонсупориро назорат кунад.

Иншоро ба таъхир андохтанд

Навиштани эссе ё иншо барои довталабон ҳам то соли 2024 ба таъхир гузошта шудааст. Қарор буд довталабони макотиби олӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳ эссе нависанд. Чун солҳои қабл барои дохил шудан тавассути Маркази миллии тестӣ, ятимон, маъюбон ва онҳое ки дар артиш хизмат кардаанд, имтиёз доранд.

Соли шашум аст, ки довталабон дар Тоҷикистон тавассути Маркази миллии тестӣ барои роҳ ёфтан ба донишгоҳ рақобат мекунанд. Ҳадаф аз таъсиси марказ, қабули довталабон ба донишгоҳҳо шаффофу одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабону аз байн бурдани ришваву фасод гуфта мешавад.

Мақомот мегӯянд, воқеан, пас аз таъсиси марказ ҳангоми дохил шудани довталабон ба донишкада ва донишгоҳҳо фасод кам шуд ва ҳолатҳое буд, ки фарзандони мансабдорону генералҳо натавонистанд аз имтиҳон гузаранду донишҷӯ шаванд. Аммо дар айни замон ҳолатҳое ҳам буданд, ки баъзе афрод бо ваъдаи бидуни имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ шомил кардан ба донишгоҳ, аз довталабон маблағ талаб кардаанд.

Аз ҷумла, соли 2017 Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилшод Солеҳов, муовини аввали раиси Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо ҷурми "гирифтани пора дар ҳаҷми калон", ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ аз як довталаб 16 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда буд.

Эҳтиёт кунед, то ба доми қаллобон наафтед

Масъулини Маркази миллии тестӣ мегӯянд, довталабон бояд эҳтиёт кунанд, то ба доми қаллобон наафтанд. Бо он ки масъулин аз ин низом ситоиш мекунанду волидону довталабон бовар доранд, тариқи ин низом шонси бо дониш дохилшавӣ ба донишгоҳ бештар аст, аммо омӯзгорони насли калонтар ба низоми қаблии имтиҳонсупорӣ бартарӣ медиҳанд.

Қаблан вуруд ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бо имтиҳони шифоҳӣ ва хаттӣ баргузор мешуд ва ҳар донишгоҳу донишкада бевосита худаш масъули қабули довталабон буд.

Ойимсултон Асалбекова, омӯзгори тоҷик ба ин бовар аст, ки тавассути низомӣ қаблӣ дониши довталабон беҳтар санҷида ва муайян мешуд: "Ба назари ман ҳамон пештара нағзтар буд. Чунки сустхонҳоро бисёртар мепурсидем, ҳоло сустхону хубхон як аст. Донишашро дуруст санҷида намешавад. Ба назари ман суолҳои тестӣ аз як тараф нағз аст, аммо осонтар аст. Ҳозир кӯдакон ба фарқ аз насли пештара хуб нест, донишашон камтар аст".

Ба ин тартиб, имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳҳо дар Тоҷикистон то 13-уми июл идома мекунад. Аз 1-ум то 12-уми июл хатмкардаҳои синфи 11 барои шомил шудан ба донишгоҳҳои олӣ ва рӯзи 13-уми июл хатмкунандагони синфҳои 9 барои дохил шудан ба омӯзишгоҳҳо имтиҳон месупоранд. Довталабон аз натиҷаи холҳои бадастовардаашон тибқи нақша 25-уми июл огоҳ хоҳанд шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Чаро ин донишгоҳро интихоб кардед?" Посух: "Намедонам"