Тими иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон соли 2019-ро бо интиқоди тунд аз вазъи иқтисоди кишвар шуруъ кард. Руҳулло Ҳакимов, раиси "Амонатбонк" бинобар бознагаштани қарзҳо ва Хайрулло Раҳимов барои ба ҳолати бӯҳронӣ расондани "Тоҷик Эйр" аз толори маҷлиси ҳукумат дар таърихи 21-уми январ ронда шуданд.
Курсии ин ду мансабдор то дер холӣ намонд, аммо осори фаъолияташон дар кори ин ду идораи давлатӣ давоми сол аз худ дарак медод. Ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон -- "Тоҷик Эйр" -- аз 4-уми январ аз парвоз монд ва кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод.
Ба мудири нави ширкат танҳо дар нимаи сол даст дод, ки бо оғози мавсими ҳаҷ ҳавопаймои ширкатро дубора ба ҳаво хезонад ва парвозҳои пешини "Тоҷик Эйр"-ро дар баъзе аз самтҳо, аз ҷумла Душанбе-Деҳлӣ барқарор намояд.
Роҳбандони Туркманистон
Моҳи дувуми соли 2019-ро иқтисоди Тоҷикистон бо роҳбандони Туркманистон пешвоз гирифт. Туркманистон аз 1-уми феврали имсол бе огоҳӣ ҳаракати мошинҳо ва вагонҳои боркашони Тоҷикистонро дар қаламраваш манъ кард. Дар натиҷа, даҳҳо мошини боркашони Тоҷикистон дар гузаргоҳи Сарахс ва Фароб дармонданд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
То анҷоми сол роҳҳои Туркманистон барои Тоҷикистон баста монд, аммо Ишқобод дар мавриди сабабҳои ин иқдомаш посухи рӯшан надод. Матбуоти наздик ба Ашқобод ба майл зоҳир накардани Тоҷикистон дар сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ишора мекунанд ва мошинҳои боркашон масофаи ба маротиб бештарро дар хоки Озарбойҷону Қазоқистон ва Узбекистон тай карда, худро ба Тоҷикистон мерасонанд.
"Қароре, ки иҷроношуда лағв шуд"
Як тасмими Хадамоти зиддинҳисорӣ дар баҳори имсол, табъи бисёре аз сокинонро дар Тоҷикистон хира кард. Хадамот 4-уми март дар як тасмими худ нархи интернетро чанд баробар боло бурда, қимати 1 гигабайти онро 62 сомонӣ муайян кард.
Ин тасмим нигаронии корбарони интернетро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард ва гуруҳе низ ба ҷамъоварии имзо зери як муроҷиатнома ба унвонии президент шуруъ карданд, ки дар он ба ҳолати қаблӣ бозгардонидани нархи интернет тақозо мешуд.
Пас аз ин эътирозҳо, президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми апрел ғайримунтазира дастур дод, ки қарори хадамот бекор шуда, нархи интернет ба ҳолати қаблӣ бозгардонида шавад.
Дар баёнияе, ки дафтари матбуоти президент дар ин робита нашр кард, гуфта мешуд, "нисбат ба шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд", чора андешида шавад. Вале баъдан мақомот дар ин бора гузориш надоданд, ки нисбат ба кадом масъул чӣ чора андешида шуд.
Камбуди асъори нақд -- мушкили доимии Тоҷикистон
Як заъфи иқтисоди Тоҷикистон, ки аз замони соҳибистиқлол шудан ба ҳамроҳ гирифт, ин аст ки мизони воридоташ аз содирот ба маротиб бештар аст. Бино ба маълумоти Оҷонси омор, Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2019 наздик ба 3 миллиард доллар аз хориҷ мол ворид карда, бо маблағи каме беш аз 1 миллиард доллар мол содир кардааст.
Чун воридот аз содирот ба маротиб бештар аст, кишвар ба камбуди асъори хориҷӣ, хусусан доллари амрикоӣ рӯ ба рӯст. Моҳи май камбуди асъори хориҷӣ ба авҷи худ расид, бонкҳо фурӯши долларро то ба 200 доллар ба дасти як нафар маҳдуд карданд.
Рӯзи 15-уми май нархи сад доллари амрикоӣ дар бозори ғайрирасмӣ аз марзи ҳазор сомонӣ бештар шуд. Дар ҳоле ки қурби расмии сад доллар 944 сомонӣ муайян шуда буд. Танҳо поёни моҳи август зери фишори бозори ғайрирасмӣ, Бонки миллӣ қурби сомониро то 9 сомону 70 дирам дирам поён бурд.
Сим-корт танҳо бо шиносномаи нав
Тобистони 2019 барои бисёре аз сокинони Тоҷикистон вақти худро паси дарҳои идораҳои шиносномадиҳӣ сипарӣ карданд. Мақомот ба қонун тағйирот ворид карда, то 15-уми август ба шаҳрвандон муҳлат доданд, ки аз нав шиносномаи шакли нав гирифта, сим-кортҳоро ба он сабти ном кунанд.
Ширкатҳои мобилӣ дар ин росто аз мақомот дастур гирифтанд, то муштариёнро огоҳ созанд, ки касе то ин муҳлат симкорташро бо шиносномаи нав сабти ном накунад, хомӯш мешавад.
Зарбулаҷали эълонкардаи мақомот боис ба дароз шудани навбатпоиҳо пушти дари нуқтаҳои шиносномадиҳӣ гашт. Бо наздик шудани муҳлат, қатори навбатпоён ва ҳам норозигии мардум зиёд гашт. Дар натиҷа ҳукумат мӯҳлати сабти номи симкортҳо бо шиносномаҳои навро то поёни январи соли 2020 тамдид кард.
Ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" ба кор даромад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон чархаи дувуми нерӯгоҳи Роғун, ки сохтмонаш солҳо боз идома дошт, ба кор дароварда шуд. Раиси ҷумҳур рӯзи 9-уми сентябр бо пахши тугма чархаи дувуми нерӯгоҳро, ки дар як соат то 120 мегаватт барқ истеҳсол мекунад, ба хатҳои барқи ҷумҳурӣ васл кард.
Чархи аввали он моҳи ноябри соли гузашта ба истифода дода шуд ва интизор мерафт, ки чархаи дуввум моҳи апрели соли равон фаъол шавад. Аммо бо далели пеш омадани, ба гуфтаи мақомот, "мушкили техникӣ", ин кор то 9-уми сентябри соли равон ба таъхир афтод.
Мақомот мегӯянд, бо фаъол шудани чархаи дуюми нерӯгоҳи "Роғун" Тоҷикистон метавонад содироти барқро ба хориҷа зиёд кунад. Сокинон умедворанд, ки бо ба кор даромадани ду чархаи Роғун, маҳудудияти интиқоли нерӯи барқ дар фасли зимистон аз байн меравад.
Жарфтар рафтани Чин ба қаъри сарватҳои замини Тоҷикистон
Тавсеаталабии Чин ва ширкатҳояш дар соли 2019 низ дар Тоҷикистон идома кард. Рӯзи 1-уми октябр Маҷлиси намояндагон тарҳи созишномаи ҳукумат бо ширкати чинӣ, ки соҳиби кони нуқраи "Якҷилва" дар ВМКБ шуд, ҷонибдорӣ кард. Иқдоми вакилон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксаран вокуниши манфии корбаронро ба вуҷуд овард ва аксарият мепурсиданд, ки чаро як кон ба пуррагӣ ба ихтиёри ширкати Чин супурда шуд?
Мақомоти ҳукумати вилояти Бадахшон дар ҷавоб ба ин вокунишҳо ва нигарониҳо гуфтанд, кон ба ширкати чинӣ ҳадя карда ё фурӯхта нашудааст ва ин як роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар аст.
Ширкатҳои Чин айни замон аксарияти конҳои тилло, нуқра ва дигар металҳои гаронбаҳои Тоҷикистонро дар ихтиёр доранд. Айни замон кони тиллои "Покруд" дар Ваҳдат ва "Дуобаи Шарқӣ" ва "Кумарғи боло" дар Айнӣ ба пуррагӣ ба дасти ширкатҳои Чин гузаштанд. Кони бузурги тиллои Зарафшон дар Панҷакентро низ ширкати муштараки Тоҷикистону Чин истихроҷ мекунанд.
Чин ҳамчунон бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон аст. Тоҷикистон аз ин ҳамсоякишвари шарқияш наздик ба 1,5 миллиард доллар қарздор аст.
"Ирсоли пул ба кишвар танҳо аз як марказ"
Сеюми декабр Бонки миллии Тоҷикистон шеваҳои қаблии ирсоли пулро ба кишвар манъ карда, Маркази ягонаи протсессингӣ, ки минбаъд танҳо тавассути он ба кишвар пул ворид мешавад, фаъол кард. Ба ҷуз аз ду шабакаи русии "Юнистрим", "Контакт" ва низ "Вестерн Юнион", ширкатҳои дигари интиқоли пул ба ин марказ ҳанӯз напайвастанд.
То ин муддат беш аз 80 дарсади интиқоли пул ба кишвар тавассути шабакаи "Золотая корона" сурат мегирифт ва аз кор мондани ин шабака, боиси сарсонии муҳоҷирони корӣ шуд, ки натавонистанд дар ин муддат ба хонаводаҳояшон пул фиристанд. Бонки миллӣ дар шарҳи зарурати таъсиси ин марказ мегӯяд, "барои устувории низоми молиявии кишвар".
Суолҳо дар бораи кори ин марказ зиёд аст, вале мақомот ба пурсишҳои чолишбарангез ҷавоб намедиҳанд, аз ҷумла дар бораи он, ки маркази нав ғамхорӣ ба мардум аст, орзуи даромад ва ё бозтақсими бозор?
Бинобар ҳисобҳои созмонҳои байналмилалӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аст. Муҳоҷирони корӣ дар 9 моҳи имсол танҳо аз Русия ба кишвар беш аз 1 миллиарду 941 миллион доллар фиристодаанд.
Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ:
Рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохиллӣ 7,4 дарсад
ММД бар сари аҳолӣ (9 моҳ): 593 доллар,
Маоши миёна: 1169 сомонӣ ( 124 доллар) нимаи соли 2018 , 5,6 фоиз афзуд,
Маоши ҳадди ақал 400 сомонӣ,
Андозаи миёнаи нафақа 303 сомонӣ.