Дар Суғд ду ҷойи истихроҷи биткойнро пайдо карда, бастаанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти расмӣ мегӯянд, соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон чаҳор нафарро барои “истихроҷ” ва ё мусоидат дар муомилот бо пули рақамӣ ба мисли “Биткойн” дастгир кардаанд. Дар ин бора Исроил Наимов, сардори яке аз шуъбаҳои Идораи андоз дар вилояти Суғд рӯзи 12-уми феврал хабар дод.