Дар Тоҷикистон ба хотири ҳифзи моликияти зеҳнӣ – намояндагони патентӣ ва нозирони моликияти зеҳнӣ ба кор шурӯъ карда, ба ширкатҳо ва ё шахсони алоҳида ёрӣ хоҳанд намуд. Тоҷикистон се сол қабл узви Созмони умумиҷаҳонии савдо шуд ва яке аз шартҳои пазируфта шудани кишвар ба ин созмон тақвияти ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар кишвар буд.
Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Маркази патенту иттилоот, инчунин, Вазорати фарҳанг низ дар сабту ҳифзи моликияти зеҳнӣ машғул аст.
Боймурод Боев, муовини раиси Маркази патенту иттилоот, ниҳоди вобаста ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ки масъулияти ҳифзи моликияти зеҳниро дар Тоҷикистон ба уҳда дорад, рӯзи 30 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 16 намояндаи патентӣ фаъолият мекунанд. "Ин нафарон аз давраҳои омӯзишии махсус гузаштаанд ва соҳаи моликияти зеҳниро хуб медонанд. Пас аз омӯзиш онҳо соҳиби шаҳодатномаи махсус гаштанд, ки ҳаққи фаъолият дар ҳифзи моликияти зеҳниро медиҳад", - иброз дошт Боев.
Вай гуфт, намояндагони патентӣ бо дархости ширкатҳо метавонанд аз як сӯ моликияти зеҳнии онро сабт карда ва дар сурати нақз шудани ҳуқуқи онҳо ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
Дар Тоҷикистон ҳарчанд ҳифзи моликияти зеҳнӣ тавассути Конститусия ва дигар қонунҳо аз сӯи давлат кафолат дода шудаанд, аммо асардуздӣ ва ё истифода аз барномаҳои қочоқии компютерӣ барои мисол як падидаи маъмул аст. Ин аст, ки Тоҷкистон ҳанӯз дар феҳристи ширкати маъруфи барномасозии Майкрасофт “дар сутунчаи сиёҳ” дар қатори кишварҳое, ки моликияти зеҳнӣ ҳифз намешавад, қарор дорад. Дар шарҳи ин феҳристи Майкрасофт гуфта мешавад, истифодаи барномаҳои қочоқӣ ва ё пиратӣ дар Тоҷикистон характери оммавӣ доранд.
Аммо масъулон мегӯянд, баробари ба кор шурӯъ кардани намояндагони патентӣ, ҳифзи бренд, ихтироъ ва ё тамғаҳои молии ширкатҳои дохиливу ватанӣ тақвият хоҳад ёфт. Бахтиёр Ҳусейнов, яке аз намояндагони патентӣ, ки шаҳодатномаи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдоро дар ихтиёр дорад, гуфт, аллакай дар ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва тамғаҳои молии ширкатҳо дар Тоҷикистон саҳм гузоштааст. Ӯ гуфт, "вақте ширкатҳо тамғаи молиашонро тавассути мо дар Маркази патенту иттилоот сабт мекунанд, ҳангоми пайдо шудани молҳои тақаллубӣ барои ҳифзи ҳуқуқи онҳо талош мекунем. Барои мисол, ман барои ҳифзи бренди ширкати “Газпромнефт” ва тамғаи рангҳои Атрак ва Бергер дар Тоҷикистон кумак кардам”.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, чанде аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон шакли зоҳирии онҳоро ба “Газпром нефт” хеле монанд сохтанд ва мехостанд бо истифода аз обрӯи ин ширкат шумори муштариёнашонро зиёд кунанд. "Мо пас аз ҳамсуҳбат шудан бо худи моликони ин фурӯшгоҳҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин қонунвайронкуниро бартараф кардем”, - иброз дошт Ҳусейнов.
Айни чунин ҳолат бо ширкатҳои рангистеҳсолкунандаи Атрак ва Бергер дар Тоҷикистон рух додааст. Намояндагони ин ширкатҳо мушоҳида кардаанд, ки дар бозор ширктаи номаълуме маҳсулоти тақаллубӣ истеҳсол карда, бо тамғаи онҳо ба фурӯш мебарорад. Ҳусейнов мегӯяд, пас аз санҷиш дар озмоишгоҳои Тоҷикстандарт маълум шудааст, ки ин рангҳои тақаллубӣ ба инсон ва муҳити атроф зиён доранд ва ба талабот ҷавобгӯ нестанд.
Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Маркази патенту иттилоот, инчунин, Вазорати фарҳанг низ дар сабту ҳифзи моликияти зеҳнӣ машғул аст. Аммо дар сурати ошкор шудани нақзи ҳуқуқ ба моликяти зеҳни як бахши махсуси Вазорати корҳои дохилӣ - Раёсати мубориза ба муқобили моликияти зеҳнӣ даст ба кор мешавад. Бахши мубориза зидди ҷиноятҳо ба муқобили моликияти зеҳнӣ соли 2006 дар назди Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ таъсис ёфтааст.