Сокини Конибодом аз боздоштгоҳи Узбакистон раҳо шуд

Узбакистон Ҳайдар Қӯзиев -- сокини ноҳияи Конибодоми Тоҷикистонро баъд аз якуним моҳи боздошт, раҳо кард. Ин сокини Конибодом аввал аз тири марзбонҳои узбак захмӣ ва сипас боздошт гардида буд.

Волидони Ҳайдар Қузиеви 30-сола ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар нимаи дуввуми рӯзи шанбеи 6 август пас аз якуним моҳи боздошт марзбонони узбак фарзандашонро ба гузаргоҳи марзӣ оварда ва ба онҳо таслим карданд.

Ҳомидҷон Қӯзиев -- падари Ҳайдар рӯзи 7 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло вазъи саломатии писараш хуб аст ва захмҳои тир низ дар баданаш дида намешаванд: “Мо бештар аз вазъи саломатии фарзандамон дар ташвиш будем. Метарсидем, тире, ки марзбонони узбак дар камараш зада буданд, оқибати бад надошта бошад. Вале Худоро шукр, ки пурра сиҳат ёфтааст ва фақт нишонаи тир дар баданаш дида мешаваду тамом."

Ҳомидҷон Қӯзиев афзуд, ки дар моҳи июн вақте писараш гову гӯсолаҳоро ба як мавзеи марзӣ, ки дар онҷо то ба ҳол ҳеҷ нишона аз хатти марз ё симхору дигар аломате вуҷуд надорад, мебурд, ба марзбонони узбак рӯбарӯ шуд. Ба гуфтаи Ҳомидҷон Қӯзиев, марзбонони узбак ба писараш амр кардаанд, ки ба тарафи дигари канал гузарад ва дар он ҳангом ба сӯи ӯ тир холӣ намуда маҷрӯҳаш карданд ва ё ӯро бо худ бурданд.

Ҳомидҷон Қӯзиев аз қавли писараш мегӯяд, ки баъдан ӯро ба беморхонаи Қӯқанд интиқол доданд ва тайи тақрибан як моҳ ӯро табобат карданд.

Сарраёсати сарҳадбонии Тоҷикистон низ хабари раҳо шудани Ҳайдар Қӯзиевро тасдиқ кард. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати сарҳадбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз музокираи дуҷонибаи марзбонон, ҳуҷҷатҳои Ҳайдар Қӯзиев, шиноснома ва маълумот дар бораи ӯро ба мақомоти Узбакистон фиристода буданд. Тавре Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи аз тири сарҳадбонҳои Узбакистон захмӣ шудани ин шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳалле сурат гирифтааст, ки ҳанӯз пурра аломатгузорӣ нашудааст.

Эргаш Мамадҷонов, раиси кумитаи деҳаи Яккатераки ҷамоати Патари Конибодом бо ишора ба ҳодисаи боздошти Ҳайдар Қӯзиев ва тир хӯрдани вай гуфт, ки норӯшанӣ дар мавзеъҳои марзӣ, боиси боздошту маҷрӯҳ шудани шаҳрвандон мегардад. Вай афзуд, ки агар мақомоти Узбакистон хатти марзи худро аққалан симхор мекашиданд ва ё нишонаи мушаххас мегузошта, шояд Ҳайдар Қузиев ба он тараф намегузашт ва захмӣ намешуд.

Ҳайдар Қузиев рӯзи 23 июни соли равон дар вақти говбонӣ дар минтақаи пурра мушаххаснашудаи сарҳади миёни Тоҷикистону Узбакистон аввал аз тири марзбонҳои узбак захмӣ ва сипас боздошт гардид. Ба дунболи ин ҳодиса мақомоти маҳаллӣ бо дархости Узбакистон шиносномаи Ҳайдар Қӯзиев ва як тавсифномаро дар бораи ӯ фиристоданд.

Дар як соли охир ин бори дувум аст, ки дар ин минтақа марзбонҳои Узбакистон шаҳрвандони тоҷикро захмӣ карда, бо худ ба Узбакистон мебаранд. Моҳи июли соли гузашта марзбонҳои узбак Тулқинбой Усмонов ва Ҳушёр Қобилов – ду сокини ноҳияи Конибодомро вақти говбонӣ дар хоки Тоҷикистон дастгир карда, ба он сӯи марз бурданд.

Дар охирҳои моҳи июли соли равон мақомоти Узбакистон ду сокини ноҳияи Конибодоми Тоҷикистонро аз боздоштгоҳе дар Қӯқанд раҳо кардаанд. Алиҷон Исмоилов ва Қурбоналӣ Аслонов – сокинони ноҳияи Конибодом – ду моҳ пеш дар минтақаи марзии Патар аз сӯи марзбонҳои узбак боздошт шуда буданд.