Порлумони Тоҷикистон иҷоза дод, ки кони нуқраи "Якҷилва" дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ихтиёри як ширкати чинӣ қарор гирад. Аммо шуморе аз коршиносон ва соҳибназарон мегӯянд, "дороиҳои кишварро набояд ба ин шакл дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ гузошт".
Ширкати "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед"-и Чин барои корҳои истихроҷ дар кони нуқраи "Якҷилва" 39,6 миллион доллар сармоя ҷудо кардааст. Захираи ин кон 113 тонна нуқра гуфта мешавад.
Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, рӯзи 1-уми октябр дар ҷаласаи порлумон гуфт, ин кон барои ҳафт соли оянда дар ихтиёри ширкати чинӣ гузошта мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ширкати чинӣ давоми ин муддат аз пардохти андоз аз фоида, боҷи гумрукӣ барои барои овардани таҳҷизот ва ҳамчунин андоз аз арзиши иловашуда (НДС) озод мебошад.
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон афзуд, 60 дарсади коргарони ин конро сокинони маҳаллӣ ва боқимондаро мутахассисони Чин ташкил хоҳанд дод.
Ба гуфтаи масъулони ширкати чинӣ, дар ҳоли ҳозир дар ин ширкат беш аз 100 коргари тоҷик ва ҳудуди 70 коргари чинӣ машғули коранд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ҳангоми баррасии мавзӯъ аз Фаррух Ҳамрализода пурсид, "ба Тоҷикистон аз ин корхона чӣ фоида аст?" Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар ҷавоб гуфт, "ҷониби Тоҷикистон аз фаъолияти ин ширкати чинӣ танҳо андоз мегирад".
Ӯ дар ҳоле андозро ягона фоидаи давлат унвон кард, ки тибқи созишнома, ширкати чинӣ давоми ҳафт соли оянда аз андоз аз фоида, боҷи гумрукии таҷҳизоти воридшаванда ва андоз аз арзиши иловашуда озод хоҳад буд.
Ба ин тартиб, рӯшан нест, Тоҷикистон аз ин муомила дақиқан чӣ ва чӣ қадар манфиат хоҳад гирифт. Ҳамчунин шароити ба дасти ширкати чинӣ супурда шудани кони нуқра торик мемонад.
Аз сӯйи дигар захираи нуқра дар ин кон ба таври гуногун арзёбӣ мешавад. Дар ҳоле ки дар ҷаласаи порлумон аз 113 тонна нуқра суҳбат шуд, хабаргузории "Азия-Плюс" ба нақл аз Сарраёсати геологияи Тоҷикистон ин захираҳоро наздик ба 205 тонна донистааст. Пажуҳиши геологии ин захира низ аз тарафи ширкате ҷараён гирифтааст, ки раҳбари он чинӣ аст.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ю Ан Хуин, масъули ширкати "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед”, ки дар ҷаласаи порлумон ҳузур дошт, гуфт, ширкати онҳо таҷрибаи кор дар баландкуҳҳоро дорад ва ба коргарони кон айни ҳол ба ҳисоби миёна 2 600 сомонӣ маош медиҳанд.
Вакили порлумон Абдулҳалим Ғаффоров ин маошро ночиз хонд ва гуфт, ин кон дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва бояд тибқи қонунҳои кишвар ба коргарон коэффисенти баландкӯҳӣ низ пардохт шавад.
Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон пас аз ҷаласаи порлумон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкати чинӣ нуқраро дар дохили кишвар коркард накарда, хокаи маъданро берун мебарад ва дар худи Чин нуқраро ғанӣ месозад. "Чунки захираҳои нуқра дар ин кон чандон зиёд нест ва аз ин рӯ барои коркарди он дар дохили кишвар сохтани корхонаи алоҳида аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар нест", -- шарҳ дод ӯ.
Бо вуҷуди тасвиби созишнома дар порлумон, нуктаҳои норӯшане дар ин санад мондааст. Аз ҷумла, 113 тоннае, ки захираи кон муйаян шудааст, танҳо барои дувуним соли фаъолияти ин корхона кофӣ аст. Масъулони ширкат гуфтанд, давоми фаъолият боз ба ҷустуҷӯи манбаъҳои маъдан машғул мешаванд. Вале ин ҷустуҷӯ дар ҳудуди кони "Якҷилва" идома мекунад, ё ҷои дигар, норӯшан аст.
Бархе иқтисоддонҳо дар шакли хока берун бурдани маъданро кори нодуруст мешуморанд, чун шаффофияти он зери суол меравад. Тоҷикистон то ба охир дақиқ нахоҳад донист, аз хокае, ки чиниҳо берун мебаранд дар ниҳоят чӣ миқдор нуқра ҳосил мешавад.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мухолифи он аст, ки сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон дар ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ гузошта шаванд. Ӯ гуфт, "ин сарватҳои мардуми тоҷик аст ва дар оянда мо худ метавонем ин боигариҳоро барои дарёфти қарзҳо аз кишварҳои дигар истифода кунем."
Ҳоло ширкатҳои чинӣ истихроҷи аксар конҳои тилои Тоҷикистонро низ дар даст доранд. Ба ҷуз аз ширкати муштараки Тоҷикистону Чин -- "Зарафшон", чиниҳо кони тиллои "Покруд" дар Ромит ва ширкати ТВЕА-и ин кишвар бар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, парвонаи ду кони тилло дар ноҳияи Айнӣ -- "Дуобаи шарқӣ" ва "Кумарғи боло"-ро ба даст овард.
Соли гузашта мизони додугирифт миёни Тоҷикистону Чин аз марзи якуним миллиард доллар гузаштааст. Се сол пеш ду кишвар аҳд бастанд, ки мизони табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Чинро то соли 2020 то 3 миллиард доллар афзоиш медиҳанд.
Моҳи июни имсол дар пайи мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Чин дар Душанбе 18 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ, кишоварзӣ, мубориза зидди терроризм ва таъсиси корхонаҳои муштарак ба имзо расид.
Ба ҳисоби расмии чиниҳо, беш аз 300 ширкати ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, ин ҳамкориҳо истихроҷи тило ва ангишт, истеҳсоли семент, корхонаҳои кимиёӣ, барқ, нассоҷӣ, кишоварзӣ, интиқоли бор ва дигар бахшҳоро дар бар мегиранд.
Чин аз соли 2013 ба ин сӯ мақоми шарики стратегиро барои Душанбе ба даст овардааст.
Ҳарчанд мақомоти тоҷик мегӯянд, ки тавони баргардондани қарзҳои Чинро доранд ва фаъолиятҳои иқтисодии ин кишвар беғаразу бехатар аст, мунтақидон аз он нигаронӣ мекунанд, ки қарзу сармоягузориҳои бебаркаши Чин дар оянда метавонад барои Тоҷикистон дарди сар эҷод кунад.