Шартномаи номаълум. Чин "Талко"-ро мегирад ё "Талко"-и нав месозад? ВИДЕО

Юе Бин, сафири пешини Чин дар Тоҷикистон, ҳангоми суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ. Шаҳри Душанбе, 2-юми декабри 2019

Сафири пешини Чин дар Тоҷикистон Юе Бин гуфт, бо сармоягузории зиёда аз ниммиллиарддолларии кишвараш ширкати алюминийи тоҷик -- “Талко” -- бозсозӣ ва амалан ба як корхонаи нави замонавӣ ва моликияти муштараки ду тараф табдил дода хоҳад шуд.

Дар як мулоқот бо коршиносон дар Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 2-юми декабр сафири собиқ ҳамчунин аз шароити ба ихтиёри Чин дода шудани конҳои Тоҷикистон ҳимоят кард ва ҳама муомилоти ду ҷонибро “ҳамкорӣ ба манфиати тарафҳо” номид.

Изҳороти Юе Бин дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти қарордодҳои марбут ба “Талко”-ро фош намекунанд ва харҷи 545 миллион доллари ширкати чинии СМЕС-ро танҳо “навсозӣ ба хотири коҳиши хароҷот ва афзоиши даромади “Талко” меноманд.

Сафири пешини Чин дар Тоҷикистон Юе Бин дар идомаи суҳбаташ ояндаи “Талко”-ро ҳамчун як корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон қаламдод кард.

Ӯ гуфт: “Ба назари ман, корхонаи муштарак ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд, ҳам аз лиҳози таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳам суръату вусъат додани фаъолияти он, фурӯши маҳсулот ва ниҳоят даромадани андозҳо ба буҷаи давлати Тоҷикистон. Яъне, дар ин тарҳ на танҳо Чин, балки Тоҷикистон низ фоида ба даст меорад.”

Аммо ӯ шарҳ надод, ки тақсими саҳмияҳои ду ҷониб чӣ гуна сурат хоҳад гирифт ва назорати “Талко” ба дасти Чин хоҳад гузашт, ё дар дасти Тоҷикистон хоҳад монд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикистон "Талко"-ро бо Чин "тақсим" мекунад?

Қаблан ин гумон мавҷуд буд, ки мумкин аст, Чин дар ивази қарзи беш аз ниммиллиарддолларии худ алюминий бигирад ё аз фурӯши ин маҳсулот вомаш баргардонида шавад. Вале ношаффоф мондани ҷузъиёти қарордод ва суханони сафир, ки тарафҳо таъсиси корхонаи муштаракро дар назар доранд, эҳтимоли қисман ё пурра зери назорати тарафи чинӣ гузаштани “Талко”-ро қавитар мекунад.

Манобеи наздик ба роҳбарияти ширкати “Талко” дар сӯҳбатҳои гузашта бо Радиои Озодӣ эҳтимоли ба корхонаи Чину Тоҷикистон табдил ёфтани “Талко”-ро пайваста рад кардаанд. Онҳо ҳоло низ аз шарҳу тафсири созишнома бо ширкати чинӣ ё ифшо кардани ҷузъиёти он худдорӣ мекунанд. Танҳо гуфта мешавад, Чин ба ин маблағ сохтмони ду коргоҳи нави “Талко”-ро ба поён хоҳад расонд.

Корхонаи алюминиюми тоҷик

Вале ба навиштаи як манбаи марбут ба корхона дар сомонаи сарчашмаҳои бози Drupal, бо сармояи зиёда аз ниммиллиарддолларии Чин амалан як корхонаи нав сохта мешавад, ки “ҳаққи моликият ба он мумкин аст, пас аз 8 соли истифода шуданаш ба “Талко” гузарад”. Ин нукта ҳатто бунёд шудани корхонаи муштараки дуҷонибаро низ рад мекунад ва сухан аз таъсиси корхонаи комилан чинӣ меравад, ки дар хоки Тоҷикистон бино шуда, заҳру партовҳои он дар ин кишвар мемонанд ва маҳсулоташ моли Чин мешавад. Азбаски ҷузъиёти қарордод ошкор нашудааст, наметавон донист, ки ҷойҳои кории навро шаҳрвандони Тоҷикистон пур хоҳанд кард ё Чин.

Ин дар ҳолест, ки сафири пешини Чин дар Тоҷикистон Юе Бин дар нишасти рӯзи 2-юми декабр ҳамкориҳои кишварашро бо Тоҷикистон “шаффоф ва ба манфиати ду ҷониб” номид.

Дар ин мулоқот сафир аз барномаи “Як камарбанд, як роҳ” ҳимоят кард ва онро василаи густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои масираш хонд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ӯ пурсид, ки барои намуна оё кони нуқраи “Якҷилва” бо чӣ шароит дар ихтиёри Чин қарор гирифт, чун гуфта мешавад, ин қарордод пурра ба манфиати тарафи чинист?

“Чин ба кишварҳои хориҷӣ бидуни шартҳои сиёсӣ кумак мекунад. Вақте созишнома дар мавриди кони нуқраи Мурғоб омода мешуд, ман ба унвони сафири Чин дар Тоҷикистон кор мекардам ва аз ҷузъиёти он огаҳӣ дорам. Мо ҳамеша ҷонибдори манфиатҳои судманди ҷонибҳо ҳастем. Шояд иттилои шумо дар бораи ин тавофуқ пурра нест, аммо мутмаин бошед, ки ҳарду ҷониб аз ин қарордод қонеъ ҳастанд,” -- гуфт сафир

Ин нуктаро Умед Давлатов, масъули раёсати масоили соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон низ тасдиқ намуд. Вай гуфт, ҳарчанд конҳои тилои Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ кашф шудаанд, он замон солона ҳудуди 500 килио тило истихроҷ мешуду бас. Вай гуфт, маҳз бо ёриҳои молии Чин феълан Тоҷикистон дар як сол то 4 тонна тило истихроҷ мекунад.

Давлатов дар ҷавоб ба ҳамкориҳои ширкати “Талко” ва Чин гуфт: “Мусаллам аст, ки Чин тавлидоти барои муҳити атроф зарарнокро аз кишвари худ берун меоварад. Ширкатҳои чинӣ ба миқдори зиёди алюминий ниёз доранд ва ба ин хотир бозсозии ширкати “Талко”-ро сармоягузорӣ мекунанд. Минбаъд, ширкатҳои чинӣ бо фурӯши алюминийи тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ маблағи сарфкардаи худро бозпас хоҳанд гирифт”.

Талко

Чин аз бузургтарин сармоягузорони иқтисоди Тоҷикистон дониста мешавад ва феълан Душанбе аз Пекин ҳудуди 1,5 миллиард доллар қарздор аст. Сафири пешини Чин дар Тоҷикистон ва феълан сафири супоришҳои махсус дар Вазорати корҳои хориҷии Чин Юе Бин дар ин мулоқот хабар дод, ки ахиран раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарҳи сохтмони роҳҳои мустақими мошингард ва оҳанро байни Тоҷикистону Чин пешниҳод кард, ки мақомоти Пекин аз он пуштибонӣ карданд.

Баҳсҳои атрофи Талко

Ширкати Талко, ки замони Шӯравӣ яке аз корхонаҳои муҳими истеҳсолӣ буд ва то солҳои 1990-ум 45 дарсади даромади буҷаи Тоҷикистонро ташкил медод, солҳои истиқлолият ба як муассисаи мавриди таваҷҷӯҳи ҳам ҳукумат ва ҳам матбуоту мунтақидон табдил шуд. Дар матбуот ва арзёбиҳои коршиносони бетараф, фаъолияти ширкати аз назари ношаффофиаш мавриди баҳс будааст.

Пажӯҳишгари ғарбӣ Эдвард Лемон дар гузорише бо номи "Кишварҳои давраи гузариш дар соли 2018" навишт, "Талко ба ширкатҳое тааллуқ дорад, ки дар Ҷазираҳои Вирҷини Британия сабт шудаанд. Ба ҷои он ки даромади Талко дубора ба буҷа ворид карда шавад, он ҳамчун манбаи пул барои хароҷоти шахсии мақомдорони баландпоя истифода бурда мешавад".

Ба назари ин ва дигар мунтақидон, истифодаи усули толлинг ва сабтиноми ширкати офшфори "Талко менеҷмент" дар ҷазираҳои Вирҷиния, шаффофияти молиявиро аз байн мебарад ва офшорҳо маҳз ба хотири рӯйпӯш кардани хилофкориҳои молиявӣ ташкил шудаанд.

Аммо мудирони аршади "Талко" соли 2017 дар посух ба суоли хабарнигорон дар ин робита гуфта буданд, ширкат бисёре аз ашёи хоми зарурӣ барои тавлиди алюминро аз хориҷа мехарад ва "барои доду ситад бо коршарикони гуногун доштани як ширкати офшор зарур аст".

Интиқоди умда аз "Талко" дар матбуоти тоҷик ин нархи боимтиёзи истифодаи нирӯи барқ аст, ки дар муқоиса бо харҷи корхонаҳои дигари истеҳсолӣ ва ҳам сокинон хеле ночиз аст. Аммо масъулони "Талко" иддао мекунанд, ки ин ширкат “харидори яклухти барқ аст ва албата аз нархи чакана бояд арзонтар бихарад”.

Чанд сол пеш дар матбуоти Тоҷикистон ин андеша ба миён гузошта шуда буд, ки "Талко" ба буҷаи давлат андози чандон бузург намедиҳад ва аз ширкати "Барқи Тоҷик" ва дигарон қарздор аст ва беҳтар аст фурӯхта шавад.

Он замон мақомоти "Талко" гуфта буданд, ки корхонаи алюмин дар канори нерӯгоҳҳои Роғун ва Норак аз аҳамияти миллӣ бархӯрдор аст ва ҷузъи ифтихори миллист, ки ба фурӯш гузошта нахоҳад шуд.