Марзбонони тоҷик иддаои Афғонистонро "беҳурматӣ" номиданд

Мақомоти Тоҷикистон баъди тахминан як ҳафтаи пахши изҳороте аз ҷониби мақомоти афғон, ки марзбонҳои тоҷикро дар қатли шаҳрвандони бегуноҳи Афғонистон гунаҳгор кардаанд, онро бепояву асос хонданд.

Дар вокуниш ба навиштаи хабаргузории “Пажвок”, ки рӯзи 9 ноябр нашр шуд, марзбонҳои тоҷик иттиҳоми зидди худро “як тӯҳмат” номидаанд. Мақомоти вилоятии афғон дар сӯҳбат бо "Пажвок" иддао кардаанд, ки марзбонони тоҷик афғонҳоро ба хотири “гирифтани медал” ба қатл мерасонанд. Рӯзи 13-уми ноябр Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин гузориш “комилан беасос ва тӯҳмат” мебошад.

Мақомот ва ниҳодҳои зидди маводи мухаддир мегӯянд, қочоқчиёни афғон талош мекунанд моли худро тавассути хоки Тоҷикистон ба дигар кишварҳо, бахусус Русия интиқол диҳанд ва даромади бештаре ба даст оваранд.

"Чунин ҳодиса аслан рух надодааст ва чунин хабарҳо робитаҳои дӯстонаи ду кишварро халадор месозанд. Дар сурати рух додани ҳолатҳои нобаҳангом дар ҳамаи қитъаҳои марзӣ намояндагони сохторҳои қудратии Афғонистон ва Тоҷикистон онҳоро баррасӣ мекунанд" - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ ва афзуд, ки "дар мавриди хабари пахшшуда ҳеҷ ниҳоде аз Афғонистон ба мо муроҷиат накардааст”.

"Афғонҳоро мекушанд, ки медал бигиранд"

Рӯзи панҷшанбеи гузашта дар матлабе бо номи “Афғонистон Тоҷикистонро дар куштори сокинони мулкиаш айбдор мекунад”, "Пажвок" мақомоти амниятӣ иддао кардаанд, ки афсарони тоҷик барои гирифтани медал, "шаҳрвандони бегуноҳи Афғонистонро мекушанд."

Ба навиштаи хабаргузорӣ, қатли ду сокини осоиштаи Афғонистон шаби 6 ба 7-уми ноябр дар шимолу шарқи вилояти Бадахшон дар марз бо Тоҷикистон рух додааст.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Муҳаммад Амон Насим, як фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Афғонистон ба хабаргузорӣ гуфтааст, ки марзбони тоҷик ду сокини рустои Аҳдрои ноҳияи Ишкошимро ба қатл расонидаанд. Вай гуфтааст, ки ҷасади яке аз кушташудаҳоро оби рӯдхонаи Панҷ бо худ бурда, ҷасади нафари дуввум дар соҳили дарё ёфт шудааст.

Толибиддин Қодирӣ, як узви шӯрои вилоятӣ дар сӯҳбат бо “Пажвок” иддао кардааст, ки низомиёни тоҷик тӯли чанд сол аст, ки сокинони осоиштаро дар минтақаи Вахон ва Ишкошими Афғонистон бесабаб мекушанд. Ӯ иддао кардааст, ки талаби онҳо аз ҷониби Тоҷикистон барои шарҳи ин қазияҳо бепосух мондааст.

Ҷаноби Қодирӣ дар идома иддао кардааст, ки мақомоти тоҷик барои кушта шудани қочоқчиёни афғони маводди мухаддир ба марзбонон медал ваъда додааст ва ба ин далел марзбонон ба ҷойи қочоқчиён сокинони осоиштаро ба қатл мерасонанд.

Посухи Тоҷикистон: "Иддаои мағзи бемор"

Марзбонони тоҷик ин изҳоротро “беҳурматӣ ва беинсофӣ” номида ва гуфтаанд, ки он ҳосили як "мағзи бемор" аст. “Марзбонҳои тоҷик вазифаи касбии худро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ анҷом медиҳанд”, омадааст дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Чунин ҳодиса аслан рух надодааст ва чунин хабарҳо робитаҳои дӯстонаи ду кишварро халадор месозанд.

Дар баёния гуфта мешавад, ки дар воқеъ як нафарро шаби 5 -уми ноябр куштанд, вале се ин ҳодиса зимни муқовимат ба қочоқбарони маводи мухаддир сурат гирифт. Ба гуфтаи марзбонони тоҷик шаби 5-уми ноябр се нафар талош доштанд, бо 15 килограм ҳашиш вориди хоки Тоҷикистон шаванд.

Дар натиҷа, як нафар кушта шуда ду нафар бо ҷароҳатҳо аз макони ҳодиса фирор карданд. Субҳи 6-уми ноябр, ба иттилои марзбонҳои тоҷик, дар ҷои ҳодиса ду халтаи дорои маводи мухаддир ошкор шуд.

Мақомоти тоҷик аз ду нафар ном бурдааст, ки қочоқчиёни эҳтимолӣ мебошанд: Ҷумъахон валади Аскари 22-сола баъди фирор аз марз тавассути Панҷ дар бемористони Султон Ишкошим аз хунравии шадид ҷон додааст ва падари ӯ – Аскар валади Мушкии 43-сола дар дарё ғарқ шудааст. Ҷасади ӯ рӯзи дигар дар соҳил пайдо шуд", - навиштаанд марзбонҳои тоҷик.

“Чунин ҳодисаҳо то замоне, ки дар хоки Афғонистон сулҳу субот ҳукмрон нашавад, такрор мешаванд”, омадааст дар изҳороти марзбонҳои тоҷик, ки дар ниҳоят ба ҳамкорӣ бо ҳусни тафоҳум дар амри мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бо марзбонҳои Афғонистон изҳори умедворӣ кардаанд.

Марзи дароз ва мушкили рақами як

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км марз дорад ва қочоқи маводи мухаддир мушкили рақами яки марзбонҳои тоҷик ба шумор меравад. Аз сӯи дигар, коршиносон мегӯянд, дар сурати набуди харидори “марги сафед” дар Тоҷикистон, қочоқчиён ҳам талоши убури марз ва интиқоли ин мавод ба хоки кишвари ҳамсояро нахоҳанд кард.

Мақомот ва ниҳодҳои зидди маводи мухаддир мегӯянд, қочоқчиёни афғон талош мекунанд моли худро тавассути хоки Тоҷикистон ба дигар кишварҳо ва бахусус Русия интиқол диҳанд ва даромади бештаре ба даст оваранд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар 9 моҳи имсол дар марз бо Афғонистон 61 убури ғайриқонунии марз рух додааст, ки 26 ҳодиса бо даргирии мусаллаҳона анҷом ёфтааст. Дар ин амалиёт 13 қочоқчии мусаллаҳ куштаву як нафар захмӣ ва 19 нафари дигар боздошт шудаанд.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ҷаноби Улуғхоҷаев, дар ин муддат 107 ҳолати нақзи муқаррароти марзӣ сабт шуда, ҳудуди 300 нафар вайронкунандаҳои қоидаҳои убур аз марз боздошт шудаанд.

Нисбати онҳо 76 парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст. Дар маҷмӯъ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҳудуди 3 тонна анвои мухталифи маводди мухаддирро аз муомилот берун овардаанд, ки бештаре аз маводди кашфшударо марзбонони тоҷик аз қочоқчиён мусодира кардаанд.

Ин изҳорот дар рӯзе нашр шуд, ки бо тасмими раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумат дар сохтори марзбонии кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, Ҳикматулло Пиракзода ба мақоми муовини якуми Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ва Нурулло Абдуллозода ба ҳайси муовини раиси ин ниҳод таъйин шуданд.

Ҳамчунин сардорони раёсатҳои нерӯҳои марзбонӣ дар вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва бархе аз отрядҳои сарҳадӣ иваз карда шуданд.