Тоҷикистон воридоти равғани палмаро манъ кард

Оҷонсии "Тоҷикстандарт" воридоту истифодаи равғани палма ё нахлро дар корхонаҳои қаннодии кишвар манъ кардааст. Равғани нахлро ба Тоҷикистон аслан аз Малайзияву Эрону Покистон меоварданд ва дар истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва ширӣ истифода мекарданд.

Мурод Ашӯров, сардори маркази матбуотии Оҷонсии "Тоҷикстандарт", рӯзи 10 август ба Озодӣ гуфт, соҳибкорони тоҷик асосан ба хотири нархи арзон навъи техникии равғани палмаро ба кишвар ворид мекарданд. "Сифати равғани техникии палма аз ҳама навъҳои равған пасту арзонтар аст. Ҳарорати бадани одам 35-36 дараҷа аст, аммо ин равған дар ин дараҷа дар меъдаи инсон ҳал намешавад," - шарҳ дод Ашӯров.

Ӯ гуфт, тоҷирони тоҷик аксаран равғани палмаро бо равғани пахта омехта карда ва дар истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ истифода мекарданд.

Ҳоло ширкатҳои истеҳсолӣ бо дархости "Тоҷикстандарт" аз феҳристи молу маҳсулоташон номи равғани палмаро ҳазф кардаанд. Маъмулан, қабл аз омода кардани маҳсулот корхонаҳо аз чӣ иборат будани таркиби шириниҳоро ба ин Оҷонсӣ пешниҳод мекунанд.

Манъи воридот ва истифодаи равғани палма ё худ нахл дар истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва қаннодӣ дар ҳолест, ки аз ин қабл “Тоҷикистандарт” чанд номгӯи маҳсулотеро ба мисли тухм, гӯшту пӯсти мурғ ва чой, ки аксаран истеҳсоли Эрон будааст, иҷозаи ворид надода буд. Тасмими манъи ин навъи маҳсулот замоне гирифта шуд, ки равобити Тоҷикистон бо Эрон дар пайи даъвати Муҳидидн Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳамоиши кишварҳои исломӣ дар Теҳрон ба сардӣ гароида буд.

Аз ин рӯ, коршиносон "Тоҷикстандарт"-ро ба "Роспотребнадзор" монанд мекунанд, ки Русия бо ҳар кишваре мушкили сиёсӣ пайдо кард, ин ниҳод воридоти молу маҳсулоташро манъ мекунад.

Абдумалик Қодиров.

Абдумалик Қодиров, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, дар кишварҳои Шӯравӣ бо тақлид аз Русия истифода аз чунин ниҳодҳо барои “қасосгирӣ” истифода мешавад. Ӯ мегӯяд, агар "Тоҷикстандарт" ҳамзамон молҳои истеҳсоли Чинро, ки навиштаҳои тоҷикӣ дар борхатҳояшон надоранд, манъ мекард, он гаҳ шубҳаҳо дар бораи сиёсӣ будани ин тасмим аз байн мерафт.

Ӯ гуфт, "ба фикрам, манъ кардани воридоти молҳои Эронро "Тоҷикстандарт" ҳамчун фишанг истифода кард. Мақсад ин буд, ки ба ҳамкорони эронӣ нишон диҳем, ки аз дасти мо ҳам кор меояд. Сабаҳои дигарро агар ҷустуҷӯ кунем, ин ба муомилаҳои пулии доираҳое дар дохили Тоҷикистон ва Эрон низ бармегардад, ки миёнашон нофаҳмиҳое рух додааст."

Аз сӯи дигар, коршиносон мегӯянд, ҳоло худи онҳо дигар аз воридоти молҳои истеҳсоли Эрон, ки манъ нашудаанд, худдорӣ мекунанд, зеро дар пайи таблиғоти зиёди сифати паст доштани маҳсулоти эронӣ, онҳо харидори кам доранд.

Парвиз Шоҳмуродов, як соҳибкори тоҷик, мегӯяд, онҳо аз Эрон "томат" ва қаймоқҳои эронӣ ворид мекарданд, вале ҳоло бинобар харидор надоштан, аз воридоташ худдорӣ кардаанд: "Инҳо манъ набуданд, вале харидорон вақте мефаҳмиданд, ки истеҳсоли эронӣ ҳастанд, ба маҳсулотҳои дохилӣ бартарӣ медоданд. Аз тарафи дигар, мо ба ҷои ин гуна маҳсулотҳо, ҳоло маҳсулотҳои дохилӣ зиёд дорем."

Аммо худи масъулони "Тоҷикстандарт" сиёсӣ будани манъи воридоти маҳсулоти гуногунро комилан рад карданд. Мурод Ашӯров, сардори маркази матбуотии Оҷонсии "Тоҷикстандарт", гуфт, пас аз ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо, талаботи воридоти маҳсулот ва истеҳсоли маҳсулот сахттар шуд. Ӯ мегӯяд, ҳоло тасмимҳое, ки онҳо мегиранд бар пояи муқарароти ин созмон ба хотири ҳифзи сиҳатии аҳолии Тоҷикистон гирифта мешавад.

"Сарусадоҳо зиёд шуданд, ки гуё мо маҳз маҳсулоти Эронро манъ кардаем. Ҳамчунин, ин талабот ба молҳое, ки аз Чину давлатҳои араб ворид мешаванд, дахл дорад. Ин ҳимояи бозори истеъмолӣ ҳаст," - гуфт ӯ.

Оҷонсии "Тоҷикстандарт" аввали соли 2016 эълон кард, ки воридоти гӯшту пӯсти мурғро, ки аксаран аз Эрон ворид мешавад, манъ кардааст. Ба дунбол, бо далели худкифоятӣ дар пайи боло рафтани истеҳсолоти дохилӣ, воридоти тухм низ манъ шуд. Ҳоло истифода ва воридоти равғани палма ё худ нахл, ки аксаран аз Эрону Малайзияву Покистон ворид мешуд, низ манъ гардидааст ва маълум нест, дар оянда ин феҳрист номгӯи боз кадом маҳсулотро дар бар хоҳад гирифт.