"Ҳама 100 аст"? Бонки миллӣ аудиторҳоро ба дурӯғгӯӣ айбдор кард

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон се ширкати аудиторӣ (тафтишотӣ)-ро ба дуруғгӯӣ айбдор кард ва онҳоро аз ҳаққи кор дар кишвар маҳрум намуд. Масъулони хадамоти матбуоти Бонки миллӣ рӯзи 20-уми сентябр гуфтанд, «Грант Торнтон», «Ш. Адолат» ва «БМҶ Адолат» бинобар пешниҳоди "хулосаи нодуруст" аз рӯйхати ширкаткҳои аудиторӣ хориҷ карда шудаанд.

Мо дар хулосаамон гуфта будем, ки ба идомаи кори «Агроинвестбонк» шак дорем. Ин ки бонкҳо ба мушкил гирифтор шуданд, ба мо дахл надорад

Аммо Бонки миллӣ дар мавриди ин қарораш ҷузъиёти бештар надод ва маълум нест, барои пешкаш кардани кадом маълумоти "носаҳеҳ" ин ширкатҳо аз феҳристи аудиторҳо берун гардиданд.

Баъди тафтиши "Агроинвестбонк"...

Маҳрум кардани ин ширкатҳо аз ҳаққи баргузор кардани аудит дар ҳолест, ки дар гузашта маҳз яке аз ҳамин ширкатҳо – "Грант Торнтон" - шуруъ аз соли 2008 фаъолияти чанде аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла «Агроинвестбонк», «Тоҷпромбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро тафтиш карда буданд.

Ҳарчанд дар арзёбиҳои «Грант Торнтон» фаъолияти бонкҳо муътадил тасвир мешуд, шуруӯъ аз соли 2015 ба ин тараф, «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк» ва «Тоҷпромбонк» дучори мушкил шуда, дар пардохти амонати муштариёнашон оҷиз монданд.

Ҳамсуҳбатони мо, ки аз ҷузъиёти қазия огоҳанд, гуфтанд, маҳз аудити «Агроинвестбонк» барои «Грант Торнтон» дардисарсоз шуд.

"Бонки миллӣ "Грант Торнтон"-ро ба хотири рӯйпӯш кардани мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти бонкҳо аз ҳаққи тафтиши минбаъда маҳрум кард", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

"Мо гуфта будем, ки шак дорем"

Гурген Акопян, роҳбари ширкати "Грант Торнтон" дар Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкат айни замон дар ҳоли таҳия кардани як посухи расмӣ вобаста ба ин қазия аст. Ба гуфтаи масъулонаш, «Грант Торнтон» дар хулосаи аудити соли 2015-ум ба мушкилоти "Агроинвестбонк" ишора карда буд.

"Мо дар хулосаамон гуфта будем, ки ба идомаи кори «Агроинвестбонк» шак дорем. Ин ки бонкҳо ба мушкил гирифтор шуданд, ба мо дахл надорад. Аммо кадом қувваҳои манфиатдоре онро ба мо вобаста карда истодаанд», - гуфтанд дар "Грант Торнтон".

Ҳабибулло Ризоев, як мутахассиси соҳаи молия мегӯяд, ширкаҳои аудитӣ бояд холисона ба вазъи молиявӣ ва дахлу харҷи ширкатҳо, хусусан бонкҳо баҳо диҳанд, чун сармоягузорону амонатдорон дар бораи вазъи воқеии бонк маълумот гиранд.

"Вагарна аудит чӣ маъно дорад?"

"Дар ғайри сурат, хулосаи мусбати ширкати аудитӣ ва рӯйпӯш кардани хилофкориҳои молиявӣ, ҳама, аз ҷумла мақомот ва сокинони одиро ба иштибоҳ мебарад ва боис ба сар задани буҳрон мешавад. Аудит маҳз ба хотри ҳамин гузаронида мешавад, ки дахлу харҷи ширкатҳо ва ё хилофкориҳое, ки ҷой дошта бошанд, сари вақт ошкор шаванд, вагарна чӣ маъно дорад аудит?" - хулоса кард Ризоев.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қонуни аудит нав шуд, вале "сирри аудиторӣ" чӣ маъно дорад?

Бонки миллии Тоҷикистон соли равон бо як қарори ҳукумат ниҳоди танзимгари фаъолияти ширкатҳои аудиторӣ эълон шудааст. Хориҷ кардани исми ин ширкатҳо аз феҳристи ширкатҳои аудиторӣ ба маъноест, ки минбаъд онҳо ҳаққи гузарондани аудит дар ширкатҳои молиявӣ ва бонкҳоро нахоҳанд дошт.

Бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон имсол ба қонун «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» тағйирот ворид карда шуд. Тибқи тағйироти воридшуда ба моддаи 24-уми ин қонун, «ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ барои додани хулосаи носаҳеҳ ва ё бардурӯғ масъул мебошанд».

"Грант Торнтон" (Grant Thornton) яке аз созмонҳои бузурги аудитории байналмилалӣ, марказаш дар шаҳри Лондони Бритониё, аст.