Интихоботи ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи шашуми август қарор қабул кард.
Ин муҳлат як моҳ пеш аз замони интихоботҳои гузашта аст. Ҳар дафъа интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешуд.
Бар асоси қонун акнун ҳизбҳои сиёсӣ ва Иттифоқҳои касаба метавонанд, номзадҳои худро ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод кунанд.
Наврӯз Самадзода, раиси дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ), рӯзи 6-уми август гуфт, дар аввал ҷадвали кориро таҳия карда, сипас аз пайи омодагӣ ба интихоботи президентӣ хоҳанд шуд. Ӯ афзуд: "Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосии вобаста ба интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карданд."
Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи имсол гуфта мешаванд, вале падару писар ҳанӯз дар бораи иштирокашон дар корзори сиёсӣ ҳарфе нагуфтаанд.
Президенти Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва як нафар ҳақ надорад беш аз ду дафъа номзадияшро бигузорад. Аммо дар давоми наздик ба 28 соли роҳбарии президент Раҳмон чанд дафъа қонуни интихобот тағйир кард ва ба ӯ имкон дод, ки бе маҳдудият дар интихоботҳо номзад шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Интихоботи охирини президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 баргузор шуда буд. Дар он интихобот Эмомалӣ Раҳмон ва панҷ нафари дигар, аз ҷумла Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалистӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демократ ва Олимҷон Бобоев, раиси пешини ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ иштирок карда буданд. Ғаффоров ва Бобоев дар интихоботи президентии соли 2006 низ номзад буданд.
Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифин дар интихоботи соли 2013 ба ҷамъоварии имзоҳои зарурӣ барои сабти номи номзадияш муваффақ нашуд. Ҷонибдорони ӯ гуфтанд, ки мавриди таъқибу фишори мақомоти маҳаллӣ қарор доштанд.
Мақомоти Тоҷикистон ва нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил он замон интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ арзёбӣ карданд.
Аммо нозирони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамвора гуфтаанд, ки ҳеч яке аз интихоботҳо дар Тоҷикистон шаффофу одилона ва тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ нагузаштааст.