Тоҷикистон Ӯзбакистонро ба "муколамаи сиёсӣ" даъват кард

Дидори вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, Сироҷиддин Аслов (рост) ва Абдулазиз Комилов (чап)

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамтои узбаки худ -- Абдулазиз Комилов даъват кард, гуфтушунид ва ҳамкориро дар ҳамаи риштаҳо роҳандозӣ кунанд ва вусъат диҳанд.

Бори аввал пас аз танаффуси чандсола Ӯзбакистон ба ҳамоиши вазирони СҲШ дар Душанбе, на сафир, балки вазири худро фиристод. Дар ҳоле ки ба нишастҳои пешинаи вазирони умурии хориҷии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе Тошканд ҳамеша сафири худ дар Тоҷикистон ё ноиби вазири умури хориҷияшро мефиристод, ин бор вазири корҳои берунаи ин кишвар Абдулазиз Комилов меҳмони Душанбе шуд.

Дар дидоре, ки ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов дошт, вазъи феълии робитаҳои ду кишвар ва дурнамои он баррасӣ гашт. Ду тараф шоми чоршанбеи 30 июл дар шаҳри Душанбе мулоқот карданд. Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 31 июл зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбакистон ба манзури ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Душанбе сафар карда ва дар ҳошияи ин ҷаласа бо Сироҷиддин Аслов, ҳамтои тоҷикаш дидору гуфтугӯ намуд."

Ба таъкиди ҷаноби Атоев, "вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҳамтои ӯзбаки худро ба зарурати фаъолсозии муколамаи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла нақлиёт, энергетика, фарҳанг, марзӣ ва дигар самтҳое, ки ҷавобгӯйи талаботи замон ва принсипҳои ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамҷаворӣ мебошанд, ҷалб намуд."

Ин аст, ки сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки "аз назари ҷониби Тоҷикистон, роҳандозии ҳамкории комил дар самтҳои зикргардида ба болоравии сатҳи робитаҳо ва ҳалли масоили дар муносибатҳои ду кишвар ҷойдошта мусоидат хоҳад кард."

Дидори вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки робитаҳои миёни ду кишвар ба сардтарин нуқта расида, Тошканд зимни мухолифаташ ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар ҳамаи риштаҳои дигар бо Душанбе бархӯрди хасмона дар пеш гирифтааст. Бар замми хуруҷ аз шабакаи ягонаи нерӯи барқ, ки бо ин Тоҷикистон низ аз шабака ҷудо карда шуд, Ӯзбакистон роҳи оҳани самти ҷануби Тоҷикистонро вайрон кард ва азс оли 2012 ба ин сӯ ба Тоҷикистон газ намедиҳад.

Он гуна, ки Абдулфайз Атоев гуфт, ки "дар ин дидор ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ, рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони мазкур табодули назари судманд сурат гирифт."

Дар ин робита ҷаноби Атоев мегӯяд, "ҷониби Тоҷикистон барои дастгирӣ дар давраи раёсаташ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори сипос намуд."

Зимнан, нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишгварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой имрӯз соати 10 вақти душанбе дар бустонсарои ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Узбакистон, Русия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор мешавад.