Ҳайатҳои баландпояи Қирғизистону Тоҷикистон моҷарои марзии 11-уми январ ва дурнамои кори кумиссюни таъйин ва аломатгузории марзро баррасӣ ва як протоколро имзо карданд.
Гуфтушуниди ҳайатҳои баландпояи Қирғизистону Тоҷикистон, ки дар қароргоҳи давлатии Ало-Арча дар канори Бишкек баргузор шуд, бо ин созиш ба поён расид, ки бояд ду кишвар ҷараёни таъин ва аломатгузории марзи муштаракро тезонанд ва аз муноқишаҳои эҳтимолӣ дар оянда пешгирӣ кунанд.
Дар изҳороти муштараки ду ҳайат гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот тарафҳо таҳти раҳбарии муовинони сарвазирҳои ин ду кишвар Тоқон Мамитов ва Муродалӣ Алимардон роҳҳои ба эътидол овардани вазъеро баррасӣ карданд, ки баъд аз воқеаи тирандозӣ миёни ҳарбиёни ду кишвар рӯзи 11-уми январ ба миён омад: "Тарафҳо ба созиш расиданд, ки нерӯҳои иловагиеро, ки ду кишвар пас аз ин воқеа ба марзҳои худ фиристоданд, ақиб кашанд". Ҳамчунин гуфта мешавад, тарафҳо бар сари "чораҳои мушаххаси ба эътидол овардани вазъ" низ ба созиш расиданд.
Дар ин санад гуфта намешавад, ки тарафҳо ба ҳамдигар чӣ гузаштҳо карданд, марзи Қирғизистон боз хоҳад шуд ё на ва ба рӯйдодҳои 11-уми январ чӣ баҳо дода шуд? Ҳамзамон бо нашри изҳороти муштараки ҳайатҳои Қиризистон ва Тоҷикистон дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон як баёнияи расмӣ пахш кард, ки дар он гуфта мешавад, сохтмони роҳи Оқсой - Тамдиқ идома дода хоҳад шуд. Дар ин санад омадааст: "Бархе аз расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон иттилое нашр кардаанд, ки гӯё Ҷумҳурии Қирғизистон сохтмони роҳи мошингарди Оқсой - Тамдиқро қатъ кардааст. Дар ин робита хабар медиҳем, ки Қирғизистон мақсад надорад, сохтмони ин роҳро қатъ кунад. Қатъи кори василаҳои техникӣ ба он сабаб рӯй дод, ки сохтмони роҳ ба маҳалли корҳои таркондан расид, ки 1 километру 200 метр дарозӣ дорад."
Ин дар ҳолест, ки маҳз сохтмони ҳамин роҳ сабаби тирандозӣ дар марз гашта буд. Сардори Ситоди нерӯҳои марзбони Тоҷикистон, генерал Шараф Файзуллоев, шаш рӯз баъд аз ҳодисаи тирандозии байниҳамии марзбонон гуфт, сохтмони роҳ зери ҳимояи ҳарбиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон ҷараён гирифт ва сабаби он шуд, ки марзбонони тоҷик қатъи ин сохтмонро талаб кунанд. Дар посух, ба гуфтаи Сардори Ситоди нерӯҳои марзбони Тоҷикистон афзуд, ба хотири пешгирӣ аз тирборони марзбонони қирғиз, қарор шуд, ҳангоми оташи ҷавобӣ аз миномётҳо низ истифода шавад.
Пеш аз оғози гуфтушуниди 30-31-уми январ бо раҳбарии муовинони сарвазирҳои ду кишвар бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон талаб карданд, то тарафи Тоҷикистон масъулияти тирборон ва истифода аз миномётҳоро бар дӯш нагирад, гуфтушунид оғоз нагардад. Вазъ дар марзҳои муштаракро ҳамчунин порлумони Қирғизистон паси дарҳои баста баррасӣ намуд.
Дар ҳоле ки ҳайатҳо мегӯянд, тақрибан сари ҳамаи масъалаҳо ба созиш расидаанд, ҷузъиёти ин созиш нашр нашудааст. Дар идомаи баёнияи якҷояи ҳайатҳо омадааст: "Ба ғайр аз ин, тарафҳо ба созиш расиданд, ки кори гуруҳҳои кории таъин ва аломатгузории марзҳои давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро фаъолтар кунанд. Гузашта аз ин ноибони сарвазирҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон розӣ шуданд, ки мулоқоти навбатиро дар нимаҳои моҳи феврал дар маҳалли марз баргузор намоянд."
Ин нукот дар протоколе сабт шудаанд, ки саронин ду ҷониб ба имзо расонданд.
Дар гуфтушунид, аз тарафи Тоҷикистон инчунин дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, сардори Хадамоти марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини аввали раиси вилояити Суғд Ҷумъабой Сангинов ва дигарон ширкат доштанд.
Аммо Шералӣ Хайруллоев, ки ду моҳ пеш баъди 18 соли кор дар мақоми вазири мудофиаи Тоҷикистон ба нафақа рафт, ҳафтае пеш ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили амниятӣ таъйин шуд, тоза ба ин раванд ҳамроҳ шуд. Ба навиштаи матбуоти чопи Душанбе, Хайруллоев аз рӯзи таъин шуданаш ба мақоми ёвари Эмомалӣ Раҳмон асосан дар Исфара қарор дошт.
Кумиссияи ҳукумати Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марзӣ низ гуфт, ки дар ин сафари ҳайъати Душанбе ба раҳбарии муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон масъалаи ташхис ва аломатгузории марз баррасӣ нахоҳад шуд. Ин манбаъ мегӯяд, ки имрӯз дар Бишкек масъалаҳои аслӣ баррасии сабабҳои муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд ва пайдо намудани роҳҳалли сохтмони баҳсии роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ ва пешниҳоди ба Тоҷикистон додани қитъаи замин бо дарозии 4,5 километр ва 500 метр дар паҳнои миёни рустоҳои Хоҷаи Аъло ва Ворухро баррасӣ хоҳанд кард.
Нотаи Қирғизистон дар робита ба Шоҳ Искандаров
Даври навбатии музокироти Душанъбеву Бишкек дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки бино ба хабарҳо, вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба ҷониби Тоҷикистон нотаи чорумашро фиристода, ин бор аз ҳузури афроди Шоҳ Искандаров дар Ворух изҳори нигаронӣ кардааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар робита ба ҳузури афроди фармондеҳи собиқи мухолифони тоҷик Шоҳ Искандаров дар Ворух - яке аз нуқтаҳои доғи марзи ин ду кишвар - ба Тоҷикистон нота фиристодааст.
Шоҳ Искандаров, ки дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар водии Рашт аз тарафи мухолифон меҷангид, баъди анҷоми ҷанг чанд сол фармондеҳи воҳиди марзбонӣ дар марзи ноҳияи Ҷиргатол бо Қирғизистон буд. Ӯ дар поёни соли 2013 сардори шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Турсунзода, воқеъ дар наздикии марзи Тоҷикистону Узбакистон таъйин шуд. Аммо ахиран хабарҳое расиданд, ки гӯё афроди Шоҳ Искандарову Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке дигар аз фармондеҳони собиқи мухолифон дар водии Раштро дар Исфара дидаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар нотааш аз ҳузури афроди Шоҳ Искандаров дар минтақаи марзии Ворух изҳори ташвиш карда, аз Душанбе сабабҳои эъзоми ин фармондеҳи собиқ ба ин минитақаро суол кардааст.
Аз рӯзи тирпарронии 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд, ки мунҷар ба захмӣ шудани ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз шуд ва ба ҷиддитарин таниш дар равобити Душанбеву Бишкек оғоз гузошт, ин алакай нотаи чоруми вазорати хориҷаи Қирғизистон ба Тоҷикистон аст. Қирғизистон ҳамин тавр, баъди ин тирпарронӣ марзҳояш бо Тоҷикистонро бастааст.
Интизор меравад, рӯзи 30 январ порлумони Қирғизистон низ дар як иҷлоси пушти дарҳои баста бо сарвазир Жанторо Сотиболдиев таниш дар марз бо Тоҷикистонро баррасӣ кунад.
Эътирози вакили қирғиз аз баррасии вазъи марз бо Тоҷикистон
Бино бар хабари расонаҳои ахбори оми Қирғизистон вакили порлумони ин кишвар Омурбек Абдираҳмонов ба нишони эътироз аз махфӣ будани ҷаласа толори порлумонро тарк кард.
Вакили маҷлиси қонунгузори Қирғизистон Омурбек Абдираҳмонов ба хабаргузории «Вести.kg» гуфтааст, вай барои он толори порлумонро тарк кард, ки ба шеваи баррасии вазъ дар марзҳои кишвараш бо Тоҷикистон ва Чин мухолиф аст. Ба гуфтаи ӯ, раиси порлумон ба вакилон пешниҳод кардааст, ки ин масъалаҳо дар паси дарҳои баста ва бе ширкати намояндагони расонаҳои ахбори ом ҷараён гирад ва аксари кулли вакилон аз ин пешниҳод пуштибонӣ кардаанд.
Вакил Абдираҳмонов мегӯяд: «Чаро бояд чунин кард? Ман ба вакилон муроҷиат кардам ва гуфтам, мо, ки ба ҷанг омодагӣ намегирем ва ягон масъалаи мушаххасро ҳал ҳам намекунем, балки дар бораи вазъи куллии марзҳо ва роҳҳои мумкини ба эътидол овардани он баҳси сиёсӣ мекунем. Махфӣ гузарондани ин ҷаласа сабаби овоза ва шарҳу тафсирҳои нодуруст мешавад.»
Хабаргузориҳои Қирғизистон мегӯянд, вакилон нахостаанд, ин масъаларо баррасӣ кунанд. Ҷаноби Абдираҳмонов афзудааст, ки агар Ситоди марказии артиш ё Кумитаи амнияти миллӣ ягон масъалаи тактикии таъмини амниятро баррасӣ мекарданд, вай ба махфӣ ҷараён ёфтани ҷаласаи порлумон мухолифат намекард. Вай ҳамчунин ба аъзои порлумон гуфтааст, ки намехоҳад, дар ин ҷаласа ширкат кунад ва баъдан муҳтавои баҳсро ба хабарнигорон баён дошта, бо ин мақоми махфии ҷаласаро халалдор намояд.
Ақибнишинии нерӯҳои Тоҷикистон аз марз
Мақомоти ҳукумати шаҳри Исфара мегӯянд, ки аз деҳаи Хоҷаи Аъло нерӯҳои иловагие, ки баъди ҳодисаи 11 январ эъзом шуда буданд, пурра берун кашида шуда, танҳо гурӯҳҳои патрули вазорати умури дохила ва нирӯҳои марзбонӣ вазъиятро назорат доранд. Онҳо мегӯянд, ки ҷониби Қирғизитон низ аз Оқсой нерӯҳои иловагиашро берун кашидааст.
Музокироти мақомоти тоҷику қирғиз дар пайи боздидҳои ахири дабири кулли созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Николай Бордюжа аз Душанбеву Бишкек вусъат ёфтанд. Душанбе расман дар бораи сафари Бордюжа ва дидору мулоқотҳои ӯ дар пойтахти Тоҷикистон расман хабаре нашр накард. Танҳо хабаргузории "Авесто" бо такя ба як манбаъаш дар ҳукумат гуфт, ки дабири кулли СПАД рӯзи 27 январ аз Душанбе дидан карда ва аз инҷо рост ба Бишкек рафтааст.
Худи мақомоти СПАД низ аз ҳар шарҳи мавзӯъ ва инки оё Николай Бордюжа ба хотири миёнҷигӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон вориди амал шудааст, худдорӣ мекунад. Як масъули ин ниҳод ба бахши тоҷикии Озодӣ таъйид кард, ки Бордюжа дар сафар қарор дорад, вале ҷузъиёт надод, ки ӯ куҷосту ин сафараш кадом кишварҳоро фаро мегираду чӣ аҳдоферо дунбол мекунад?
Аммо мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки Николай Бордюжа рӯзи 29 январ дар Бишкек бо раиси ин ҷумҳурӣ Алмосбек Отамбоев аз ҷумла масоили марзиро баррасӣ кардааст. Натоиҷи ин дидор эълон нашудааст, вале ин ки музокироти дурӯза дар Исфара ва инак нишасти имрӯзаи мақомоти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек ҳамзамон бо ин талошҳои дабири кулли СПАД сурат мегиранд, ба ақидаи нозирони умур, худ гӯяндаи ҳол ва нақшест, ки ин паймони амниятии кишварҳои пасошӯравӣ дар роҳи ҳалли таниши ахири байни ин ду кишвари узваш бар ӯҳда гирифтааст.
Роҳи Оқсой дар ивази замин то Ворух?
Рӯзи 29 январ дар гуфтушуниди намояндагони баландпояи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара сари коҳиши нерӯҳои ду ҷониб дар марз созиш ҳосил шуд. Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзӣ, ки ду рӯз дар Исфара ҷараён дошт, ба анҷом расид. Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви ҳайати музокирот аз ҷониби Тоҷикистон гуфт, тайи ду рӯзи гуфтушунид як қатор пешрафтҳо ба даст омаданд: «Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Комиссияи аломатгузории марзҳо фардо, 30 январ ба Бишкек мераванд. Ҳоло он чӣ ба даст омад, ин аст, ки қисмати бузурги нерӯҳои марзбонии ҳарду кишвар аз хатти марз қафо кашида шуданд.»
Ҷумъабой Сангинов аз ироаи тафсилоти бештари ин музокирот худдорӣ кард, аммо бино ба манобеи огоҳ, дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххаси худро ба миён гузошта, сипас барои фаҳмондани моҳияти онҳо, ба деҳоти Ворух ва Хоҷаи Аъло сафар кардааст.
Рӯзноманигор Додохон Эгамов, ки бо дархости мақомоти давлатӣ барои ширкат дар ин маъракаи фаҳмондадиҳӣ аз Хуҷанд ба Ворух рафтааст, ба радиои «Озодӣ гуфт, ба мардум расонида шуд, ки пешниҳоди Тоҷикистон ба хотири аз ҳолати ҷазирақаламравӣ хориҷ кардани Ворух аст: «Роҳ! Масъалаи роҳ, ки ҳал шавад, дигар масъалаҳоро комиссия худ ҳал мекунад. Воқеан, вақте қирғизҳо мехоҳанд Оқсойро аз ҷазирақаламравӣ берун кунанд, Ворух чӣ? Мо ҳам бояд Ворухро аз ин вазъ берун кунем. Ба мардум фаҳмондем ва мардум фаҳмиданд.»
Барои он ки Ворух аз ҳолати ҷазираӣ берун шавад, ҷониби Тоҷикистон ба Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки агар дарозии 4,5 километр ва 500 метр паҳнои миёни Хоҷаи Аъло ва Ворухро ба Тоҷикистон диҳад, ба сохтмони роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ розӣ хоҳад шуд ва Қирғизистон ин пешниҳодро напазируфтааст. Сокинони Исфара мегӯянд, ба хотири фаҳмондани моҳияти ин пешниҳод ҳайати ҳукуматӣ бо ширкати Шералӣ Хайруллоев, намояндаи вижа ва ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури амниятӣ миллӣ ва Шоҳ Искандаров, сарвари шӯъбаи милисаи шаҳри Турсунзода ба деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух рафта, бо мардум мулоқот кардаанд.
Абдуғаффор Ғоибов, узви комиссияи паритетии Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои 1969 – 1989 мегӯяд, ҳамчун сокини маҳал ба пешниҳоди ҳукумат розӣ нест, зеро интизор дошт, баҳси марзӣ бар пояи харитаи соли 1927 ҳал мешавад:
«Мо инро қабул надорем, ки ҳайати ҳукумати Қирғизистон бо мардуми худ машварат карда, ба қароре меояд, аммо ҳайати ҳукуматии мо аввал қарор мебарорад ва пас ба назди мардум омада, қарори худро мефаҳмонад.»
Бо ин вуҷуд, мақомоти расмии Тоҷикистон умедворанд, ки дар Бишкек ба тавофуқоти ниҳоӣ даст хоҳанд ёфт. Ва ҳамчунин ба назар мерасад, Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД (ОДКБ), ки рӯзи 28 январ ба таври пинҳонӣ ба Душанбе омада, бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод ва рӯзи 29 январ дар Бишкек бо ҳамтои қирғизи ӯ Алмосбек Атамбоев вохӯрд. Ҳарчанд дар бораи мулоқотҳои ӯ тафсилоте нашр намешавад, ҷуғрофиёи сафарҳояш нишон медиҳад, ки ӯ талош дорад, шиддатро миёни Тоҷикистону Қирғизистон коҳиш диҳад. Сарусадо накардани мавзӯи сафарҳои ӯро ба мураккабии вазъ ва масъала рабт медиҳнд. Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбатони «Озодӣ» ҳам мегӯянд, ҳалли мушкиле, ки қариб 50 – 60 сол ба ин сӯ ҷамъ шудааст, вақти зиёд мехоҳад.
Рӯзи 11 январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз бар сари сохтмони як роҳи мошингард да марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд, дар минтақае ки Қирғизистон қаламрави худ ва Тоҷикистон хоки худ мешуморанд, ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 2 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Ин қазия ба таниши аз нигоҳи шиддаташ то ҳол бесобиқае дар равобити Қирғизистону Тоҷикистон мунҷар шуд. Қирғизистон баъди ин тирпарронӣ марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва сафирашро аз Душанбе «барои машварат» ба Бишкек фаро хонд.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар ин муддат 3 маротиба ба Тоҷикистон нота ва як изҳорот фиристода, масъулияти тирпарронии ахирро ба дӯши марзбонони тоҷик бор мекунад, ки гӯё монеъи сохтани роҳи Кӯктош - Оқсой - Тамдиқ дар қаламрави Қирғизистон шуда, марзи ин кишварро бо миномёт тирборон кардаанд. Аммо Душанбе мегӯяд, ки ҷониби Қирғизитстон алорағми тавофуқоти қаблӣ дар минтақаи баҳсии марзи ду кишвар ба сохтани роҳ шурӯъ кард ва тирандозиро марзбонҳои қирғиз оғоз кардаанд ва марзбонҳои тоҷик танҳо ба хотири пешгирӣ аз низоъи бузургтар ва берун кардани нирӯҳои қирғиз аз қаламрави Тоҷикистон даст ба силоҳ бурдаанд.
Таърихчаи масъала
Душанбе ва Бишкек аз 976 километр марзи муштарак дар 22 соли гузашта аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ 504 километрро аломатгузорӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ҷониби Қирғизистон дар баҳсҳои марзиаш бо Тоҷикистон бар харитаи соли 1989 ва ҷониби Тоҷикистон ба харитаи соли 1924 такя мекунад. Мақомоти тоҷик ба фарқ аз ҳамтоёни қирғизи худ дар бораи моҳияти ин баҳсҳо кам сӯҳбат мекунанд, вале ахиран “Садои мардум” – нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон дар матлабе таҳти унвони “Марзи Тоҷикистон Қирғизистон аз куҷо бояд гузарад?” ба таври муфассал ба таърихи ин баҳсҳо пардохт ва аз ҷумла навишт, дар ҳоли ҳозир байни ду кишвар танҳо дар марзи навоҳии Масчо, Ғончӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен 145 200 гектар қаламрави баҳсбарангез вуҷуд дорад, ки 143 ҳазораш дар дасти Қирғизистон ва танҳо 2200 гектараш аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун чарогоҳ истифода мешавад.
Муаллиф мегӯяд, ҳанӯз 21 сентябри соли 2000 комисиюни байнидавлатӣ оид ба делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатӣ бо ҶҚ таъсис ёфт, вале мушкили ҷониби қирғизҳо замоне сар зад, ки тақсимоти марзӣ дар нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Ғончӣ оғоз гардид. Вақте сухан дар бораи ин қаламрав рафт, ҶҚ қарори он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиеро, ки соли 1989 қабул шуда, қаблан ба он такя мекард, якбора инкор намуда, тасмими комисиюни муштараки солҳои 1957-1959-ро, ки масъалаҳои истифодаи замин ва обёрии онро танзим намуда, ба манфиати ҶҚ аст, ҳамчун асос қарор дод. Масалан, ноҳияи Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки дар он обтақсимкунанда ҷойгир аст, мутобиқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1989 ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Имрӯз Қирғизистон ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-1959 такя намуда, иддао мекунад, ки ноҳияи мазкур ба ӯ тааллуқ дорад.“
"Садои мардум” менависад, асноди ёфтшуда аз бойгониҳои Русия нишон додааст, ки ҳудуди Ворухи ноҳияи Исфара дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон анклав – дар бумбаст набуда, балки ба шаҳри Исфара пайваст шуда буд. .. Дар охири солҳои 80-ум дар даврони ҳукмронии Қаҳҳор Маҳкамов дар асоси ҳуҷҷате бо имзои собиқ раиси Шӯрои вазирон Иззатулло Ҳаёев, дар ҳудуди байни ҷамоатҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух ба қирғизҳо барои истифодаи муваққатӣ 350 га замин ҷудо шуда буд. Ин заминҳо то ҳол боз гардонида нашудаанд.“