Баррасии тарҳи нави роҳи оҳан дар Ашқобод

Tajikistan -- railway

Баъди дар канор мондан аз як тарҳи бузурги минтақавӣ Тоҷикистон ба бунёди ҳарчӣ зудтари роҳи оҳан тавассути Туркманистон ва Афғонистон ниёзманд шудааст.
18 апрел дар Ашқобод-пойтахти Туркманистон. мулоқоти дурӯзаи Гурӯҳи муштараки кории ҳамоҳангсози Туркманистону Афғонистон ва Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Мулоқоти ин гурӯҳи корӣ ду рӯз давом мекунад ва дар он тарҳи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Низом Ҳакимов-вазири нақлиёти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар бораи ин мулоқоти зудрас гуфт: “Се давлат гурӯҳи корӣ таъсис додаанд. Аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон ҳоло дар Ашқобод қарор доранд ва онҳо ҳамаи масъалаҳои сохтмони ин роҳро бо якдигар гуфтугӯ мекунанд. Дар Ашқобод як ёддошти тафоҳум дар ин бора ба имзо расида буд ва ин вохӯрии якӯми гурӯҳи корӣ аст”.

Дар таркиби ҳайати Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров-муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Ҷумъахон Зуҳуров-муовини аввали вазири нақлиёт, ки сарпапастии роҳҳои оҳани Тоҷикистонро бар уҳда дорад ва раҳбарони баъзе аз раёсатҳои вазоратхонаҳои зидахли Тоҷикистон дохил шудаанд.

Низом Ҳакимов-вазири нақлиёт мегӯяд, ҳоло дар бораи ҷузъиёти ин тарҳ сӯҳбат кардан зуд аст, вале вай дар бораи ҳадафи нишаст чунин мегӯяд:“Аъзои гурӯҳи корӣ баррасии масъалаҳоро сар кунанд, як бор бубинанд, баъд хулосаҳои худро ба институтҳои молиявии байналмиллалӣ пешниҳод мекунанд. Аз ҷумла ба Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, JICA ё Ожонси Байналмиллалии Ҳамкориҳои Ҷопон ва дигарон пешниҳод мекунем”.


Тоҷикистон дар ҳоле аз домани ин тарҳ сахт доштааст, ки чанде пеш аз ширкат дар тарҳи роҳи оҳани Чин то Афғонистону Эрон сарфи назар шуд. Мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон мавриди иҷро қарор гирифтани лоиҳаи сохтмони роҳи қатори Тоҷикистон –Афғонистон -Туркманистонро ҷуброни тарҳи аввалӣ медонанд.

Дар бораи сохтмони ин роҳи оҳан дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи соли ҷорӣ дар Ашқобод раисони ҷумҳури се кишвар Ёддошти тафоҳуме ба имзо расонданд, вале пештар моҳи октябри соли 2012 дар Чин тарҳи сохтмони ин роҳи оҳан дар конфронси вазирони нақлиёти кишварҳои узви ЦАРЕС ё Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ба барномаҳои он дохил шуд. Ин тарҳ аз ҷониби даҳ кишвари узви ЦАРЕС ҳамчун коридор ё даҳлези нақлиётӣ шинохта шудааст.

Афғонистону Озарбойҷон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Узбакистон узви ЦАРЕС мебошанд.
Дар ҳоле, ки тарҳи ин сохтмон ҳанӯз дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад, ин се кишвар барои сармоягузорӣ ба Бонки Осиёии Рушд муроҷиат кардаанд ва бонки мазкур баъд аз омӯзиши ҷузъиёти тарҳи ин сохтмон тасмими худро эълон хоҳад кард.

Ба асоси нақшаҳои муқаддамотӣ дарозии ин роҳ аз Туркманистон то ба Афғонистону Тоҷикистон 400 километрро ташкил хоҳад дод ва арзиши роҳ тақрибан 400 миллион доллар тахмин зада мешавад. Ин роҳи оҳан аз хати Атамирад-Имомназар дар Туркманистон ба шохае ҷудо мешавад ва тавассути Андхӯи Афғонистон ва минтақаҳои дигари шимоли ин кишвар бо Тоҷикистон пайваст мешавад. Пешбинӣ мекунанд, ки ин роҳи оҳан аз Панҷи Поён ба қаламрави Тоҷикистон ворид шавад.
Мумкин аст сохтмони ин роҳ тибқи пешбиниҳо то соли 2015 оғоз шавад, вале Низом Ҳакимов-вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, агар сохтмони он ҳарчӣ зудтар оғоз ва анҷом ёбад, ҳамон қадр ба нафъи Тоҷикистон хоҳад буд.