Ҳинд мехоҳад бозигари фаъоли минтақа бошад

Сӯҳбати тӯлонии Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ паси дарҳои баста баргузор шуд, вале баъд ду раҳбар бо хабарнигорон вохӯрданд.

Тоҷикистон ҳам бо Ҳинд ва ҳам бо рақиби қадимии он Покистон равобити хуб дорад ва барномаҳои бузурги энержиро бо назардошти саҳми ин ду кишвар тарҳрезӣ кардааст. Аммо мақомоти Душанбе ҳамзамон кӯшиш мекунад, ки дар робита ба ин ду давлат тавозунро нигаҳ доранд. Қабл аз сафари Модӣ ба Душанбе матбуоти Ҳиндустон аз эҳтимоли ба Ҳинд иҷора додани пойгоҳи ҳавоии "Айнӣ", воқеъ дар 15-километрии пойтахти Тоҷикистон хабарҳо пахш карданд. Аммо Тоҷикистон ин хабарҳоро на тасдиқ мекунад на инкор. Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд рӯзи якшанбеи 12 июл ба пойтахти Тоҷикистон омад ва рӯзи душанбе аз фурудгоҳи низомии "Айнӣ" боздид кард. Ин фурудгоҳ соли 2007 бо 70 миллион доллар сармояи Ҳинд бозсозӣ ва бо навтарин техника муҷаҳҳаз шудааст.

На танҳо Деҳлӣ, балки Маскав низ аз довталабони ин пойгоҳ ҳаст ва ба назари таҳлилгарон ҷое, ки Кремлин дар Тоҷикистон ангушт гузошта бошад, гумон аст, ки дигарон аз он баҳра бардоранд.

Дар остонаи ин сафари нахуствазири Ҳинд нашрияи "Mail Today"-и Ҳинд навишт, ки нахуствазири ин кишвар дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иҷораи фурудгоҳи низомии “Айнӣ” барои Ҳиндро дархост хоҳад кард.

Прадип Васант Найк, яке аз генералҳои баландпоя гуфтааст, ки "барои мо бунёди пойгоҳи низомӣ дар берун аз Ҳинд, бахусус Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст. Аммо Тоҷикистону Русияро лозим аст, ки дар масъалаи фурудгоҳи "Айнӣ" ба тавофуқ бирасанд". Дар гузашта низ сару садоҳо дар мавриди истифодаи фурудгоҳи “Айнӣ” тавассути Ҳинд матраҳ буд, аммо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири вақти умури хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, "музокирот бар сари истифодаи фурдугоҳи Айнӣ танҳо бо Русия ҷараён дорад".

Фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки замони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон низ аз он истифода мешуд, имкони қабули ҳама навъи ҳавопаймои низомиро дорад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро ҳоло бо гузашти солҳо аз бозсозии ин фурудгоҳ, Ҳинд мехоҳад “Айнӣ”–ро ба иҷора бигирад ва нуфузашро дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон тақвият бахшад?

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки таҳаввулоти ахир дар минтақа ва бахусус фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ ва тундрав мисли гурӯҳи "Давлати исломӣ", Ҳиндро низ водор мекунад, дар фикри тақвияти нуфузаш дар Осиёи Марказӣ бошад. Дар ҳоле ки ба қавли Муллоҷонов, "чун аз як тараф Чин асту Покистон, аммо аз тарафи дигар, маҳз ҷараёнҳои ифротгаро вуҷуд доранд, ки Ҳиндро барои тақвияти нуфузаш дар минтақа водор месозад."

Таъмини амният дар минтақа, бахусус вазъ дар Афғонистон, ки ҳамсояи ҳам Ҳинд ва ҳам Тоҷикистон аст ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, назири фаъол шудани созмони "Давлати исломӣ" дар манотиқи шимоли Афғонистон, аз мавзӯъҳои мавриди баҳсу баррасиҳо ва нигарониҳои Нарендра Модӣ бо мақомоти тоҷик будааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотии худ бо нахуствазири Ҳинд бо ишора ба хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ва эҳтимоли маскун шудани гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли ин кишвар гуфт, "мо мувофиқ бар он будем, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ва дар вилоятҳои шимоли он маскан гирифтану фаъол шудани гурӯҳҳои мухталифи террористуву экстемистӣ, пайдо намудан ва ба кор гирифтани роҳҳои муассири ҳалли қазияи Афғонистон ва истиқрори ҳаёти комилан осоишта дар қаламрави он ҳамоҳангии бештару фаъолиятҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустонро тақозо мекунад".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Истиқбол аз нахуствазири Ҳинд дар Душанбе

Хабарнигорон рӯзи 13 июл мушоҳида карданд, ки музокироти дуҷонибаи Нарендра Модӣ бо Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Миллат” пушти дарҳои баста ҳудуди се соат ҷараён гирифт, аммо дар изҳороти матбуотӣ на ҷаноби Раҳмон ва на Модӣ ҳарфе аз фурудгоҳи низомии “Айнӣ” ба забон наоварданд. Ҳарчанд коршиносон ҳадс мезананд, ки тӯл кашидани ин музокирот, ки бо ҳузури вазирони дифоъ ва умури хориҷӣ ҷараён гирифт, маҳз ба мавзӯи фурудгоҳи низомии “Айнӣ” рабт мегирад.

Парвиз Муллоҷонов мутмаин аст, ки ба даст овардани ин фурудгоҳ барои Ҳинд хеле мушкил аст, зеро минтақаи Осиёи Миёна зери нуфузи Русия қарор дорад ва гумон аст, ки Русия ҳатто барои иҷораи фурудгоҳ ба Ҳинд розӣ шавад.

Қосимшоҳи Бекмуҳаммад

Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, коршиноси мантақаӣ талоши Ҳинд барои тавсеаи нуфузаш дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистонро бештар ба рақобатҳои геополитикӣ марбут медонад ва мегӯяд, Ҳинд дар воқеъ дар паи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ дар канори ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, энержӣ ва амсоли инҳо дар Осиёи Миёна мебошад. ​

Дар пайи ин сафари Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон ба Тоҷикистон, ду санад - Созишномаи ҳамкорӣ дар бахши маориф ва Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистону Ҳинд имзо шуд. Қарор аст, бар асоси Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, Ҳинд дар 37 мактаби Тоҷикистон лаборатория ё коргоҳҳои компютерӣ таъсис бидиҳад. Ин ҳам дар ҳоле, ки зимни изҳороти матбуотӣ раҳбарони Ҳинд ва Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, иқтисоду тиҷорат, низомӣ, фарҳангу илм ва ғайра таъкид карданд.

​Ҳинд аз нахустин кишварҳоест, ки дар соли 1992 равобити дипломатиашро бо Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз бахшидааст. Ҳарчанд Тоҷикистон дар ҳайати Шӯравии пешин бо Ҳиндустон равобити густурдаи илмиву фарҳангӣ доштааст. Аммо ҳамкориҳои амалии Ҳинд бо Тоҷикистон дар соли 2002 аз кӯмаки Деҳлӣ ба артиши Тоҷикистон шурӯъ шуд. Нахустин кумаки низомии Ҳинд ба маблағи 5,5 миллион доллари амрикоӣ иборат буд, ки аз як чархболи русии МИ-8 ва 6 мошини низомии боркаш иборат буд.

Ҳамчунин Ҳинд дар Тоҷикистон як бемористони низомиро барои 50 кат дар ҳудуди қисми низомии 07017-и Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бунёд кардааст. Ин бемористони сеқабата, дар октябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тарҳи дигари Ҳинд дар Тоҷикистон марбут ба пойгоҳи ҳавоии Фархори вилояти Хатлон буд. Дар солҳои муқовимат алайҳи Толибон, пойгоҳи ҳавоии Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон, дар ихтиёри Аҳмадшоҳи Масъуд - фармондеҳи нерӯҳои Эътилофи шимоли Афғонистон қарор дошт ва Ҳиндустон ба ҳайси яке аз кишварҳои ҳампаймони ин Эътилоф дар Фархор як бемористони низомӣ ҳам дошт, ки дар он сарбозони захмии Аҳмадшоҳи Масъудро муолиҷа мекарданд. Худи раҳбари муҷоҳидони Афғонистон баъд аз сӯиқасди соли 2001 низ маҳз ба ҳамин бемористони Фархор оварда шуд ва дар ҳаминҷо ҷон дод. Баъди суқути режими Толибон зарурати ҳифзи пойгоҳи Фархор аз байн рафт.

Аммо дар канори ҳамкориҳои низомӣ, Ҳинд равобити иқтисодӣ ва тиҷоратиашро низ бо Тоҷикистон густаришу тақвият бахшидааст. Ин аст, ки ин кишвар тӯли солҳои 2007–2014 ба иқтисоди Тоҷикистон маблағи 25 миллион доллар сармоя ворид кард, ки ҳудуди 19 миллиони он сармояи хориҷӣ ва бақия қарз аст. Дар муддати ду даҳаи ахир миёни Тоҷикистон ва Ҳинд беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мизони гардиши коло маблағи 4 миллион долларро ташкил додааст. Ҳоло дар Тоҷикистон 53 корхонаи муштарак бо сармояи Ҳинд фаъол аст.