Дар машваратҳои сиёсии солона миёни мақомоти Тоҷикистон ва Амрико бештар вазъи амнияти минтақа ва масоили мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ниша Десай Бисвал, ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки рӯзи 2-уми июн дар Душанбе баргузор шуд, масоили вобаста ба амнияти минтақа, хусусан ба вазъи минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, масоили мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромилӣ, терроризму ифротгароӣ баррасӣ шудааст.
«Ниша Десай Бисвал омодагии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба дастгирии нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории фаромиллӣ таъкид намуд», омадааст дар хабари дафтари матбуоти раиси ҷумҳур.
Ҷониби Амрико омодагии худро ба дастгирии нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории фаромиллӣ таъкид намудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ дар мулоқоти ҳарду ҷониб густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энержӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, маорифу тандурустӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳами сурат гирифтааст.
Ҳайати ИМА дар машваратҳои сиёсӣ бо Тоҷикистонро Ниша Десай Бисвал, ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба ӯҳда дорад.
Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА дар бахшҳои мухталиф аз масоил матруҳа дар машваратҳои сиёсии солона миёни ҳар ду кишвар давр Душанбе унвон мешавад. Дар ҳамин ҳол бар иловаи он, ки Ниша Десай Бисвал, дар машварҳои сиёсии солонаи ИМА ва Тоҷикистон ширкат мекунад, ҳамчунин бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, намояндагони ҷомеаи маданӣ, ҷавонон ва хабарнигорон дидору гуфтугуҳоеро анҷом медиҳад.
Зимнан, симмати ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро Ниша Бисвал дар ҳоле бар дӯш гирифтааст, ки қаблан дар ин макқом Роберт Блейк, ифои вазифа мекард.
Машварати охирони мақомоти Тоҷикистон ва ИМА моҳи феврали соли гузашта дар Душанбе сурат гирфта буд, ки Роберт Блейк, ёвари вақти котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳайати Вашингтон ва Ҳамрохон Зарифӣ, вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷониби Душанберо раҳбарӣ карда буданд.
Зимни машварат, масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод ва тиҷорат, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, обу энержӣ, вазъи ҳуқуқи инсон, амнияти марзҳо ва мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни ин нишаст масъалаҳои рушди зербинои наздимарзӣ ва бозсозии роҳҳо ва масъалаҳои обию зистмуҳитӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо мубодилаи фарҳангӣ ва таълимӣ миёни Тоҷикистон ва Амрикоро муҳим хонданд.