Авфи Байналмилал: "Тоҷикистон даҳони мунтақидонро баст"

Гузориши нави созмони Авфи Байналмилал рӯзи 21-уми феврал дар Вашингтон муаррифӣ шуд

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) гузориши нави “Ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон”-ро нашр кард ва дар он вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро нигаронкунанда номид. Дар ин гузориш, ки рӯзи 21-уми феврал дар Вашингтон муаррифӣ шуд, гуфта мешавад, ҳукумат дар Тоҷикистон ба “маҳдудкунии саросарии озодии баён ва гирдиҳамоии сулҳомез” идома дод, то “даҳони мунтақидонро бубандад”.

  • Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол ба ин гузориш вокуниш накарданд. Аммо дар гузашта чунин гузоришҳоро яктарафа донистаанд.
Ҳамоно дастрасӣ ба торнамои расонаҳое ба мисли BBC, CNN ва Фергана.Ру ба иттиҳоми онки гӯиё аз ифротгароӣ ҷонибдорӣ мекунанд, масдуд боқӣ мемонад

"Баъзе вакилони диофъ аз кишвар рафтанд"

Ба навиштаи муаллифон, соли гузашта маъмурони милиса ва кормандони мақомоти интизомӣ ба таъқиби вакилони дифоъ ва пайвандони онҳо идома додаанд. Созмон гуфтааст, бисёре аз вакилони дифоъ, ки бо парвандаҳои сиёсӣ ва марбут ба терроризм кор мекарданд, бо таҳдид ва тарсдиҳӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Ин аст, ба гуфтаи муаллифони гузориш, чанде аз адвокатҳо бо ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон кашида шуданд ё бархеи онҳо бо нигаронӣ аз амнияти худ кишварро тарк намудаанд.

Бузургмеҳр Ёров

Ин созмон як бахши гузоришашро ба қазияи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонӣ бахшидааст. Ин созмон мегӯяд, Ёров, ки баъди ба уҳда гирифтани ҳимояти аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дар маҷмуъ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд, билохира адвокате пайдо накард, то аз ҳаққи ӯ дар додгоҳ ҳимоят кунад.

Масъалаи ҳамҷинсгароён ва занони ҳиҷобпӯш

Созмони Афви Байналмилал дар идома ба масъалаи ҳамҷинсгароён ва занони ҳиҷобпӯш дар Тоҷикистон ҳам дахл кардааст. «Боздошти худсаронаи ҳамҷинсгароён ва трансгендерҳо қатъ нашуд ва намояндагони ҳукумат ҳазорон занро тибқи қонуни расму оин маҷбур карданд, ҳиҷобҳояшонро аз сар бадар кунанд", - омадааст дар гузориш.

Муаллифон гуфтаанд, мақомот моҳи августи соли гузашта, баъди онки президент Эмомалӣ Раҳмон тағйиру иловаҳо ба қонуни танзими анъана ва расму оинҳоро имзо гузошт, ба камияш 8 ҳазор занро водор кардаанд, то рӯсариҳои худро бигиранд. Онҳо гуфтаанд, ҳиҷобу рӯсарӣ бо фарҳанги миллии тоҷикон созгор нест. «Мақомоти давлатӣ тасдиқ мекунанд, ки ҳиҷоб фарҳанги бегона аст ва нишонае аз ифротгароӣ дорад. Нирӯҳои интизомӣ дар фурӯшгоҳҳои либосҳои исломӣ низ рейд гузаронда, бисёре аз онҳо маҷбур шуданд, дӯконҳои худро банданд», - гуфта шудааст дар гузориш.

"Маҳдудият ё ҳифзи амният?"

Дар идомаи гузориш гуфта мешавад, дар арсаи сиёсӣ "масъалаҳои сохтаи суботи ҷомеа ва мубориза бо терроризм" авлавият доштанд. "Ҳукумат доим барои сафед кардани пахши гуногунандешӣ ба мавзӯи амнияти миллӣ такя мекарда мегӯяд, ин чораҳо ба субот ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ муосидат мекунанд", - гуфта мешавад дар ин гузориш.

Муаззама Қодирова, вакили собиқи Бузургмеҳр Ёров, соли 2016 аз кишвар берун рафт

Созмони Авфи Байналмилал дар гузориши тозаи худ гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон ба таври густурда озодии баён, ақида ва расонаҳоро низ маҳдуд карда, ҳама гуна роҳҳои дасрасӣ ба иттилоотро зери назорат доранд. Аз ин рӯ ба навиштаи ҳомиёни ҳуқуқи ин созмон, даҳҳо журналист аз хавфи таъқиб бинобар матолиби интиқодиашон тарки кишвар карданд.

"CNN дар Тоҷикистон баста аст"

Ҳарчанд дар моҳи сайи соли 2017 дастрасӣ ба якчанд сомона, аз ҷумла Facebook, Youtube ва ВКонтакте барқарор шуд, ба навиштаи муаллифони гузориш, "ҳамоно дастрасӣ ба торнамои расонаҳое ба мисли BBC, CNN ва Фергана.Ру ба иттиҳоми онки гӯиё аз ифротгароӣ ҷонибдорӣ мекунанд, масдуд боқӣ мемонад."