Авфи раиси "хабарсоз" аз Ҳисор ва бо ифтихорнома аз зиндон. ВИДЕО

Бурҳониддин Сафаралиев дар хона.

Бурҳониддин Сафаралиев, раиси як маҳаллае дар Ҳисор ки бо гуноҳи "барангехтани кинаву адовати миллӣ" даҳ моҳи умрашро дар зиндон сипарӣ кард, озод шудааст. Ӯро бар асоси Қонуни авф ҳафтаи гузашта аз зиндони Ёвон раҳо карданд.

Ӯ рӯзи 20-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳануз ҳам худро бегуноҳ меҳисобад ва барои «рафтори намунавӣ дар зиндон» ифтихорнома ҳам гирифтааст. Додситонии Ҳисор аввали ҳамин сол бар асоси шикояти чанде аз сокинони узбекзабони маҳаллаи Сайёд ба зидди Бурҳониддин Сафаралиев парвандаи ҷиноӣ боз кард ва додгоҳ тобистон ӯро ба як соли зиндон маҳкум намуд.

Худи ӯ аз аввал мегуфт, бегуноҳ аст ва кори хатову қонуншикание накардааст. Бурҳониддин Сафаралиев мегуфт, ки мақомот барои расонаӣ кардани камбудиҳои деҳа ва манотиқи атроф ба ҳамин васила аз ӯ интиқом гирифтаанд. Бурҳониддин Сафаралиев, раиси маҳаллае буд, ки дар он тоҷикону узбекони зиёд зиндагӣ мекунанд.

Бурҳониддин Сафаралиев рӯзи 20-уми декабр дар манзили зисташ дар деҳаи Сайёди шаҳри Ҳисор дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар зиндон бо гурӯҳи маҳбусоне нигаҳдорӣ мешуд, ки бо гуноҳи тундгароӣ ҷазо гирифтаанд. Раиси собиқи деҳаи Сайёд аз вазъи зиндагӣ дар маҳбас шикояти зиёд накард ва танҳо гуфт рӯзҳои аввали боздошт ва бозпурсӣ дар идораи пулиси Ҳисор таҳдиду зургӯии зиёд шунид.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раиси "хабарсоз" аз Ҳисорро озод карданд

Ӯ гуфт: “Акнун ҳамаи онро гӯям дигар бефоида аст. Шиканҷаи он замон додаро ҳоло собит карда намешавад. Дар зиндон бошад, вақте ман рафтам, вазъ чандон хуб набуд. Баъдан раҳбари зиндон нав шуд ва инсони хуб буд, ки ҳеҷ бетартибӣ нашуд. Ман дар ошхонаи маҳбас ба ҳайси ошпаз кор мекардам”.

Ӯ ҳанӯз ҳам мегӯяд, ки бегуноҳ як соли умри худро паси панҷара сипарӣ кард ва афсӯс мехурад, ки ҷазое, ки бо вуҷуди бегуноҳӣ гирифт, “рӯи тамоми муваффақияту пешрафтҳояш хати сиёҳ кашид”. Бурҳониддин Сафаралиев мегӯяд, баъди озод шуданаш, мақомот аз ӯ хостанд, дубора вазифаи худро ба ҳайси раиси маҳалла идома диҳад. Ӯ мегӯяд, барои хизмат ба ҳамдеҳагонаш омода аст, вале ҳеҷ гоҳ вазифаи раҳбариро дар маҳалла намепазирад: "Дар маҳалла ҳамаашон мегӯянд, ки шуморо як сол интизор будем, ки боз деҳаро раҳбарӣ кунед, лекин ман намекунам, бас аст".

Бо гузашти як ҳафта, ҳанӯз ҳам манзили Сафаралиев пурмеҳмон аст ва ҳамдеҳагон барои аёдаташ меоянд. Шаҳодат Самиева яке аз ҳамдеҳагони Сафаралиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте раиси маҳалла зиндонӣ шуд, онҳо барои гирифани санадҳои зарурӣ намедонистанд ба куҷо муроҷиат кунанд ва давоми ин ҳама вақт маҳаллаи онҳо раҳбаре надошт.

Дар мавриди ин ки барои бегуноҳ собит кардани худ дар додгоҳ талоше хоҳад кард, Бурҳониддин Сафаралиев гуфт: "Ҳоло не, шояд ин корро бо мурури вақт анҷом диҳам. Ман аз аввал ба деҳқонӣ машғул будам ва ҳоло ҳам ба ин кори худ идома медиҳам".

Бурҳониддин Сафаралиев баъди он ба барангехтани хусумати миллӣ муттаҳам шуд, ки сокинони узбекзабон дар аризаи шикоятиашон гуфтаанд ки ӯ ҳамроҳ бо муовинаш Фахриддин Раҷабов номи масҷиди маҳалла "Мулло Аҳмадқулибобо"-и узбекро ба "Масҷиди панҷвақтаи Сайёд" иваз кардаанд. Худи онҳо мегӯянд, тағйири номи масҷид аз тарафи мақомоти расмӣ сурат гирифтааст ва ин кори дасти онҳо нест.

Бурҳониддин Сафаралиев, раиси як маҳалла аст, ки борҳо номаш дар сархати хабарҳо дар Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ӯ дар гузашта дар бораи мушкилоти деҳа ва маҳаллаҳои атроф бо расонаҳо сӯҳбат кардааст. Аз ҷумла, Бурҳониддин Сафаралиев дар гузашта мушкилоти Зуҳро Сайфуллоева, модари 6 фарзанд ва сокини деҳаи Уртабузро расонаӣ кард, ки дар вагоне зиндагӣ мекард ва сипас бо кӯмаки мардум соҳиби хонае дар шаҳри Ҳисор шуд.

Расонаҳо ва мақомот ҳамчунин бо мусоидати ӯ аз сарнавишти Ҷасур Амиров, як ноболиғи узбекистонӣ огаҳ шуданд. Ин навраси 14-сола иддао мекард, ки дар хонаи як сокини ноҳия 8 моҳ истисмор шудааст. Баъд аз гузориши Радиои Озодӣ дар бораи ӯ, мақомот қазияи ӯро таҳқиқ карданд ва бо мусоидати сафорати Узбекистон ба ватанаш бозгардонданд.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, зиндонӣ шудан, ҳеҷ гоҳ роҳи ӯро барои гуфтани мушкилиҳо намебандад: "Аз мушкилиҳо нагӯӣ, ҳал намешаванд."