Дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 30-31 август дар шаҳри Тонҳэи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, Тоҷикистонро ду варзишгар – Сайриддин Шоев ва Муҳаммадризо Қурбонзода – намояндагӣ карданд.
Сайриддин Шоев дар вазни то 74 кило баъди пирӯзӣ бар рақибонаш ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар қувваозмоӣ барои ҷойи аввал аз гуштигири Узбакистон Шербек Рӯзиев мағлуб гашт ва бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар ин вазн Александр Андреев аз Русия ва Такеҳиро Ямашита аз Ҷопон барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммадризо Қурбонзода дар вазни то 100 кило мақоми севумро касб кард ва соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин вазн Юта Накамура аз Ҷопон ғолиб шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ефремови русиягӣ пирӯзӣ ба даст овард. Инчунин Василий Пашуки русиягӣ бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ сардовари ин мусобиқа Маҳмуд Абдуллоев, ки мудири шуъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад, рӯзи 1-уми сентябр аз шаҳри Тонҳэи Кореяи Ҷанубӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки ҳарду гуштигири тоҷик аз ноҳияи Шаҳринав мебошанд.
Ба иттилои оқои Абдуллоев мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии самбо барои Ҷоми раиси FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) барои бори дувум баргузор шуд. Мусобиқаи аввалин низ дар Кореяи Ҷанубӣ, дар шаҳри Пҳоҳан, барпо гардида буд.