Раҳбари собиқи "Тоҷик Эйр" дубора халабон мешавад

Раиси ҳамакнун собиқи ширкати "Тоҷик Эйр" мегӯяд, умедвори гирифтани кадом мансаби давлатие нест ва баъди барканориаш аз мақом ба касби аслиаш, ки халабонист, бармегардад.

Рӯзи 21 июл Фирӯз Ҳамроев аз мақоми раиси ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" барканор шуда, ба ҷои ӯ раиси фурудгоҳи Душанбе Рустам Холиқов таъин шудааст. Фирӯз Ҳамроев, раҳбари акнун собиқи ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» ки рӯзи 21 июл ҳамагӣ чанд соат баъд аз мулоқоташ бо хабарнигорон аз вазифа сабукдӯш шуд, баъди барканориаш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимолан барканории ӯ ба вазъи молии ширкат рабт дорад.

Пас аз нашри фармони барканорияш аз мақоми раҳбари кулли ширкати «Тоҷик Эйр» ҷаноби Ҳамроев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҷое аз ин нақша огоҳ буд. Ӯ мегӯяд, ба сурати умум, кори ширкат дар давраи ӯ ба сурати умум хуб буд, вале таъину барканории раҳбарон, ба назари Фирӯз Ҳамроев, низ як амри маъмул аст: «Ман аз моҳи ноябри соли 2012 дар ин маснад фаъолият доштам. Дар ин муддат тайёраҳо гирифтем, парки ҳавопаймоии нав сохтем. 2 Боинг буд, боз 3 Боинги дигар гирифтем мо. Умедворам, баъд аз ин бо кӯмаки ҳукумат вазъи ширкат хуб хоҳад шуд.»

Ҷаноби Ҳамроев мегӯяд, бовар надорад, ки дигар ба мансабе таъин шавад. Ӯ гуфт, ӯ халабони касбист ва ба ин пеша бар хоҳад гашт.

Фирӯз Ҳамроевро дар ин маснад Рустам Холиқов, ки то кунун дар курсии раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе буд, иваз кард.

Фирӯз Ҳамроев чанд соат қабл аз ин тағйири сарнавишт дар мулоқот бо хабарнигорон кори нимсолаи ширкатро натиҷагирӣ карда, аз мушкилоти зиёди «Тоҷик Эйр», қатъ ва кам шудани парвозҳои он ва 110 миллион сомонӣ қарздор будани ширкат иттилоъ дод. Ӯдар ин нишаст ба гунае аз ҳукумат гила ҳам кард, ки барои рақибаш - "Сомон Эйр", шароити беҳтар фароҳам овард ва ин ширкат хеле аз парвозҳои пурхаридори "Тоҷик Эйр"-ро ба даст гирифт. Гуфта мешавад «Сомон Эйр» таҳти назорати ҲасаниАсадуллоҳзода, раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси президенти Тоҷикистон қарор дорад.

Фирӯз Ҳамроев дар охирин лаҳзаҳои фаъолияташ дар садри ширкати «Тоҷик Эйр» гуфт, аз моҳи апрели соли равон ширкати мазкур дигар дар хатсайри Душанбе - Истамбул парвоз намекунад ва парвозҳо аз Хуҷанд ба самти Маскав ҳам ду баробар кам шудааст. Бо дастури вазорати нақлиёт ҳамакнун ин парвозҳоро ширкати«Сомон Эйр» анҷом медиҳад. Ҷаноби Ҳамроев иқрор кард, ки бо ҳавопаймоҳои худ дар бархе аз маворид «Тоҷик Эйр» дигар наметавонад бо ширкати «Сомон Эйр» рақобат кунад: «Масалан ҳоло мо ба Хуҷанд парвоз надорем. Ин хатсайрро Сомон Эйр гирифт. Ҳар рӯзе ду парвоз анҷом медиҳад ва тарифҳояш ҳам каме фарқ мекунад. Баъд аз ин мусофирони мо кам шуд ва мо аз ин бозор рафтем. Мо бо М-60 натавонистем бо Боингҳо рақобат кунем. Аксар мусофирон, албатта, Боингро интихоб мекарданд.»

Коҳиши парвозҳои «Тоҷик Эйр» ва боз ҳам тангтар шудани мавқеи он дар фазои Тоҷикистон, дар ҳолест ки қарзи ин ширкат дар назди чанд ниҳод ба 110 миллион сомонӣ расидааст. Масъулини «Тоҷик Эйр» мегӯянд, ба хотири раҳоӣ аз бӯҳронӣ молӣ ва ҷилавгирӣ аз муфлисшавӣ онҳо ба ҳукумати кишвар муроҷиат кардаву хостори мусоидат дар пардохти қарзҳояш шудааст.

Масъулини «Тоҷик Эйр» мегӯянд, мушкилоти иқтисодии ин ширкат аз соли 2009 дар пайи берун овардани ширкатҳои кунунии «Фурудгоҳи Душанбе», «Ширкати нафтрасон» ва «Тоҷикаэронавигатсия», ки ҳамагӣ дар тобеияти «Тоҷик Эйр» буданд, шурӯъ шудааст. Раиси бахши молияи «Тоҷик Эйр» Фирӯз Шарифов мегӯяд, баъди ин дар ихтиёри ширкат ҳамагӣ 30 ҳавопаймоӣ шӯравӣ боқӣ монд, ки аз он танҳо чортоаш истифода бурда мешуд: «Ки онҳо ҳам кӯҳна буданд ва сӯзишворӣ зиёд сарф мешуд ва ба рақобат тобовар набуд. Ҳамаи ин ширкатро дар назди фурӯдгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд ва дигар ширкатҳо зиёд шуда рафт.»

Ба гуфтаи Фирӯз Шарифов, ҳоло аз сӯи ҳукумат тарҳе тасвиб шудааст, ки коҳиши хароҷоти «Тоҷик Эйр», аз ҷумла ихтисори 30 дарсади кормандонашро дар назар дорад.

Зоҳиран ҳоло ин суол матраҳ аст, ки чаро ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои гирифтани дасти ширкати давлатии худ «Тоҷик Эйр», ки дар қарз ғӯтидаву рӯ ба муфлисӣ дорад, бештар аз «Сомон Эйр» пуштибонӣ мекунад ва барои он тамоми имкониятҳои рушд фароҳам омадааст. Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик як сабаби аслии ба по нахестани «Тоҷик Эйр»-ро дар он мебинад, ки ин ширкат ба як манбаи фасод барои як гурӯҳи муайян табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, «Тоҷик Эйр мисли корхонаҳои дигари давлатӣ, назири «Барқи Тоҷик» ва ширкати роҳи оҳан манбаи асосии даромади молӣ барои як гурӯҳи муайяни мансабдорон буд ва хешу табори наздики раисиҷумҳур буду ҳаст ва ба ин далел дар чунин ширкатҳо ҳатто оддитарин талаботи шаффофияти фаъолияти ин корхонаҳо таъмин намешавад. Оқои Дӯстов мегӯяд: «Чунин ҷамъиятҳои саҳомӣ ва давлатӣ бояд аз сӯи на як нафар, балки аз сӯи шӯрои мудирон бояд раҳбарӣ шавад ва харидуфурӯше, ки дар ин ширкатҳо мешавад, аз тариқи озмун бояд сурат гирад. Вале ин корҳоро ҳукумат намекунад ва солона дяк гурӯҳи муайян аз ин даҳҳо миллион доллар фоида мебинад.»

Аммо Муҳибулло Қурбонов, коршиноси дигар мегӯяд, агар «Тоҷик Эйр» ширкати хусусӣ мебуд, хеле пеш мерафт. Ӯ мӯътақид аст, ки як сабаби номуваффақии ин ширкат давлатӣ буданаш аст: «Як сол пеш хостам тавассути «Тоҷик Эйр» ба Хуҷанд аз Душанбе парвоз кунам, гуфтанд, чипта нест. Бо як роҳе чипта харида, даромадам, ки нисфи тайёра холист. Яъне ин моликияти давлатӣ асту бино бар ин соҳиб надорад. Агар ин тайёра хусусӣ мебуд, холӣ намерафт ҳеҷ гоҳ.»

Дар зимн дар мулоқоташ бо хабарнигорон Фирӯз Ҳамроев, раҳбари ҳамакнун собиқи ширкати «Тоҷик Эйр» иқрор кард, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба далоили амниятӣ ва беҳтар будани тайёраҳои «Сомон Эйр» на бо ширкати давлатӣ, балки бо ҳамин ширкати хусусӣ парвоз мекунад. «Тоҷик Эйр» ҳоло дар ихтиёри худ 36 ҳавопаймо доштааст, ки 23-тои он аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаву бояд акнун аз тариқи музояда фурӯхта шаванд.