Ӯро аз нахустин ҳунармандоне мешуморанд, ки роҳи овозхонони ҷавони тоҷикро ба хориҷа боз кардааст.
Аммо аввалин сафари дарозмуддаташ ба Дубай овозаҳоеро ба бор оварда буд, ки саҳнаро барои ӯ дар ватан танг кардаанд ва ӯ дигар хоҳиши бозгашт ба ватанро надорад.
Вале ӯ баргашт ва дар саҳнаҳои ватан ҳунарнамоӣ кард, аммо сафарҳои хориҷияш низ идома карданд ва бештар шуданд. Гуфтугӯи мо бо Садриддини Наҷмиддин дар ҳоле ҷараён гирифт, ки вай ба як сафари тоза ба Русия, Аврупо ва Канада омодагӣ мегирифт.
Ин сафар бо мусоидати ширкати бритониёии «Қиём интертейнмент», ки Садриддин бо он тӯли се сол қарордоди ҳамкорӣ дорад, ҷараён хоҳад ёфт. Дар чанд барномаи он ӯро теъдоде аз ҳунарманди хориҷӣ низ ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Садриддини Наҷмиддин, ки худро пайрави мактаби ҳунарманди зиндаёд Кароматуллоҳи Қурбон мегӯяд, ҳарчанд ошиқи ҳунари хонандагӣ буд, аммо то чаҳордаҳсолагӣ овозхониро интихоб накарда буд.
Садридин дар тули 12 соле, ки рӯи саҳна аст, 9 албом таҳия карда ва бештар аз 100 тарона сурудааст. Аз лиҳози шумораи клип ва ё таронаҳои тасвирӣ ӯ миёни ҳунармандони ҷавони тоҷик дар яке аз ҷойгоҳи аввал аст. Дар сӯҳбат бо «Ситораборон» Садриддин бархе асрори хонаводагии худро ифшо кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад