Идомаи талошҳои муштариёни ширкати "Мовароуннаҳр"

Кумитаи муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» ба намояндагӣ аз 600 сармоягузори ин ниҳод, дар як ҳамоиш аз раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, хостори озодии раиси ин ширкат Ҷӯрабек Охунов ва бозгардонии маблағҳояшон шудаанд.
Маҳмадназар Раҳматшоев раиси Кумитаи муштариёни ширкати "Моваруннаҳр" мегӯяд, ин кумита мустақил буда ба намояндагӣ аз 600 муштарӣ ва сармоягузорон таъсис ёфтааст ва ҳадафи он расидан ба адолату ҳақиқат ва ҳифзи маблағҳову ҳуқуқи мардум мебошад. Оқои Раҳматшоев ба Радиои Озодӣ гуфт, муштариёни ин ширкати сохтмонӣ аслан мардуми камбизоат ва хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ мебошанд ва онҳо ба хотири арзону дастрас будани хонаҳои ин ширкат муштарии он шудаанд.

Ӯ афзуд: “Мо мехоҳем, ки раиси ширкат озод карда шавад. Охир вай намегурезад-ку. Ва ё агар ин имкон надорад, бояд муҳри ширкат баргардонида шавад, ки он фаъолияти худро давом диҳад. Ман шахсан аз кори ширкат шикоят надорам. Ва хонае ,ки бояд ман соҳиб шавам ,ба талабот ҷавобгӯ аст. Ин ҳамонҳое аз болои раиси ши ркат шикоят кардаанд, ки худашон аз ширкат қарздоранд ва бо ҳамин роҳ хостанд, ки аз раис халос шаванд ва қарзашонро ба ширкат бар нагардонанд».

Аъзои кумитаи муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» мегӯянд, боздошти раиси ширкат ва манъи фаъолияти он ғайриқонунӣ сурат гирифтааст ва онҳо бим аз он доранд, ки мабодо дороии ин ширкат ба ғорат рафта, он ҳамтақдири муҳрабизнес шавад.

Парвина Ҳикматова, аъзои кумита ва яке аз муштариёни ин ширкат, гуфт: «Ин ширкат аслан барои мардуми камбизоат буд. Мардум дар муҳоҷират бо сад азоб кор карда, пулҳояшонро ба ширкат доданд, ки соҳиби хона шаванд. Ташкили ин Кумита хеле зарурӣ буд, то нагузорад ин ширкат ҳам ҳамтақдири муҳрабизнес ва дигар ширкатҳои хусусӣ шавад».


«Додситонӣ ҳуқуқи муштариёнро поймол кардааст»


Дар ҳамин ҳол вакили мудофеи кумитаи муштариёни ширкати «Моваруннаҳр» Ҳомидбой Маъмуров ба Радиои Озодӣ гуфт, додситонии кулл аз чанд зовия ҳуқуқи муштариёни ин ширкатро поймол ва ё нодида гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки фаъолияти ширкати мазкур қонунӣ буда, муомилоти он бо муштариён тибқи шартнома сурат гирифтааст.

Ӯ афзуқ: «Прокуратура ба бисёр қонушиканиҳо роҳ додааст. Масалан, муҳри ширкатро гирифта нигоҳ медорад. Ва ин ширкат наметавонад корашро идома диҳад. Модоме, ки кори ширкат бо мизоҷонаш аз рӯи шартнома ба роҳ монда шудааст ва аксари муштариён аз кори он розиянд, бояд инро мақомот ба инобат бигирад».

Ба гуфтаи раиси кумитаи мустақили муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» Маҳмадназар Раҳматшоев, раиси ширкати мазкур Ҷурабек Охунов, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққат ба сар мебарад, ваколатҳои худро барои идомаи фаъолият ба бародари худ Турабек Охунов супурдааст, вале бино бар он, ки муҳри ширкатро ҳануз додситонии кул бар нагардонидааст, ширкат наметавонад кори худро идома ва манзили одамамонро сохтаву мавриди истифода қарор диҳад.

Додситон: "Мовароуннаҳр" банкрот шудагӣ буд"

Аммо Ҷамшед Сангов, сардори бахши тафтишотии додситонии кулл, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то анҷоми тафтишот муҳр ва дигар асноди ширкат баргардонида намешавад ва ӯ ин нуктаро, ки ширкати Мовароуннаҳр сармоя барои идомаи корро дар даст дорад, рад кард.

Ӯ гуфт: «Ширкати «Мовароуннаҳр» пеш аз боздошт шудани раисаш банкрот шудагӣ буд. Чаро омада намегӯянд, ки барои давом додани кор маблағе доранд? Мо медонем, ки ширкат пул надорад. Агар тафтишот исбот кунад, ки воқеан пул барои идомаи кори ширкат ҳаст, мо тафтишотро анҷом диҳем, муҳрашонро бар мегардонем. Вале ҳоло ин барвақт аст, зеро ҳолатҳои ҷиноят ниҳоят бисёр аст».

Ба ин тартиб Ҷурабек Охунов раиси ширкати хусусии «Мовароуннаҳр» 9 ноябри соли равон аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шуд ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.Охунов бо моддаи 247 қисми 4-и қонуни ҷиноӣ, яъне қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.

Ширкати мазкур, ки тайи 4 соли охир ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ машъул аст, аз ҳисоби пули пешпардохти муштариён кори худро ба роҳ монда буд. Ва ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, дар фаъолияти худ ин ширкат ба қаллобӣ роҳ додааст, вале кормандони ширкат мегӯянд, иллати аслии муфлисшавии ширкати «Мовароуннаҳр» бӯҳрони молии ҷаҳонӣ будааст, ки ба ин ширкат зарари зиёди молӣ ворид кардааст.


Нахустин ширкати хусусии биносозӣ


Ширкати биносозии «Мовароуннаҳр» яке аз аввалин ширкатҳои хусусиест, ки баъди сукути чандсолаи бозори сохтмони манзил дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ин ширкат тӯли 4 соли фаъолияти худ дар манотиқи мухталифи пойтахт 7 бинои истиқоматиро ибораи аз 455 манзилро бо пешпардохти панҷоҳ дарсадии мизоҷон бунёд ва мавриди баҳрабардории якуним ҳазор нафар муштариёни худ қарор додааст. Феълан 12 бинои дигари 4,5 ва 13-табақаи истиқоматӣ дар манотиқи мухталифи шаҳри Душанбе нотамом мондаанд.

Ширкати мазкур ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кӯлоб низ ба таври ройгон панҷ манзили зист сохта ва аз саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун, ки аз сӯи давлат ба фурӯш гузошта шуд, ба маблағи наздик ба як миллион сомонӣ харидорӣ кардааст.

Зимнан бархе аз коршиносон як иллати варшикаста ва аз фаъолият бозмондани ин гуна ширкатҳоро дар тарзи муносибат ва бархурди ҳукумат марбут медонанд. Зимнан, ба гуфтаи бархе коршиносон, дар ҳоле, ки ин ширкатҳои хусусӣ аз ҳеҷ гуна имтиёзе аз ҷониби давлат бархурдор нестанд, гоҳо дар татбиқи барномаҳои давлатӣ ширкат мекунанд,ки дар ниҳояти амр ба иқтидор ва тавоноияшон зарбаи сангин ворид мешавад.