Ҳукумат дар дасти ҷавонон. Таҷриба муҳим аст ё ҷасорат?

Чил ҷавон дар давоми як ҳафта ҳокимияти вилояти Суғдро дар даст хоҳанд дошт. Онҳо ба муҳимтарин курсиҳои ҳукумат, ба истиснои курсии раиси вилоят нишаста, донишу лаёқати худро ба намоиш мегузоранд.
Барои ширкат дар ин озмоиш 120 беҳтарин донишҷӯи панҷ донишгоҳи вилоят интихоб шуданд, аммо аз байни онҳо танҳо 40 нафар баранда шуданд.

Мирзотоҳир Набиев, котиби гурӯҳи тадорукоти озмун ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аз ин иқдом ба кори давлатӣ ҷалб кардани ҷавонон аст. Ӯ мегӯяд, шартҳоиозмун миёни беҳтаринҳо имсол назар ба соли гузашта сангинтар буд.

Як тан аз онҳое, ки соли гузашта “лаззат”-и кор дар сохторҳои ҳукумати вилояти Суғдро чашидааст, изҳори умедворӣ кард, ки имсол ҷавонон муваффақтар хоҳанд буд. Ганҷинаи Илҳомҷон, донишҷӯйи соли чаҳоруми факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, таассуроташро аз ширкат дар таҷриба мусбат номид, вале гуфт, ба ширкаткунандагон тамоми салоҳиятҳо дода намешаванд: « Аз сабаби бетарҷрибагӣ идроракуниро пурра ба мо вогузор намекунанд. Аммо тарзи дурусти корро хуб меомӯзонанд. Ин як заминаест барои фаъолияти ҷавонон дар оянда»

Ин тарҳ дар ҳоле амалӣ мешавад, ки бархе аз мансабдорони баландпоя ниёзи ҳукуматро ба кадрҳои ҷавон дарк мекунанд ва мегӯянд, омодаанд вазифаҳои пурмасъулиятро ба ҷавонон вогузор кунанд. Аммо ҳамзамон як қадам ба ақиб мегузоранд ва мегӯянд, таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳамаи ҷавонҳо лаёқати раҳбарӣ доранд. Коршиносон бар инанд, ки ҳунари раҳбарӣ дар ҷараёни кор ва таҷриба ҳосил мешавад ва мақомдорон бояд сабур бошанд, ба ҷасорати ҷавонон эътимод кунанд. Ба гуфтаи онҳо ҳоло ҳукумат аз ҳар вақти дигар дида ба нерӯ ва ғайрати ҷавонон ниёз дорад.

Сайфулло Муллоҷонов

Ҷомеашинос Сайфулло Муллоҷонов, бо ишора ба президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, замоне, ки Раҳмон масъулияти кишварро ба зимма гирифт, ҷавон буд ва ҷасорату ҷавонӣ буд, ки ӯ масъулиятро дар солҳои ҷанг бар душ бигирад. Ба ақидаи ин ҷомеашинос дидгоҳи замони шӯравӣ кори бисёр мақомдоронро дар замони модерн мушкил мекунад: “Ҳукумати чанд сол қаблии мо нисбат ба имрӯз фаъолтар буд, ҳатто ин чизро дар нисбати парлумон ҳам гуфтан мумкин. Яъне дар парлумон, ки яке аз шохаҳои ҳокимият кишвар аст, набудани нерӯи ҷавон, ҳамин заъф баръало мушоҳида мешавад. Дар пешорӯ, ки интихобот ва баъди якуним соли дигар интихоботи парлумонӣ аст бояд ҳукумати феълӣ ва аҳзоби сиёсӣ ба ин нукта таваҷҷӯҳ кунанд.»

Ҷаноби Муллоҷонов ҳукумати Қирғизистонро намуна овард, ки бо такя ба нируи мақомдорони ҷавон тавонист кишварро аз нооромӣ раҳо кунад ва имкониятҳои нави рушдро фароҳам оварад. Аммо коршиносони дигар мегӯянд, таҷрибаи раисиҷумҳури Қазоқистон, ки чанд сол пеш як ҳукумати технократии ҷавононро таъсис дод, зиёд комёб набуд. Ҳамзамон аз таҷрибаҳои хуб дар худи Тоҷикистон намуна оварда мешавад, ки идома пайдо накард.

Қадамҷон Сафиев, мудири Маркази иттилооти техникии дастгоҳи президент, ки ҳамаги 32 сол дорад, қаблан роҳбарии хадамоти алоқаи кишварро бар дӯш дошт. Бояд гуфт, ки замони роҳбарии Қадамҷон Сафиев хадамоти алоқаи кишвар 9 ҳазор коргар дошт, ки 60 дар сади онҳоро ҷавонон ташкил мекарданд. Вай мегӯяд заминаҳои рушди соҳаро роҳбари пешина, Саид Зубайдов, ки худаш ҷавонон буд, омода намуд ва бо ҷалби ҷавонон ба кор он ташаббусҳоро муваффақ гардонд: «обрӯйи роҳбар аз коргар вобастагӣ дорад. Бинобар ин бояд роҳбар муаян кунад, ки кадом коргар ба чӣ шароит ниёз дорад. Вақте шароити корӣ хуб бошад коргар ҳам вазифаашро дар сатҳи баланд анҷом медиҳад.»

Ҳарчанд намунаҳои муваффақ зиёд нестанд, аммо ҳақталошии ҷавонҳо дар солҳои ахир ин умедвориро ба миён овардааст, ки солҳои минбаъда ҳукумат ногузир теъдоди бештари ҷавонҳоро ба корҳои раҳбарӣ ҷалб хоҳад кард. махсусан онҳоеро, ки дар риштаҳои иқтисод, энержӣ ва текноложӣ таҷриба андӯхтаанд.

Комилҷон Холов

Комилҷон Холов, мудири Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе аст. Ӯ чанд сол пеш дар интихоботи порлумонӣ иштирок кард ва ноком шуд. Комилҷон ин нокомиро на ба пурқудрат будани рақибон, балкӣ ба камтаҷрибагии худ марбут медонад. «интихобот майдони васеъ аст ва чанд нафар номзадии худро мегузорад. Ба касе мардум таваҷҷӯҳ кард, овоз медиҳад. Шояд ба ман ҳам мардум таваҷҷӯҳ доштанд, аммо мумкин камтаҷрибагиям буд, ки дар интихобот натавонистам гузарам. Аммо ин барои ман беҳтарин имкон буд, ки тавони худро дар майдони сиёсат бисанҷам»

Пойгоҳи дигаре,ки метавонад ҷавононро ба зинаҳои болои давлатдорӣ бубарад, тарҳи Парлумони ҷавонони Тоҷикистон аст. Раиси ин парлумон донишҷӯи соли сеюми ДМТ, Нозилшои Ҷумахон мегӯяд, дар ин ҷо 63 вакил кор мекунад, ки аз 17 то 26-сол доранд ва кори онҳо аз ваклони касбӣ фарқе надорад. Нозилшои Ҷумахон мегӯяд: «боиси таассуф аст, ки ҳоло ҳам баъзе шахсон ба иқтидору тавоноии ҷавонон бовар надоранд, ки хатогии бузурги онҳост. Яъне ман гуфтани ҳастам, ки ҷавонон имрӯз қобилияти идоракуниро доранд, зеро мо нерӯи созанда ҳастем. Масалан, илмҳои замонавиро, техника ва технологияро бидуни ҷавонон тасаввур кардан ғайри имкон аст. Яке аз сабабҳои пешравии кишварҳои Ғарб низ дар он аст, ки дар аксар мақомотҳои идоракунӣ саҳми ҷавонон фаъол аст.»

Таҷрибаи ҳокимияти якҳафтагии ҷавонон дар вилояти Суғд, ки аз соли 2005 инҷониб амалӣ мешавад, заминаест, ки ҳар дафъа то 10 нафар аз ҷавонон ба кори раҳбарӣ ҷалб шаванд. Ҳоло ҷавонони дигар суол мегузоранд, ки чаро чунин таҷриба дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон амалӣ намегардад? Ин пурсиш ҳам матраҳ мешавад, ки чаро ҷавонон дар хориҷ аз Тоҷикистон муваффақ мешаванд, аммо ҳукумат онҳоро барои кор ба кишвар даъват намекунад.