Сафар ба Амрико... танҳо баъди хатми мактаб

Аз ин ба баъд хонандагони тоҷик дар доираи барномаи FLEX танҳо пас аз хатми мактаби миёна метавонанд, барои таҳсил ба Амрико сафар кунанд. Дар ҳоле ки дар гузашта барои ширкат дар ин барнома, хонандагони синфҳои 9 ва 10 ҳам интихоб мешуданд.

"Барномаи FLEX (Future Leaders Exchange Programm) ё таҳсили яксола дар Амрико набояд ба таълими хонандагони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон халал ворид кунад." Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм дар мулоқоти ахираш рӯзи 23-юми август бо Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон ба ҳамин нукта таъкид кардааст.

FLEX ягона барномаест, ки ба мактабиёни болаёқати тоҷик тариқи ройгон имкони зиндагиву таҳсил барои як сол дар Иёлоти Муттаҳидаро фароҳам мекард. ​

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим бо ҳадафи аз байн бурдани нофаҳмиҳо ва халал ворид нашудан дар ҷараёни таҳсили шогирдон дар мактаби миёна гирифта шудааст. Ба қавли Эҳсони Хушбахт, солҳои пеш хатмкунандаҳои ин барнома, баъди бозгашт талаб мекарданд, ки бар ивази як соли таҳсил дар Амрико, аз синф ба синфи дигар гузаронда шаванд.

"Вақте барномаи таълимии онҳоро медидем, тамоман ба барномаи таълимии Тоҷикистон мувофиқ набуд ва бояд шогирд дубора синфи 9 ё 10-ро дар инҷо хонад. Бачаҳо аз ин норозӣ мешуданд, ки як соли худро онҷо сарф кардаанд. Барои ҳамин, ҳар сол вазорат ба ҳамин таъкид мекард. Акнун дар пайи як мулоқоти вазир бо сафир чунин пешниҳод шуд, ки хонанда мактабро хатм мекунад, шаҳодатномаро дар даст мегирад ва баъд меравад," - афзуд ӯ .

Вазири маориф бо сафири Амрико дар ҳоле барои ҷалби хонандаҳо баъди хатми мактаб ба барномаи FLEX ба мувофиқа расиданд, ки масъулони ин барнома дар Тоҷикистон мегӯянд, ду сол боз бо дастури маориф танҳо барои синфҳои 11 озмун эълон мекарданд. Дар ҳоле ки дар гузашта барои иштирок дар барномаи FLEX, хонандагони синфҳои 9 ва 10 ҳам интихоб мешуданд.

Матлуба Маҳмадҷонова, раҳбари барномаи FLEX дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳоло Тоҷикистон ягона кишварест, ки хонандагони синфҳои 9 ва 10 аз ширкат дар ин барнома ва таҳсилу зиндагии яксола дар Амрико маҳруманд. Ӯ афзуд, "ин барнома аз рӯи талаботи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон фаъолият мекунад. Пас аз дарёфти иҷозатномаи расмӣ, шояд моҳи сентябр озмун кунем ва бачаҳо тибқи ин пешниҳод баъди гирифтани шаҳодатнома тавонанд сафар кунанд."

Наздики 400 донишомӯзи тоҷик дар чорчӯбаи барномаи FLEX дар Амрико таҳсил кардаанд."

Тағйирот дар кори барномаи FLEX бархе аз наврасонро, ки таҳсил дар Амрикоро ҳанӯз аз курсии мактаби орзу доштанд, ноумед кардааст. Аниса Муродова, яке аз довталабони ин барнома гуфт, ҳоло хатми мактабро интизор аст, то тавонад таҳсилашро дар Амрико идома диҳад. "Медонам, ки агар ба талаботи озмун ҷавобгӯ бошӣ, муҳим нест ту пул дорӣ ё не, ҳатман барои таҳсил интихоб мешавӣ," - афзуд ӯ.

Онҳое, ки тибқи ҳамин тағйироти ахир дар Амрико таҳсил кардаанд, мегӯянд, бартарии барнома қаблан ин буд, ки онҳо ҳанӯз аз даврони мактабӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, замина тайёр мекарданд.

Шӯрои Амрико оид ба маорифи байналмилалӣ дар доираи барномаи табодули хонандагони макотиб мавсум ба FLEX давоми 24 соли фаъолияташ ба бештар аз 24 ҳазор хонандаи мактабҳои миёна стипендия додааст. Барандагони ин стипендия муддати як сол меҳмони як оилаи амрикоӣ шуда ва дар мактаби миёнаи амрикоӣ таҳсил мекунанд. Дар ин солҳо наздики 400 донишомӯзи тоҷик, дар чорчӯбаи барномаи FLEX дар Амрико таҳсил кардаанд.

Азима Ҷӯраева

Азима Ҷӯраева, як хатмкунандаи барномаи FLEX, ки тибқи ҳамин тағйироти ахир дар иёлоти Айоваи Амрико таҳсил кардааст, таъкид мекунад, ки беҳтарин баҳра аз як соли зиндагӣ дар ин кишвар "истиқлоли фикрӣ" буд, ки дар интихоби роҳи ояндаи зиндагӣ ба вай ёрӣ мерасонад. Бо донише, ки дар ин як сол аз худ кард, ӯ метавонад таҳсилро дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Кипр идома диҳад. "Ҳамааш хуб, лекин ман як сол аз ҳамсолонам қафо мондам. Чунки як сол дар доираи барномаи FLEX таҳсил кардам, аллакай ҳамсинфони ман донишҷӯи курси якум буданд," - гуфт Азима.

Ҳамин тавр, садҳо хатмкунандаи FLEX тавонистаанд, пас аз таҳсили яксола дар Иёлоти Муттаҳида, ки ҳадафи аслӣ омузиши забони англисӣ аст, роҳи худро барои сохтани карйера ва ҳам пайдо кардани кори хуб, боз кунанд. Барои мисол Илҳом Алиев, яке аз хатмкунандаҳои ин барнома, ки як соли таҳсилу зиндагӣ дар Амрикоро ҳанӯз замони мактабхонӣ гузарондааст, ҳоло раҳбари Палатаи тиҷоратии Амрико дар Тоҷикистон (American Chamber of Commerce in Tajikistan) аст.

Амирҳамза Мерганов.

Яке дигар аз хатмкунандагони FLEX Некрӯз Мамадализода, ҳам ҳоло баъди хатми донишгоҳ, дар як ширкати бонуфузи тиҷоратӣ дар шаҳри Берлин фаъолият дорад. Амирҳамза Мерганов, яке дигар аз хатмкунандаҳои ин барнома мегӯяд, ин тасмими вазорат ба онҳое, ки воқеан мехоҳанд, як сол дар Амрико зиндагиву таҳсил кунанд, чандон таъсире нахоҳад дошт. Зеро "таҳсил дар доираи ин барнома новобаста аз вақту соат муҳиму ояндасоз аст".

Ҳукумати Амрико тамоми харҷи сафар, зиндагӣ ва таҳсили хонандагонро, ки тавассути барномаи омӯзишии FLEX ба Амрико мераванд ва барои ҳар кадомашон то 18 ҳазор доллар харҷ мешавад, бар зиммаи худ гирифтааст. Бар илова, барномаи FLEX барои ҳар кадом аз ин хонандагон дар давоми сафар ҳар моҳ 125 доллар стипендия ва 300 доллар ҷубронпулӣ таъин кардааст.