Амриддин: Зиндон барои писарам беҳтар аз ҷанги Сурия аст

Амриддин Ватанов пас аз ду моҳи ҷустӯҷу писарашро дар Туркия ёфт ва ба Тоҷикистон баргардонд.

Амриддин Ватанов писарашро, ки ба гуфтаи худаш "мағзшӯӣ" шуд ва азм дошт, ки ба Сурия рафта ва ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ бипайвандад, баъди ду моҳи ҷустӯҷу дар Туркия пайдо кард ва ба Тоҷикистон баргардонд.

Як сокини шаҳри Душанбе пас аз талоши ду моҳа писарашро, ки мехост, аз Туркия ба Сурия биравад, пайдо кард ва ба Тоҷикистон баргардонд. Ҳоло Фурқат Ватанов писари 23-солаи ӯ дар боздоштгоҳе дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Амриддин Ватанов, сокини шаҳри Душанбе охири моҳи март огоҳ шуд, ки писари муҳоҷираш дар Русия ният дорад, ба Сурия биравад. Ӯ аввал талош кардааст, ки писарашро аз роҳи хато баргардонад, вале насиҳатҳои тӯлониаш ба писар аз тариқи “Вайбер” натиҷа надод. Амриддин Ватанов мегӯяд, Фурқат ба ҳарфи ӯву модараш эътино намекард ва сарсахтона мегуфт, ки роҳи интихобкардааш дуруст аст. Ватанов аввали моҳи май аз сӯҳбатҳои телефонӣ фаҳмид, ки писараш дар Туркия қарор дорад ва рӯзҳои наздик мехоҳад, марзро убур кунад.

“Ба Туркия рафтам ва аз консулгарӣ мадад пурсидам. Онҳо маро ҳамроҳӣ карданд ва ба пулиси зидди терори Истанбул ариза навиштем. Як ҳамсинфи писарамро пайдо кардам, ки гуфт, ӯ бо онҳо гоҳ-гоҳ тамос мегирад ва мегӯяд, ин ҷо дар мадрасае мехонад. Пулис чандон кӯмак накард ва худам ба ҷустуҷӯ сар кардам”- гуфт ӯ.

Ватанов мегӯяд, барои ҷустуҷӯи писараш ба ноҳияи Фотеҳи Истанбул рафтааст, ки он ҷо пур аз тоҷикон буданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Падар фарзандашро аз роҳи Сурия баргардонд

“Ҳар қадам тоҷик буд. Аъзоёни “Гурӯҳи -24 ва аъзои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ҳамин ҷо буданд. Ҳар кас пайи ташвиқу тарғиботи худ аст ва касе ба онҳо кор надорад. Бачаҳои тоҷике, ки ба Сурия мерафтанд ҳам бо онҳо дар ҳамин ҷо буданд. Вақте писарамро тариқи ҳамсинфаш аз ин маҳал пайдо кардем, маълум шуд, ки ӯ ҳамроҳ бо як афғон дар ҳуҷраи як сокини Қурғонтеппа зиндагӣ мекунад ва барои ба Сурия рафтан омодагӣ дорад.”

Ба гуфтаи Ватанов, писараш дар ин ҷо як моҳ дарси тавҳид гузашта, бо тамошои видеоҳои ифротиҳо ба ҳадде мағзшӯӣ шудааст, ки азм дошт ҳарчӣ зудтар ба Сурия равад. Аммо бинобар таҳти контроли нерӯҳои давлатии Сурия даромадани наздикиҳои сарҳади Туркия, ки ҷавонон аз он тариқ ба гурӯҳи Давлати исломӣ мепайвастаанд, сафари писараш ба таъхир афтодааст. Амриддин Ватанов мегӯяд, агар ду рӯзи дигар дер мекард, писарашро аз даст медод.

“Ҳангоме боздошт шуд, аз ман бисёр норозигӣ кард ва гуфт, кори хуб накардӣ падар. Гуфт, ду рӯз пас мо бояд аз марш мегузаштем. Ҳамроҳаш як афғон буд, ки шиносномаи қирғизӣ дошт. Пулиси Туркия ӯро раҳо кард ва коре ба ӯ надошт. Дар ҳайрат будам, ки пулиси Туркия мегуфт, бигзор писарат худаш тасмим бигирад ва ӯро ба Тоҷикистон набар. Гуфтам, ки ҳоло то ақлаш ба сараш омадан ман тасмим мегирам.” - гуфт Амриддин Ватанов.

Ӯ писарашро баъди бозгашт ба Тоҷикистон ба дасти мақомоти интизомӣ супурдааст. Бар асоси ҳуҷҷате, ки ин мард дар даст дорад, алайҳи писараш бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандон дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангии қаламрави дигар давлатҳо) парванда боз кардаанд.

Амриддин Ватанов дар идомаи сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз як ҳафтаи боздошт, афкори писараш дигар шудааст ва ӯ аз кардаҳояш пушаймон аст. Ин падар умедвор аст, ки мақомоти Тоҷикистон писарашро афв мекунанд ва мегӯяд,

"Шояд ӯро барои пушаймониаш афв кунанд, аммо дар маҳбас ҳам бошад, дилам дигар пур аст, ки дар ватан аст. Муҳим аз ҳама писарам дар роҳи ноҳақ намурд. Агар ӯро маҳбас ҳам кунанд, эътироз надорам. Доим ӯро мебинам ва аз мурдани беномунишон дар як кишвари бегона дар маҳбас будан ҳазор бор хуб аст.” - мегӯяд Амриддин Ватанов

Таъйиди гуфтаҳои Амриддин Ватанов аз дигар манобеъ ғайримумкин аст ва мақомоти Тоҷикистон дар бораи парвандаҳои терроризм ва ё ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои хориҷӣ умдатан то замони эълони ҳукм сӯҳбат намекунанд. Аммо соли гузашта гуфтанд, ки 30 нафар аз ҷавонон ва баъзе аз духтарон ҳам ё аз Туркия ва ё аз Ироқу Сурия баргаштаанд.

Мақомот мегӯянд, онҳое, ки дар ҷангҳо ширкат накардаанд ва бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан бармегарданд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешаванд. То кунун бино ба иттиллои расмӣ бештар аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гурӯҳҳои террористиву тундрав ва бахусус гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастаанд.