Ҳазорон ҷавони тоҷик, ки имсолу соли гузашта, ки 18-сола шудаанд, бори аввал рӯзи 1-уми март дар интихоботи порлумонӣ иштирок хоҳанд кард. Чанде аз онҳо дар бораи интихобот хабар доранд ва барои раъйдиҳӣ ба ҳавзаҳои интихоботӣ мераванд, аммо баъзеи дигар мегӯянд, ки дар бораи интихоботу номзадҳо чизе намедонанд.
Мақомот мегӯянд, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон барои огоҳ кардани ҷавонон аз ин маъаракаи сиёсӣ қонун дар бораи интихоботро нашру паҳн кард. Аз даҳ ҷавоне, ки Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо онҳо суҳбат кард, танҳо чаҳор нафарашон гуфтанд, ки медонанд, рӯзи 1-уми март интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Дигарон ё аз баргузории ин маърака хабар надоштанд ва ё намехостанд, дар бораи ин масъалаи ба гуфтаи онҳо сиёсӣ суҳбат кунанд.
Саёҳат, ки қарор аст, бори аввал дар интихоботи порлумонӣ ширкат кунад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даъватномаро барои иштирок дар ин маърака гирифтааст, вале намедонад, ба ҷонибдории намояндаи кадом ҳизб ё номзади алоҳида овоз диҳад. “Зеро ҳанӯз барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсиро надидаам”, - гуфт ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бузургмеҳр Садриддинов, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи интихобот ба ҷонибдории номзаде раъй хоҳад дод, ки барои беҳбуди вазъи ҷавонон қонунҳои хуб омода кунад ва дар порлумон мушкили бекорӣ ва таҳсили ҷавононро баррасӣ намояд.
Чанд ҷавони дигар аслан нахостанд бо Радиои Озодӣ дар бораи интихобот гап зананд. Бетафовутии ҷавонон ба сиёсат ва интихобот дар Тоҷикистон агарчӣ аз пеш будааст, аммо солҳои ахир ба он сатҳи поёни дониши ҷавонон ба он изофа шудааст.
Дар як назарсанҷии Радиои Озодӣ дар Инстаграмм садҳо корбар, ки аксаран ҷавонони аз 18 сола боло ҳастанд, навиштаанд, ки интихобот барояшон аслан муҳим нест. Якеаш навиштааст: “Порлумон ки аст? Чӣ кора аст?”
Ин бетафовутӣ ба гуфтаи ҷомеашиносон бар зарари худи ҷавонон аст ва бепарвоӣ нисбат ба сарнавишти худашон аст. Аммо зоҳиран мақомоти Тоҷикистон чандон нигарони ин масъала нестанд.
Чанде пеш дар нишасти хабарӣ дар Душанбе раиси Кумитаи ҷавонон Абдулло Раҳмонзода гуфт, бетафовутии ҷавонон ба сиёсат ҷойи нигаронӣ надорад: “Дар кишварҳои пешрафтаи дунё ҳамагӣ то 35 дарсади интихобкунанда дар интихоботҳо сабтином мешавад. Ҳеҷ кас эрод намегирад, баръакс, чунин маънидод мешавад, ки зиндагии хуб доранд ва ба сиёсат кордор намешаванд. Дар мо ин баръакс аст, гӯиё ширкат накардани ҷавонон як чизи манфӣ бошад.”
70 дарсади аҳолии Тоҷикистон ҷавонон ҳастанд ва бахше аз онҳо бори аввал дар интихоботи порлумонӣ иштирок мекунанд. Дар гузашта чунин ҷавонҳоро дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо гул пешвоз гирифтаанд. Интихоботи порлумонӣ рӯзи 1-уми марти имсол баргузор мешавад ва барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон беш аз 200 номзад мубориза мебаранд.
Нозирони байналмилалӣ ва созмону кишварҳои ғарбӣ гуфтаанд, то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон шаффофу одилона ва мувофиқ ба меъёрҳои демократӣ сурат нагирифтааст. Зоҳиран баъзе аз ҷавонон аз ин арзёбиҳо хабар доранд. Яке аз онҳо дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграмм навиштааст, ки интихобот барояш муҳим нест, чун: “Овозои мо бе фоида аст. Ҳама медонад, ки Тоҷикистон давлати демократӣ нест.”