Мактаббачагон: "Замин дар рӯйи фил аст ва меҷунбад..."

Ворисони мунаҷҷимони бузурги асрҳои миёна дар бораи замин ва коинот тасаввуроти торике доранд.
Дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дигар ситорашиносӣ ё астрономия, ки барои ниёкони тоҷикон ҳамчун илми нуҷум шӯҳрат дошта, ба сифати фанни алоҳида ва мустақил дарс дода намешавад.

Мудири Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми кишвар, Хурсанд Ибоддинов, бо камоли дареғ мегӯяд, масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон ба тақлид аз дигаргунӣ дар мактабҳои миёнаи Русия астрономияро аз барномаи таълимӣ берун кардаанд: «сад афсӯс, ки акнун фанни астрономия дар мактабҳо ба таври зарурӣ таълим дода намешавад. Астрономияро ҳамчун фанни мустақил аз барномаи таълимӣ берун кардароварданд. Қаблан астрономия дар доираи 34 соати таълими ва ду соати амалӣ таълим дода мешавад. Ҳоло бошад, астрономия дар қатори мавзӯи механика дар доираи фанни физика таълим дода мешавад.»

Ҷаноби Ибодинов афзуд, ки бар замми ин устодони физика фанни астрономияро хуб намедонанд, онҳо бештар мутахассиси физикаанд ва бино бар ин ба ҷои соатҳое, ки барои астрономия ҷудо шудаанд, фанни худ, яъне физикаро таълим медиҳанд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ин ҳолат сабаб шудааст, ки мактаббачаҳои тоҷик аз донишҳои астрономӣ канор монанд ва ин ҳам дар ҳоле ки онҳо дар дигар илмҳои дақиқ низ саводи кам доранд. Ҷаноби Ибодинов афзуд, ки аксари ҷавонон таҳти таъсири дин қарор гирифтаанд ва тасаввуроти онҳо низ дар бораи олам ва коинот аз он ҷо сарчашма мегирад: «дар китобҳои динӣ тасавуроти одамони ду ҳазор сол пеш дар мавриди коинот дарҷ ёфтааст. Масалан, ҳамон андешаи ғалати Арасту дар мавриди дар марказ қарор доштани сайёраи Замин, ки баъдан дар китобҳои «Таврот», «Инҷил» ва «Қуръон» дарҷ ёфт. Масалан, ҳастанд сураҳое дар бораи шамс, қамар, «азозилзида» ва мардум то ҳол бовар доранд, ки ҳамин сураҳоро қироат кунӣ, замин аз ларзидан бозмемонад. Сатҳи дониши мардуми мо дар бораи коинот дар сатҳи тасаввуроти асри 15-и кишварҳои Аврупо боқӣ мондааст.»

Дар ҳамин ҳол, Вайсиддин Исмоилов мутахассиси Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар ягон вақт дар мактабҳои Тоҷикистон астрономия чун фанни алоҳида таълим дода намешуд: «ҳоло фанни астрономия якҷо бо фанни физика дар мактабҳои миёна дар доираи 17 соат таълим дода мешавад. Вале барои хонандагони мактаб китоби таълимии алоҳидаи "Астрономия" таълиф ва нашр шудааст. Дар вақтҳои наздик таълими ин фан дар макотиби миёна ягон тағйир ворид карда нашудааст.»

Бо вуҷуди ин, бисёре аз донишмандон мегӯянд, дараҷи донишҳои астрономии мактабиён дар қиёс бо як даҳсола пеш хеле паст рафтааст. Барои як нигоҳи кӯтоҳ ба ин масъала наворбардори «Озодӣ» дар кӯчаҳои пойтахт тасаввуроти ҷавонони тоҷикро дар бораи сохтори олам, коинот ва системаи офтобӣ пурсон шуд. Натиҷаро дар ин навор бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пурсиш: Дар бораи сайёраи Замин чӣ медонед?