Даниел Рустамов: "Мехоҳам нишон диҳам, ки Тоҷикистон истеъдодҳои зиёд дорад". ВИДЕО

Даниел Рустамов. Акс аз бойгонӣ

"Дар рӯи саҳна эҳсос кун, ки ғолиб ҳастӣ. Тавре тарона бихон, ки пирӯз шудаӣ. Бурд ва бохт аз худи инсон вобастааст."

Маълум нест, ки дар даври навбатӣ мегузарам ё не. Вале интизорам, ки ягон муъҷиза мешавад ва ман ба финал роҳ меёбам. Албатта, аз ҳамватанонам вобастааст, ки чӣ қадар маро дастгирӣ мекунанд

Рустам Бегалиев, сокини шаҳри Душанбе, бо чунин маслиҳатҳо пеш аз ҳунарнамоии писараш Даниел дар барномаи бонуфузи телевизионии Русия, ӯро рӯҳбаланд ва ба ғолибият ташвиқ мекунад. Даниел Рустамов дар даври ниманиҳоии озмуни пуртарафдори "Голос"-и Русия қарор дорад. Се даври озмунро пушти сар кард ва аввалин ҷавони тоҷике шуд, ки то ба даври навбатии ин озмун расид.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даниел Рустамов: Интизори муъҷиза ҳастам

Аз "X-Factor"-и Украина то "Голос"-и Русия

Даври ниманиҳоии озмун рӯзи 28-уми декабр баргузор мешавад. "Ин давр бисёр ҷиддӣ аст ва то ҷое медонем, беҳтаринҳо рақобат мекунанд", - мегӯяд гуфт падари Даниел рӯзи 26-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Рустам Бегалиев ва Анора Ҷумъаева, волидони Даниел Рустамов

Падару модар мисли аксар дӯстдорони мусиқӣ дар Тоҷикистон бо эҳсос ва бесаброна интизори ин даври озмунанд ва хеле умед доранд, ки ин бор ҳам бахт ба рӯйи Даниел механдад. Волидон ҳар ҳунарнамоии ӯро пайгирӣ ва байни ҳам таҳлилу баҳогузорӣ мекунанд. Бегалӣ Рустамов мегӯяд, "ба ман бештар таронаи “Лейла” ва суруди охиринаш писанд омад. Бо як боварӣ ба рӯи саҳна омад, суруд хонд ва ба назди тамошобинон рафт. Дар саҳна ҳаракат мекард ва озод буд."

Даниели 23-соларо дар Тоҷикистон аксарият тавассути ҳунарнамоиаш дар лоиҳаҳои маъруфи мусиқии телевизионҳои Украина ва Русия шинохтанд. Қабл аз озмуни "Голос" ӯ дар лоиҳаи X-Factor-и Украина ва баъдан дар барномаи “Песни”-и телевизиони ТНТ рақобат дошт. Пас аз як талоши номуваффақ дар чанд соли пеш барои роҳ ёфтан ба баромаи "Голос", ӯ имсол ба ин лоиҳа қабул шуд.

Таваҷҷуҳ ба овозхонӣ, аз як мактаби Афғонистон

Даниел Рустамов ҳангоми наврасӣ

Бештар бо иҷрои оҳангҳо бо забони англисӣ ва ба вижа бо таронаҳои гурӯҳи роксарои Imagine Dragons шинохта шудааст. Ба гуфтаи волидон, нахустин оҳанги Даниел ҳам, ки дар як озмуни мактабӣ дар Афғонистон иҷро шудааст, бо забони англисӣ буд. Ба далели кори падар, хонаводаи Даниел, чанд сол дар Афғонистон зистанд ва ӯ дар онҷо як мактаби амрикоӣ таҳсил кардааст.

Анора Ҷумъаева, модари Даниел, мегӯяд, "бачаи хеле шӯх ва фаъол буд. Дар мактаб ба ӯ як нақш доданд ва бояд бо забони англисӣ суруд мехонд. Аз ҳамон ҷо, гӯё таваҷҷӯҳи ӯ ба фарҳанг шурӯъ шуд."

Даниел Рустамов моҳи ноябри соли 1995 дар хонаводаи пизишк дар Душанбе ба дунё омадааст. Волидон мегӯянд, забонҳои тоҷикӣ, русӣ, куриёӣ ва англисиро медонад. Падар мехост, ки Даниел табиб ё муҳандис шавад, вале нақшаҳои писар дигар буд. Пас аз хатми мактаби миёна Даниел як муддат дарси рақс омӯхт ва бо таъсиси як гурӯҳ дар тарабхонае дар Душанбе овозхонӣ мекард.

"Аз ҳамватанон вобастааст, ки ба пеш биравам ё биафтам"

Даниел Рустамов

Ҳоло донишҷӯи Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои Маскав аст. Даниел Рустамов рӯзи 26-уми декабр дар сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, барои иштирок дар даври навбатӣ омодагии ҷиддӣ мебинад ва интизори муъҷиза аст.

"Дар интихоби суруд каме мушкил доштам, ки ҳал шуд. Маълум нест, дар даври навбатӣ мегузарам ё не, вале интизорам, ки ягон муъҷиза мешавад ва ман ба финал роҳ меёбам. Ин, албатта, аз ҳамватанонам вобастааст, ки чӣ қадар маро дастгирӣ мекунанд", - афзуд ӯ.

Барои пирӯзӣ ва роҳ ёфтанаш то ба марҳилаи ниманиҳоии озмуни "Голос" Даниел бештар аз ҳама аз мардуме миннатдор аст, ки барои ӯ овоз доданд ва бо ин ӯро барои расидан ба орзуяш наздик карданд.

"Садояш ба таронаҳои хориҷӣ мувофиқ аст"

Аъзам Аҳруллоев

Натиҷаҳои ба дастовардаи Даниел ва истеъдоди ӯ бархе аз сокинони Тоҷикистонро ба иқдомҳои ҷолиб водор кард. Аъзам Аҳруллоев, соҳибкори тоҷик, тасмим дорад барои ӯ як пойафзоли арзишманде аз чарми тоза омода ва тақдим кунад.

Ҳунармандон ва мусиқишиносон ҳам мегӯянд, иштироки ҷавонони тоҷик дар барномаҳое ба мисли “Голос”, ки дар хориҷ аз кишвар намоиш дода мешавад, барои Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нест. Зафар Абдуалимов, овозхон ва продюсери тоҷик гуфт, то имрӯз ба озмуни “Голос” аз Тоҷикистон касе роҳ наёфта буд.

Вай афзуд, “овозаш барои таронаҳои хориҷӣ мувофиқ аст ва ба русҳо бисёр наздик аст ва онҳо ӯро қабул карданд. Ин боиси ифтихори мо аст. Ҳоло шонсу ғолибияташ дар давраҳои навбатӣ аз мо ва тоҷикони Русия вобастааст. Бояд дастгирӣ шавад.”

Зафар Абдуалимов

Озмуни “Голос” бояд то соли нав ё аввали моҳи январ ҷамъбаст шавад. Даниел ҳам аз тоҷикони Тоҷикистону дунё ҳоло ҳамин умедро дорад, ки дар даври навбатӣ аз ӯ ҳимояти бештар кунанд ва ӯ ба финал роҳ ёбад. "Мехоҳам нишон диҳам, ки Тоҷикистон афроди соҳибистеъдоду эҷодкори зиёд дорад ва обрӯи кишварро бардорем", - хулоса кард ин овозхони ҷавони тоҷик.